Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди ҶДММ «Қолинҳои Душанбе» дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
17 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисо 5-и ноҳияи Шоҳмансур барои бунёди корхонаи азими қолинбофӣ – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Душанбе” санги асос гузоштанд.
Аснои муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 1,5 миллион метри мураббаъ қолин мебошад. Барои истеҳсоли қолинҳо дастгоҳҳои қолинбофӣ аз ширкати машҳури “Вандевил”-и Шоҳигарии Белгия ворид карда хоҳанд шуд.
Дар корхонаи “Қолинҳои Душанбе” таҷҳизоте истифода мегарданд, ки назираш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нест ва маҳсулоти тавлидотӣ таъйиноти содиротӣ дошта, бо сифати олӣ истеҳсол хоҳад шуд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Қолинҳои Душанбе” аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, баъди ба истифода додани он 1000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Барои бунёди корхонаи мазкур 120 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд. Интизор меравад, ки ин корхонаи саноатӣ то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар иншоот бештар аз 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.
Ҳангоми шиносоӣ бо иқтидор ва тарҳу шакли корхонаи бунёдшавандаи истеҳсоли қолинҳо дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона дастур доданд, ки пеш аз ҳама, ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, сифати он ва тақвияти имконияти содиротӣ диққати махсус дода шавад. Зеро ин яке аз омилҳое мебошад, ки тавассути он метавон дар бозори дохил ва хориҷи мамлакат нуфузи корхонаро баланд бардошт. Дар ҳоле, ки талабот ба маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи мамлакат низ хеле зиёд аст, ба даст овардани эътимоди харидор ба сифати маҳсулот яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхона ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкоронро шоёни дастгирӣ арзёбӣ карда, бунёди корхонаи истеҳсоли қолинҳоро дар пойтахти мамлакат ба мақсадҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати амалисозии муваффақонаи ҳадафи муҳими стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини ҳарчи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ созгор арзёбӣ карда, ба масъулон дастур доданд, ки дар ҷараёни сохтмон ба сифати корҳо аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.