Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бинои Қасри фарҳангро мавриди истифода қарор доданд

9 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Қасри фарҳангро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нави соҳаи фарҳанг аз ду ошёна ибора аст. Он дар маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо усули муосири меъморӣ қомат афрохта, ба ҳусни ноҳия зебогии хоса зам мекунад.

Бинои қасри фарҳанг аз ҷумлаи иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба истиқболи 35-солагии Исиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Он бо харҷи 18,5 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Зимни шиносоӣ бо бинои Қасри фарҳанг ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот дар масоҳати 1 ҳазору 318 метри мураббаъ бунёд шудааст ва он аз толори бошукӯҳ бо 500 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, ҳуҷраҳо барои ҳунармандон, либосхона, ҷойи чиптафурӯшӣ, анбори декоратсияҳо ва ғайра иборат мебошад.

Ифтитоҳи Қасри фарҳанг боиси хушҳолии аҳли санъату ҳунари ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гардид, зеро акнун онҳо дар шароити замонавӣ кору фаъолиятро идома дода, метавонанд дар рушди бахшҳои алоҳидаи фарҳанги ҷумҳурӣ саҳмгузор бошанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар иншооти навбунёд аҳли фарҳангу санъати ноҳияро ба фаъолияти хубу пурсамар ҳидоят карданд. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ ва санъату ҳунари миллӣ дар замони бархӯрди тамаддунҳо хеле муҳим аст, зеро ҳастии миллату давлат ба рушди фарҳанг вобастагии калон дорад.

Дар атрофи Қасри фарҳанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои сабзкорӣ дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Ба иттилои масъулин дар ноҳия ба истиқболи ҷашни 35-cолагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду таъмири 203 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то имрӯз 118-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, кор дар иншооти боқимонда идома дорад.