Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-ро мавриди истифода қарор доданд

13 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Поҷеи поёни Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нави соҳаи маориф аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, минбаъд 780 хонанда метавонанд дар ду баст дар синфхонаҳои замонавии он таҳсил намоянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити муҳайёшуда баҳои баланд дода, наврасонро барои истифодаи босамар аз имконияти муосири таълимӣ, таҳсили намунавӣ ва дӯст доштани Ватан ҳидоят карданд.

Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои Пешвои миллат бо ташаббуси сокини ноҳияи Рашт Муҳиб Бобоҷонов дар якҷоягӣ бо фарзандони саховатпеша сохта шудааст.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ дар заминаи дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат имрӯз ҳар як сокини ҷумҳурӣ, аз ҷумла намояндагони бахши хусусӣ кӯшиш доранд, ки дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ва ояндаи дурахшони насли наврас саҳмгузор бошанд.

Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 дар асоси лоиҳаи муосир мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ сохта шуда, хонандагон метавонанд дар синфхонаҳои фанҳои химия, физика, биология, технологияи иттилоотӣ ва дигар синфхонаҳо илмҳои дақиқ омӯзанд.

Дар синфхонаи технология хонандагон бо истифода аз имконоти ҳозиразамон ҳунарҳои гуногунро аз овони мактабӣ аз худ мекунанд.

Инчунин барои омӯзиши касби дӯзандагӣ ва ҳунари пазандагӣ синфхонаҳои алоҳида барои духтарон пешбинӣ шудааст.

Дар таҳхонаи муассиса барои ба тамрини бадан машғул шудани хонандагон толори варзишӣ сохта шудааст. Ҳамзамон ҷавонону наврасон имкон доранд, ки дар назди муассиса дар майдончаи варзишӣ ба машқ машғул шаванд.

Масоҳати умумии ҳудуди бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 1,5 гектарро ташкил дода, саҳни муассиса чароғону сабзикорӣ шуда, дар он мутобиқ ба талабот барои фароғати таълимгирандагон имконият фароҳам гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст баҳои баланд дода, омӯзгоронро ба истифодаи самарабахш аз имконияти мавҷуда ва дар руҳияи худшиносӣ ба камол расонидани наврасон ҳидоят намуданд.

Имсол ба хотири баланд бардоштани сифати таълими забони англисӣ дар ноҳияи Рашт 15 нафар омӯзгорони ҷавон аз дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷалб карда шудаанд.

Бо роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон уҳдадорӣ гирифтанд, ки дар деҳаи Поҷеи поён як муассисаи томактабӣ барои 300 нафар ҳам бунёд менамоянд.

Бо раҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкор Муҳиб Бобоҷонов дар корҳои ободонии ноҳияи Рашт, аз ҷумла бунёди роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимӣ, овардани оби нӯшокӣ саҳмгузорӣ намудааст. Роҳи деҳаи Поҷеи поён бо дарозии зиёда аз 5 километр низ аз ҷониби онҳо асфалпӯш карда шудааст.

Ҳамзамон соҳибкорон бо ҳидояти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон уҳдадорӣ гирифтанд, ки тавассути бунёди меҳмонхонаву осоишгоҳҳо дар ноҳияи Рашт, аз ҷумла дар дараи овозадори Камароб саҳмгузор мешаванд.