Пешвои миллат як қатор қонунҳоро ба имзо расонданд
Имрӯз аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон онҳоро қабул ва Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуд.
Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади мувофиқ гардонидани санадҳои зикргардида ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаффоф гардонидани раванди интихоботи Президент, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон таҳия гардидаанд.
16 январи соли 2018 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба имзо расид.
Ҷиҳати иҷрои ин Фармон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» таҳия ва қабул гардидааст.
Мувофиқи ин Қонун ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ду сол мораторий эълон карда мешавад. Дар давраи мораторий амали як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки салоҳиятҳои мақомоти санҷишро муайян менамоянд, боздошта мешавад. Ҳамзамон санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои давраи мораторий баъди гузаштани муҳлати мораторий низ ба истиснои ҳолатҳои дар боло зикргардида манъ карда мешавад.
Мувофиқи ин Қонун рӯйхати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба соҳаи истеҳсолӣ мансубанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод карда шуда, ин Шӯро қарорро дар хусуси ворид намудани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ба Феҳристи субъектҳои дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолияткунанда қабул менамояд. Дар асоси ин қарор мақоми ваколатдор вазифадор аст, дар давоми на дертар аз се рӯз ин шахсро ба Феҳристи субъектони дар соҳаҳои истеҳсолӣ фаъолияткунанда дохил намояд.
Мақсади эълон намудани мораторий дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ буда, он барои таҳкими иқтидори саноатию содиротии ҷумҳурӣ, кам кардани санҷишҳо ва фароҳам овардани фазои мусоид ба рушди соҳибкорию сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ равона карда шудааст.
Ҳамзамон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастурҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 декабри соли 2017 зикргардида ба Кодекси андоз ва Кодекси гумруки Тоҷикистон низ тағйирот ворид карда шуданд.
Мувофиқи тағйироти ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, воридоти техникаи таъйиноти кишоварзӣ, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво, ашёи хом барои истеҳсоли либоси мактабӣ ба корхонаҳое, ки рӯйхати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, аз пардохти боҷҳои гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.
Ҳамчунин мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Кодекси андоз воридгардида ба субъектони соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, фурӯши либосҳои шакли ягонаи мактабӣ ва томактабии истеҳсоли ватанӣ, воридоти ашёи хом барои истеҳсоли либоси мактабӣ ва таҳвили маводи дорувории истеҳсоли ватанӣ, воридоти техникаи кишоварзӣ мувофиқи номгӯй, воридоти маводу лавозимот барои истеҳсоли доруворӣ, воридоти технологияи навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони ташхису табобат, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ ва ё ҳангоми ворид намудани молҳо бевосита барои эҳтиёҷоти худи корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаи хӯроки омехтаи паранда ва чорво аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд.
Мувофиқи тағйироте, ки ба моддаи 313 Кодекси андоз ворид карда шуд, имтиёзҳои андозии дар ин модда барои корхонаҳои навтаъсисе, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ пешбинӣ гардида буданд, нисбат ба корхонаҳои амалкунандае, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ машғуланд, низ паҳн мегардад.
Дар баробари ин корхонаҳои парандапарварӣ ва корхонаҳои истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво ба муҳлати шаш сол аз супоридани андоз аз фоида, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард ва андоз аз молумулки ғайриманқул озод карда мешаванд.
Дар баробари имтиёзҳои андозӣ дар Кодекси андоз як қатор тағйирот ворид гардиданд, ки ба ҳимояи ҳуқуқҳои соҳибкорон ва барои рушди соҳибкорӣ мусоидат менамоянд. Аз ҷумла, гузаронидани назорати камералӣ барои давраҳои санҷишҳои маҷмӯиву мавзӯии гузаронидашуда, такроран гузаронидани назорати камералӣ, инчунин зиёда аз як маротиба дар шаш моҳ гузаронидани назорати камералӣ манъ карда мешавад. Дар мавридҳои истисноӣ назорати камералӣ бо супориши хаттии роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ гузаронидан мумкин аст.
Мувофиқи иловаи ба моддаи 81 ҳамин Кодекс воридгардида, санадҳо ва қарорҳои мақомоти андоз, ки бар хилофи талаботи Кодекси мазкур ҳисоб, таҳия ва қабул гардида, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро маҳдуд ё манъ менамоянд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он” асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди онро муайян намуда, талабот ба сифати ғалла, тайёр кардани ғаллаи озуқавӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидоре, ки ба муомилоти ғалла ва маҳсулоти коркарди он машғуланд, воридот ва содироти ғалла ва маҳсулоти коркарди он, инчунин дигар масъалаҳои ба муомилоти ғалла вобастаро танзим менамояд.
Қонунҳои ба имзорасида ба дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, танзими бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, ташкили ҷойҳои кории нав ва беҳдошти зиндагии мардум равона карда шудаанд.
Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.