Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои навбунёди Қасри фарҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

12 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бинои навбунёди Қасри фарҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Қасри фарҳанг ҳамчун иншооти ҷашнӣ дар доираи истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Тоҷикобод бо тарҳи зебову муосир ва санъати баланди меъморӣ сохта шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бинои дуошёнаи Қасри фарҳанг аз 12 ҳуҷра ва толори асосӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, маъмурият, омӯзишӣ ва дигар барои ҳунармандону кормандони шуъбаи фарҳанг иборат мебошад.

Толори асосӣ, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, дорои 500 ҷойи нишаст буда, барои тамрину омодагии ҳунармандон ва баргузории ҷашну чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ бо тамоми шароиту имконоти муосир муҷаҳҳазонида шудааст.

Сохтмони иншооти мазкур моҳи октябри соли 2018 оғоз ёфта, бо маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Саховат 2005” бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Сақфу деворҳои толори барҳавои иншоот бо назардошти эҳёи ҳунару анъанаҳои волои миллати тоҷик бо санъати меъмории миллӣ ва ҳунари гаҷкорию наққошӣ оро дода шуда, чароғҳои ранга ва қандилҳои зебо ҳусни иншоотро шаҳомати хоса мебахшанд.

Бинои навбунёди қасри фарҳанг, ки бо тамоми инфрасохтори зарурӣ таъмин аст, барои аҳли фарҳанг ва сокинони ноҳияи Тоҷикобод дастоварди беназири фарҳангӣ дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дониста мешавад.

Аҳли фарҳанг ин туҳфаи арзишманди навбатии Роҳбари давлатро дар рӯзҳои истиқбол аз Истиқлоли кишвар бо хушнудӣ ва арзи эҳтирому миннатдорӣ пазируфтанд.

Дар идомаи боздиди Сарвари давлат аз иншоот барномаи консертии ҳунармандони ансамбли тарона ва рақси “Баёзи кӯҳистон” пешкаш гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҳунару истеъдоди аҳли фарҳангро дар ташаккул ва рушди худшиносиву худогоҳии аҳли ҷомеа муҳим арзёбӣ намуданд.

Шафати роҳравҳои қисмати берунии бинои Қасри фарҳанг бо шинонидани гулҳои гуногунранги мавсимӣ ва ниҳолҳои ҳамешасабз оро дода шуда, ҳамчунин барои сокинон нишастгоҳҳои фараҳбахш низ гузошта шудааст.

Намои берунии иншооти мазкур бо равшаннамоии хоса низ муҷаҳҳаз буда, шабонгаҳ ба ҳусни зоҳирии шаҳраки ноҳия зинати бештар мебахшад.