Президенти Тоҷикистон: «Камборишу хушк омадани тирамоҳу зимистони имсола моро водор месозад, ки тамоми имкониятро самаранок истифода намоем»

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон камборишу хушк омадани тирамоҳу зимистони имсола моро водор месозад, ки истифодаи самараноки тамоми имконияту воситаҳоро таъмин намоем. Яъне, имсол бо истифода аз тамоми имконияту воситаҳо гузаронидани кишти такрории пайваста ва гирифтани 3-4 ҳосил бояд таъмин шавад. Чунин изҳор доштанд 24 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ  дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки ҳарчанд  соли 2023 фаровонии бозори истеъмолӣ ва муътадилии нархҳо таъмин гардид, вале бо назардошти тамоюлҳои манфии иқтисоди ҷаҳон ва пайомадҳои тағйирёбии иқлим ҳифзи амнияти озуқаворӣ минбаъд низ ҳамчун вазифаи муҳим боқӣ мемонад.

Бо мақсади амалисозии фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, таъмин намудани бозори истеъмолӣ ва коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, Бонки миллӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки дар ин самт мунтазам чораҷӯйӣ намоянд.

Президенти мамлакат  ин сохтору мақомотро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда тадбирҳои иловагии пешгирикунанда андешида, муътадилии нархҳоро дар соли равон таъмин намоянд.