Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Насли ҷавонро бояд дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ба камол расонд!»
Тайи солҳои 1997-2016 дар ноҳияи Ҷайҳун тавассути дастгирии давлат, инчунин бо кумаки соҳибкорон даҳҳо бинои нави таълимӣ ва 271 синфхонаи иловагӣ бунёд карда шуда, дар маҷмӯъ, барои беш аз 7200 ҳазор нафар хонанда шароити мусоиди таълим фароҳам оварда шудааст. Ин нуктаро Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон баён доштанд.
Пешвои миллат таъкид карданд, ки дар давоми 4-5 соли оянда дар доираи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 дар ноҳияи Ҷайҳун бунёду навсозии 24 муассисаи таълимӣ бо зиёда аз 10 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии 45 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Лекин то имрӯз дар сатҳи паст қарор доштани сатҳу сифати дониши хонандагон, пурра фаро гирифта нашудани духтарон ба зинаи таҳсилоти умумӣ, сатҳи нокифояи таъминот бо омӯзгорони фанҳои дақиқ ва иҷро нагардидани Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 дар ноҳия боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Бо зикри зарурияти дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ба камол расонидани насли ҷавон Пешвои миллат таъкид намуданд, ки тақвияти корҳои тарбиявӣ дар байни хонандагон, дар зеҳну шуури ҷавонон бедор кардани нангу номуси миллӣ, ҳисси ватанпарварӣ ва ҳимояи онҳо аз гароиш ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ аз ҷумлаи масъалаҳои ҳалталаби рӯз мебошад. Дар ин росто Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки ба масъалаҳои таълиму тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сифати таълим эътибори ҷиддӣ дода, ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла дар самти иҷрои барномаи зикршуда, таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо технологияҳои муосири иттилотиву коммуникатсионӣ ва бартараф намудани таҳсили хонандагон дар се баст тадбирҳои иловагӣ андешанд.