Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои Раёсати молияро дар ноҳияи Ишкошим ифтитоҳ намуданд
13 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим бинои нави хуштарҳу замонавии Раёсати молияро дар ноҳия ифтитоҳ намуданд.
Иншооти мазкур бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар он шароити корӣ барои фаъолияти босамари кормандони соҳаи молияи ноҳия муҳайё гардидааст.
Бинои нави Раёсати молия дар ноҳияи Ишкошим аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи 3,4 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Бино дорои 7 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ҳуҷраҳои он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Раёсати молия дар ноҳияи Ишкошим моҳи сентябри соли 2023 оғоз гардида, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фараҳноз» бо сифати баланди меъморӣ ба анҷом расонида шудааст.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти корӣ дар бинои нави Раёсати молияи ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандонро барои татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши технологияи муосири низоми молиявӣ вазифадор намуданд.
Бино бо таҷҳизоти махсуси гармидиҳӣ таъмин мебошад.
Дар атрофи бино корҳои ободонӣ анҷом дода шуда, гулу бутта ва дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ атрофи онро зиннат бахшидаанд. Намои берунаи бино мувофиқ ба талаботи замони муосир оро ёфта, қомат афрохтани он ба ҳусни маркази ноҳия зебоӣ зам кардааст.
Ҳайати кормандони ин ниҳоди муҳими давлатӣ аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти нав ба Ҳукумати кишвар, махсусан ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосу миннатдорӣ баён намуданд.