Президенти феълии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ ягона номзад дар интихоботи навбатии вазифаи раиси ин созмон аст. Дар ин бора сомонаи расмии CAFA хабар медиҳад
Рӯзи 2 май дар Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Бинобар иттилои сомонаи расмии CAFA, тибқи моддаи 31-и Оинномаи созмон дар Конгресси ҳаштум интихоботи роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои давраи чорсолаи нав (2023-2027) баргузор мешавад.
Дар Конгресс президент, ду ноиби президент, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад, инчунин як узви Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва як зан узви Кумитаи иҷроия интихоб хоҳанд шуд.
Номзад ба президенти CAFA (муҳлат барои чаҳор сол – 2023-2027):
1. Рустами Эмомалӣ (Тоҷикистон).
Номзадҳои ноиби президенти CAFA:
1. Муҳаммад Юсуф Коргар (Афғонистон).
2. Арслан Айназаров (Туркманистон).
3. Равшан Ирматов (Ӯзбекистон).
Номзад ба узвияти Кумитаи иҷроияи КФО, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад:
1. Достонбек Конокбоев (Қирғизистон).
Номзад ба узвияти Кумитаи иҷроияи CAFA:
1. Ҳидоят Момбенӣ (Эрон).
Номзади зан ба узвияти Кумитаи Иҷроияи CAFA:
Нест.