Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави Америка, Туркия, Қатар, Молдова, Ирландия, Португалия, Кипр, Чили, Уганда ва Зеландияи Нав эътимоднома қабул намуданд
9 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори кишварҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.
Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Штатҳои Муттаҳидаи Америка Мануел Микаллер, Туркия Умут Аҷар, Давлати Қатар Муборак Абдураҳмон Муборак ал-Наср, Ҷумҳурии Молдова Лилиан Дарий, Ҷумҳурии Ирландия Брайан Макэлдафф, Португалия хонум Мария Мадалена Лобу Карвалю Фишер, Ҷумҳурии Кипр Кипрос Йоргалис, Ҷумҳурии Чилӣ Эдуардо Эскобар, Ҷумҳурии Уганда Муҳаммад Тезикуба Кисамбира ва Зеландияи Нав хонум Сари Мэри Уолш эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ин маснади сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳа байни давлатҳо хоҳад гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки давлати мо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бо доираи васеи ҷомеаи олам ҳамкории судманду баробарҳуқуқро дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба роҳ монда, пайгирона густариш медиҳад.
Сарвари давлат изҳори умед карданд, ки мамлакатҳои мо бо такя ба ғояҳои волои умумибашарӣ минбаъд низ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди худро боз ҳам тақвият бахшида, густариш хоҳанд дод.
Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Консепсияи сиёсати хориҷии худ ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва пешбурди ҳамкории судманд бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон кӯшишҳои пайваста ба харҷ медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Туркия, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Ирландия, Португалия, Ҷумҳурии Кипр, Ҷумҳурии Чили, Ҷумҳурии Уганда ва Зеландияи Нав андешаронӣ карданд.
Президенти мамлакат омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардонидани мазмуну муҳтавои муносибатҳои давлатҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ки дорои зарфияти зиёди ҳанӯз истифоданашуда мебошанд, таъкид намуданд.
Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ҳалли мушкилоти обу иқлим изҳори сипос карда, бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуданд ва омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба дар иҷрои рисолати дипломатиашон иброз доштанд.