Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори якчанд давлати хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
23 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави фавқулода ва мухтори якчанд давлати хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд.
Зимни маросим ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулода ва мухтори Туркманистон Аймурад Кочмурадов, Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиризо Ҳақиқиён, Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар, Ҷумҳурии Федеративии Олмон Йорк Шуграф, Ҷумҳурии Фаронса хонум Элза Пинёл, Конфедератсияи Швейтсария Салман Бал, Муғулистон Доржийн Баярхуу, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам хонум Фам Тхай Нии Май, Ҷумҳурии Филиппин хонум Мария Агнес Магласанг Сервантес ва Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея Син Хон Чхол эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти давлатҳои хеш тақдим намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати таъйин гардиданашон ба ин маснади сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фаъолияти самараноки онҳо омили муассири рушду таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунсоҳа байни давлатҳо хоҳад гардид.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон рушду таҳкими пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судмандро бо давлатҳо ҷузъи таркибии сиёсати хориҷии худ медонад, ки он дар асоси усули “дарҳои кушода” амалӣ мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати густаришу тавсеаи ҳамкории давлатҳо дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба таъкид намуданд.
Президенти мамлакат зимни суханронӣ дар маросими супоридани эътимодномаҳо оид ба имконоти давлатҳо барои рушди муносибатҳо дар бахшҳои афзалиятноки сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳои барои ҷонибҳо судовар андешаронӣ намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Фаронса, Конфедератсияи Швейтсария, Муғулистон, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Ҷумҳурии Филиппин ва Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз идомаи ҳамёрӣ бо давлатҳо дар самтҳои ҳамкорӣ дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид истиқбол менамояд.
Президенти мамлакат омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати бо иқдомҳои мушаххас ғанӣ гардонидани мазмуну муҳтавои муносибатҳои давлатҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, ки дорои зарфияти зиёди ҳанӯз истифоданашуда мебошанд, таъкид намуданд.
Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барору комёбӣ орзу намуданд ва омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба дар иҷрои рисолати дипломатиашон иброз доштанд.