Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал мулоқот намуданд
5 июн дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Раёсати Фонди байналмилалии наҷоти Арал мулоқот намуданд.
Дар оғози суханронии худ Пешвои миллат иштирокдорони вохӯриро хайрамақдам гуфта, онҳоро бо 30-юмин солгарди таъсисёбии Фонди байналмилалии наҷоти Арал табрику таҳният намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки Фонд дар давраи гузашта аҳамияти худро ҳамчун иттиҳодияе, ки барои ҳалли мураккаби маҷмӯи мушкилоти экологӣ ва ҳам иҷтимоию иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, равшан нишон дод. Инчунин дар фаъолияти амалии Фонд масъалаҳои об ва бисёр мушкилоти экологӣ ва иҷтимоию иқтисодии минтақаи мо ҳалли худро пайдо кард.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар давраи раёсат дар Фонд барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯ ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар чаҳорчӯби он тамоми талошҳоро ба харҷ медиҳад.
Сарвари давлат нақши муҳими Раёсатро дар рушди муносибатҳои байнидавлатӣ тазаккур дода, аҳамияти қарорҳои қабулкардаи Раёсатро ҷиҳати таҳкими ҳамкории байни кишварҳои минтақа дар ҳалли масъалаҳои мубрами идоракунии об ва мушкилоти экологӣ таъкид намуданд.
Бояд гуфт, ки дар доираи ҷаласаҳои раёсати Фонд Барномаи чоруми ҳавзаи баҳри Арал ва Барномаи минтақавии экологии рушди устувори Осиёи Марказӣ қабул карда шуд.
Дар мулоқот инчунин масъалаи ҷоннок намудани кор бо саҳмгузорон ва шарикони рушде, ки ба Фонд таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, таъкид карда шуд.
Таъкид гардид, ки Фонд дар Конфронси таърихии Созмони Милали Муттаҳид оид ба об дар моҳи марти соли ҷорӣ фаъолона иштирок намуд.
Тавре маълум аст, ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обу энергетика низ таҳти таваҷҷуҳи доимии сарони давлатҳои минтақа қарор дорад.
Аз ин рӯ зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба талошҳову ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, афзоиши шумораи аҳолии минтақа, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишварҳо, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва дигар масоили марбут ба обу иқлим, андешаронӣ намуданд.
Пешниҳод гардид, ки бояд ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи об ва усулҳои обёрӣ, инчунин ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкориҳо дар ин самт тақвият бахшида шавад.
Айни замон ҷаҳон бо таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ аст, ки дар баробари тағйирёбии иқлим ва дигар офатҳои табиӣ вазъи кунунии минтақаро душвор мегардонад. Ин беш аз ҳарвақта аз кишварҳои минтақа муттаҳидӣ ва муборизаи муштарак бо ин таҳдиду хатарҳоро тақозо мекунад.
Дар охир изҳори итминон карда шуд, ки Ҷаласаи 5-уми Машваратии Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал, ки 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, барои муттаҳидӣ дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба об ва ҳамгироии кишварҳои минтақа ҷиҳати таҳкими нақши Фонд дар ин раванд саҳми арзанда хоҳад гузошт.