Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
5 октябр суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев доир гардид.
Президенти Узбекистон Пешвои миллатро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику муборакбод намуда, бо таманниёти нек ба Сарвари давлати мо саломатии қавӣ ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин орзу намуданд.
Зимнан, муҳтарам Шавкат Мирзиёев саҳми беназири Пешвои миллатро дар таҳкими пояҳои давлатдории мардуми Тоҷикистон, нуфуз ва мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба таври хосса таъкид карданд.
Дар идомаи суҳбат аз сатҳи баланди муносибатҳои имрӯзаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ҳолат ва дурнамои робитаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ намуданд.
Ҳарду ҷониб омодагии худро барои татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои то имрӯз бадастомада, ҳамчунин, саъю талошҳои муштараки минбаъда ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани муносибатҳои кишварҳои мо бо мазмуну муҳтавои нави амалӣ иброз намуданд.