Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои ҳамоиши Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба рушди равандҳои мусбат дар минтақаи мо мусоидати муассир хоҳад намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи рушди муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки бо риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ҳампайванданд, таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ, бахусус дар сатҳи олӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба мавзуъҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.