Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.
Дар ҷараёни суҳбат роҳбарони ду давлат дар фазои дӯстӣ ба муносибати фарорасии иди мубораки Фитр бо таманниёти некӯаҳволӣ, сулҳу субот ва шукуфоӣ унвонии мардумони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубодилаи табрикоти самимӣ намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо изҳори қаноатманди раванди рушди босуръати муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар сиғаи шарикии стратегӣ таъкид карданд.
Дар ин зимн ҷонибҳо ҷиҳати боз ҳам ғанитар гардидани онҳо бо мазмуну мӯҳтавои нави амалӣ дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ, ки баргузориашон дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, изҳори итминон намуданд.
Дар рафти суҳбат ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардиданд.
АМИТ «Ховар»