Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
10 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.
Дар кори машварат натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар се моҳи соли 2024, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари навбатии кориро ба якчанд шаҳру ноҳияҳои вилоят натиҷагирӣ намуда, оид ба нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва вазъи зудтағйирёбандаву мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки вазъияти ҷаҳони муосир ҳар яки моро водор менамояд, ки аз ҳарвақта дида, бештар фаъолият намоем ва барои пешгирӣ кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллӣ тамоми захираву имкониятро истифода барем.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба иқтисодиёти мамлакати мо, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ идома дошта, илова бар ин, шиддат гирифтани низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни дунё низоми муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла иқтисоди миллии моро таҳти таъсир қарор дода истодааст.
Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки мардум бо истифода аз табиати мусоиди мамлакат тамоми захираву имкониятро ба ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ҷалб созанд ва истифодаи самараноки онҳо, хусусан обу заминро таъмин намоянд.
Вилояти Суғд дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат нақши муҳим дошта, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти растанипарварии ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз ва маҳсулоти чорводорӣ 28,7 фоизро ташкил медиҳад.
Баъди таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Суғд ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла коҳиши ҳосилнокии якчанд зироати кишоварзӣ ва боғҳо Сарвари давлат ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва масъулини соҳа дастуру супоришҳо доданд.
Президенти мамлакат хотирнишон намуданд, ки солҳои охир бинобар омилҳои пешгӯинашаванда, бахусус тағйирёбии бесобиқаи иқлим ва оқибатҳои ногувори он — камобиву хушксолӣ, инчунин болоравии нархи маҳсулоти озуқа таъминоти аҳолӣ бо маводи ғизоӣ торафт мушкил гардида истодааст.
«Чунин ҳолат моро водор месозад, ки дар ҳамаи сатҳҳо, аз ҳар як оила сар карда, то муассисаҳои иҷтимоӣ ва хоҷагиву корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем», — таъкид карданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Тибқи мушоҳидаву таҳлилҳо, соли 2024 ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нигоҳи таъминот бо маводи ғизоӣ нисбат ба солҳои гузашта бо вазъияти боз ҳам мушкилу вазнинтар рӯ ба рӯ мегардад. Имрӯз сокинони беш аз 90 кишвари дунё аз мушкилоти қаҳтиву гуруснагӣ азият мекашанд.
Бо назардошти ин омилҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, тамоми хизматчиёни давлатӣ, фаъолон ва умуман аҳли ҷомеаро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ баҳри иҷрои дурнамои кишти зироат, истифодаи самараноки об ва ҳар ваҷаб замин чораҷӯӣ намоянд.
Президенти мамлакат зиёд намудани майдони кишт, гузаронидани кишти такрорӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани рушди устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро барои таъмини бозори истеъмолии мамлакат, соҳаи саноат бо ашёи хом ва афзоиши содироти маҳсулот аз масъалаҳои муҳимтарин дар самти ҳалли ин мушкилот номиданд.
Ба Вазорати кишоварзӣ, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки ҷиҳати тезонидани суръати кишти баҳории зироат, сари вақт ба анҷом расонидани он ва иҷрои нақшаи кишти такрорӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, масъалаи таъмин намудани хоҷагиҳоро бо тухмии аълосифати картошкаю сабзавот ва дигар намуди зироат зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Соли 2023 аз сабаби мушкилоти пойгоҳҳои обкашӣ ва норасоии обёрии заминҳо дар бахши хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии вилояти Суғд кишти пахта нисбат ба соли 2022 9 ҳазор гектар ва кишти картошка 2,3 ҳазор гектар таъмин нагардид.
Аз ин лиҳоз, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар вазорату идораҳо вазифадор гардиданд, ки барои ислоҳи камбудиҳои соли сипаригардида чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки ҷиҳати оқилонаву самаранок истифода гардидани заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ, гузаронидани кишти такрорӣ, захира намудани маводи ғизоӣ ва омодагии ҳамаҷониба барои давраи тирамоҳу зимистон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ васеъ ба роҳ монанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки давоми ду-се соли охир дар вилоят сохтори кишти зироат риоя нагардида, дар заминҳои обӣ тамоюли зиёд кишт гардидани гандум ва юнучқа ба назар мерасад.
Аз ин рӯ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки бо мақсади таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо маҳсулоти ғизоӣ кишти зироати баҳориро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом дода, риояи таркиби сохтори кишт ва иҷрои нишондиҳандаҳои дурнаморо таъмин намоянд.
Ҳамчунин роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки ҷиҳати пешгирӣ кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин тадбирҳои қатъӣ андешанд.
Бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят барои солҳои 2021 — 2025-ум 237 лоиҳа ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст ва то имрӯз дар доираи 57 лоиҳа корҳо ба маблағи 6,6 миллиард сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Иҷрои барнома дар самти аз худ намудани маблағҳо бо назардошти имконияти вилоят ва кам мондани муҳлати татбиқи барнома қонеъкунанда нест.
Бо назардошти ин вазъ Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки ҷиҳати самаранок ва босифат татбиқ намудани барномаҳои қабулгардида ҳамкориро бо вазорату идораҳо, шарикони рушд ва соҳибкорону сармоягузорон таҳким бахшида, иҷрои саривақтии онҳоро таъмин намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он ҳамчунин вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати сари вақт ва пурра ҷамъоварӣ намудани андозҳо, иҷрои босифати нақшаи онҳо, кам кардани бақияпулии андозҳо ва роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи саноат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 6,1 миллиард сомонӣ расида, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2023 ҳамагӣ 6 фоиз зиёд шудааст, ки ба ҳадафи саноатикунонии босуръати мамлакат мутобиқ нест.
Суръати рушди нишондиҳандаи мазкур дар ин давра 4,1 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст. Боиси нигаронист, ки дар ин давра дар ҳудуди вилоят 29 корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондааст. Ҳамчунин дар ин давра дар вилоят 20 корхонаи саноатӣ барҳам хӯрдааст. Таъкид гардид, ки имконияти истифоданашудаи вилоят дар самти рушди саноат, махсусан саноати истихроҷ ва коркард ниҳоят зиёд аст.
Ҷиҳати пурра истифода намудани онҳо ташаббускории роҳбарону масъулони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, вазорату идораҳои соҳавӣ, ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ва воридоти технологияҳои пешқадам зарур шумурда шуд.
Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав сабабҳои барҳам хӯрдани корхонаҳои саноатӣ ва таъмин нагардидани рушди истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳои азими саноатиро ҳамаҷониба омӯхта бароянд.
Пешвои миллат зарур шумурданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бахусус дар соҳаҳои коркард тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки барои бо иқтидори пурра фаъолият намудани корхонаҳои истихроҷ, истифодаи самараноки конҳои маъдан ва то маҳсулоти тайёр коркард намудани маъдан тадбирҳои қатъӣ андешанд.
«Тавассути афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, хусусан молҳои ивазкунандаи воридот мо метавонем бозори дохилиро бо маҳсулоти хушсифат ва безарар таъмин намуда, пеши роҳи воридоти ҳар гуна маҳсулоти пастсифат ва зараровари хориҷиро гирем», — изҳор доштанд Сарвари давлат.
Бо назардошти чунин вазъ, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук, роҳбарияти вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳо ва дигар мақомоти дахлдор вазифадор карда шуданд, ки барои вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва кам кардани воридоти он чораҷӯӣ намоянд.
Таъкид гардид, ки дар ин раванд ба масъалаи ҷалби ҳарчи бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, воридоти технологияҳои нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифати рақобатнок бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад.
Дар соли 2023 ба вилояти Суғд беш аз 6 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 32,8 фоиз кам мебошад. Воридоти сармояи мустақим дар ин давра 71,3 фоиз коҳиш ёфтааст.
Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки ҷалби сармояи мустақими хориҷиро боз ҳам тақвият бахшида, имконияти сармоягузории вилоятро ҳарчи бештар муаррифӣ намоянд ва барои фаъолияти сармоягузорон шароити мусоид фароҳам оваранд.
Ҳамчунин ба роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва Вазорати маориф ва илм супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳалли якчанд мушкилоти дар муассисаҳои таълимӣ ва умуман соҳаи маориф ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Зарур шумурда шуд, ки дар ин самт ҳамкориро бо шарикони рушд ва бахши хусусӣ вусъат бахшида, ҷиҳати ҷалби сармоя барои бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла ташкили муассисаҳои хусусӣ чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.
Соли 2024 дар вилоят бунёду навсозии 132 муассисаи соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 27 маркази саломатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, марказҳои саломатии деҳот, бунгоҳҳои саломатӣ, беморхонаҳо ва дигар муассисаҳои тандурустӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор карданд, ки доир ба бартараф намудани норасоии табибон ва кормандони миёнаи тиб дар муассисаҳои тандурустӣ, фароҳам сохтани шароити хуби корӣ барои кормандон ва рафъи дигар камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Президенти мамлакат ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, фарҳанг ва Кумитаи рушди сайёҳӣ супориш доданд, ки ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва муаррифии он дар чорабиниҳои дохилӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани фаъолият дар самти сайёҳӣ ва назорати корҳои ободониву бунёдкорӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки ба масъалаи ободу сабзкории шаҳру ноҳияҳо, тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як хонаву кӯча ва маҳалли зисти аҳолӣ, ташкили иншооти сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳунармандӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ эътибори боз ҳам бештар дода шавад.
Илова бар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки ҷиҳати сабзазоркунии шафати роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, ниҳолшинонӣ ва васеъ намудани майдони дарахтони сояафкану мевадиҳанда чораҳои амалӣ бинанд.
Бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бунёду барқарорсозии 12 ҳазор иншооти таъйиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз аввали амалишавии нақшаи чорабиниҳо то ба имрӯз зиёда аз 5,5 ҳазор иншоот бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шудааст, ки беш аз 46 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш доданд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаҳои пешбинигардида, инчунин риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмон ва санъати баланди меъморӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Таъкид гардид, ки вазъи риояи меъёрҳои диниву мазҳабӣ, мафкуравию эътиқодӣ ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ, аз ҷумла қонун дар бораи танзими расму ойинҳо дар вилояти Суғд ташвишовар мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин 9 март дар назди роҳбарияти вилоят ва фаъолон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Роҳбарону фаъолон дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои пешгирӣ кардани қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани вазъи ҷомеа масъулу ҷавобгар шумурда шуданд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар ин масъалаҳо ба муросокорӣ, дурӯягӣ ва фориғболӣ набояд роҳ дода шавад.
Инчунин ба ободкориву созандагӣ, бунёди иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ, ҳарчи бештар таъсис додани ҷойҳои нави корӣ барои ҳамдиёрон ва бо ҳамин роҳ паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар кардани мардум, аз ҷумла соҳибкорон низ масъулин вазифадор шуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон карданд, ки имсол барои мамлакати мо соли таърихӣ- 30-солагии қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад ва мо бояд ин санаи муҳимми таърихиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол намоем.
Дар ин раванд баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии мардум ва ба онҳо фаҳмонидани зарурати зиндагиву кор кардан танҳо дар доираи қонун вазифаи муҳимми роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар роҳбарону фаъолон ва аҳли зиё дониста шуд.
Дар фароварди суханронӣ Сарвари давлат зарур шумурданд, ки ҳар рӯз ба хотири вусъат бахшидани раванди ободонии Ватан ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самаранок истифода шавад.
Баъдан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ва масъулини сохторҳои ҷумҳуриявӣ ҳисобот доданд.