Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёниро ба ҳузур пазируфтанд
18 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ризо Оштиёниро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба равобити Тоҷикистон ва Эрон ва дар ин зимн ҳамкории ду давлат дар соҳаи таъмини амният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо бо ишора ба шиддат гирифтани таҳдид ва хатарҳои муосир зарурати таҳкими ҳамкориро дар самти муқовимат ба зуҳуроти онҳо, ба монанди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуданд.
Ду давлат аз тавсеаи фаъолияти абзорҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, ҳамчунин татбиқи ҳамаҷонибаи санадҳо ва мувофиқаҳои дар ин соҳа ҳосилгардида ҷонибдорӣ намуданд.