Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ иштирок намуданд
Нашр шуд. Шан, 11/11/2023 - 22:19
11 ноябр дар пойтахти Подшоҳии Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.