Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» иштирок ва суханронӣ намуданд
22 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарикони Тоҷикистон — ЮНЕСКО, Ташкилоти ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва Бонки ҷаҳонӣ барои ҳамкории судманд дар ташкили ин чорабинӣ изҳори сипос намуданд.
Таъкид гардид, ки чорабинии имрӯза қадами аввал дар роҳи татбиқи қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ба шумор меравад.
Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузор кардани чорабинӣ, қабл аз ҳама, муттаҳид сохтани талошҳои ҷонибҳои гуногун барои муваффақ ва натиҷабахш гардонидани ин ташаббус мебошад.
Ин ҳамоиш, ҳамчунин, барои таҳияи уҳдадории муштараки ҷонибҳо оид ба мавзуъ ва сабти он дар Рӯзномаи амал дар соҳаи об ҳамчун саҳми муносиб дар натиҷаҳои ин Конфронси таърихӣ хидмат хоҳад кард.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ иброз доштанд, ки ҳадафи пешниҳоди эълони “Соли ҳифзи пиряхҳо” ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъалаи мубрам ва муттаҳид сохтани талошҳо барои андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати коҳиши ин раванд, устувор сохтани ҷомеа ва иқтисоди кишварҳо ба таъсири он мебошад.
Тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи ҳифзи пиряхҳо хоҳад буд.
Сарвари давлат барои дар сатҳи баланд баргузор кардани ин ҳамоиши байналмилалӣ омодагии ҳамаҷонибаи Тоҷикистонро иброз намуда, аз кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ҷиҳати ҳамкорӣ дар ин самт даъват ба амал оварданд.
Таъкид гардид, ки мо бояд дар якҷоягӣ бо кишварҳо ва ҷонибҳои манфиатдор Харитаи роҳро барои соли 2025 таҳия намуда, раванди омодагиро ба Соли 2025 ва Конфронси болозикр фарогиру натиҷаовар ба роҳ монем.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки талошҳои якҷояи кишварҳову созмонҳо дар ин самт самараи дилхоҳ хоҳанд дод ва мо соли 2025 дар Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии бахшида ба ҳифзи пиряхҳо дар ҳаллу фасли ин масъалаи муҳим метавонем таҳаввулоти ҷиддиро амалӣ намоем.
Дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар доираи Конфронси оби СММ — 2023, баргузор карда шуд, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Президенти Боливия Луис Аберто Арсе, Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас, директори генералии Агентии байналхалқӣ оид ба неруи ҳастаӣ Мариано Гросси, директори генералии Иттифоқи байналхалқии ҳифзи табиат Бруно Оберле ва муовини директори ЮНЕСКО Син Тсюя иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр низ иштирок дошт.