Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» ташриф оварда, ин иншооти муҳташами таърихиро, ки ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст, баъди эҳё ва барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар даромадгоҳи қалъа Пешвои созандаю бунёдкор ва ободгару ваҳдатовари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Хуҷанд ва аҳли илму фарҳанги вилоят бо самимияту эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.
Тадбирҳои марбут ба эҳё ва барқарорсозии «Қалъаи Хуҷанд» дар ҷойи таърихии ин мероси гаронбаҳои бостонии халқи тоҷик бо ибтикору ҳидояти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 6 сол бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардид.
Мавриди таъкид аст, ки пеш аз оғози корҳои лоиҳакашӣ дар самти эҳё ва барқарорсозии «Қалъаи Хуҷанд» бо ҷалби мутахассисони Вазорати фарҳанг, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, бостоншиносону таърихнигорон ва этнографҳо дар ҷойи иншоот корҳои археологӣ, муҳандисӣ, топографӣ, геологӣ ва ҳафриёту таҳқиқоти илмию амалӣ гузаронида шуда, хулосаҳои амиқ ва дақиқ пешниҳод гардиданд. Ба ҳамин тартиб дар асоси пешниҳоди олимону мутахассисон корҳои эҳё ва барқарорсозии қалъа сурат гирифта, нишонаҳои таърихии ин ёдгории қадимӣ пурра ҳифз карда шуданд.
Тибқи маълумот, масоҳати умумии иншооти бунёдёфтаю барқароргаштаи «Қалъаи Хуҷанд» 6 гектарро ташкил медиҳад.
Натиҷаи ковишҳои археологии чанд соли охир ва ба даст омадани бозёфтҳои нодир нишон медиҳад, ки воқеан ҳам «Қалъаи Хуҷанд» дорои таърихи куҳан буда, ҳифзу нигаҳдории он барои муаррифии таъриху фарҳанг ва маданияти миллати тоҷик амри зарурию муҳим мебошад.
«Қалъаи Хуҷанд» ба ҳайси истеҳкоми боэътимод, ки таърихи се ҳазорсола дорад, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд эҳё ва барқарор карда шуд.
Дар асоси лоиҳа деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, бунёди бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд, меҳмонхонаву осорхона, чойхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои миллии мардуми тоҷик, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон сохта шудаанд. Аз ҷумла, дар қисмати ҷанубии «Қалъаи Хуҷанд» мутобиқ ба талаботи замони имрӯз 8 растаи барҳавои ҳунармандӣ ташкил гардида, дар онҳо маҳсули кори ҳунармандон, ба монанди навъу намудҳои зиёди маҳсулоти қаннодӣ, наққошӣ, кулолгарӣ, кундалнигорӣ, мусаввараҳо, кордҳои гуногун, қолинҳои дастӣ, либосҳои миллии мардонаю занона, адрасу атлас, маснуоти заргарӣ, армуғонҳо ва созҳои миллии мусиқӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Таъкид гардид, ки дар Суғди бостон аз қадим ҳунар ва маҳсули дасти ҳунарманд арзиши воло дошт ва меросбарони асили ин фарҳангу тамаддун, ки соҳиби маҳбубияти хос мебошанд, дар ҳама давру замон барои рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ талошу кӯшиши бештар ба харҷ додаанд. Бо вуҷуди талош ва кӯшишҳои зиёд дар шебу фарози таърих қисми бештари ҳунарҳои мардумӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, қариб буд, ки аз байн раванд. Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусу ибтикороти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ эҳё ва барои фаъолияти ҳунармандон шароити мусоид фароҳам оварда шуд, ки яке аз намунаҳои барҷастаи он бунёд ва ташкили растаҳои ҳунармандӣ дар Қалъаи таърихии Хуҷанд аст.
Иқдоми беназири Роҳбари давлат боис ба он гашт, ки ҳунармандон дар ин растаҳо ба кори худ машғул бошанд ва ҳам маҳсули ҳунарашонро ба меҳмонону сайёҳони зиёде, ки ба шаҳри Хуҷанд ва тамошои қалъаи муҳташами он меоянд, ба намоиш гузоранд.
Мавриди тазаккур аст, ки имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз рӯи бештар аз 200 касбу ҳунари мардумӣ маҳсулоти кори ҳунармандӣ истеҳсол карда мешавад ва дар минтақаҳо марказҳои ҳунаромӯзӣ ташкил гардида, пешниҳоди имтиёзу сабукиҳо имконияти фарохро барои рушди соҳа ба вуҷуд овард.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд имрӯзҳо бештар аз 15 ҳазор ҳунарманд фаъолияти назаррас доранд. Истеҳсоли маҳсулот ва маснуоте, ки аз ҷониби ҳунармандон омода мешавад, дар маҷмуъ яке аз бахшҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, ба вазъи иқтисодии ҳунармандон ва некуаҳволии аҳолӣ таъсири амиқ мегузорад.
Дар ин мавзеъ таъсиси ошхонаи миллӣ барои ҳифзу эҳё ва муаррифии таомҳои миллӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ мешавад.
Бинои муҳташаму мунаққаши толорҳои намоишии таъриху фарҳанги халқи тоҷик, ки дар масоҳати зиёда аз 3 ҳазору 365 метри мураббаъ қомат афрохтааст, аз як гумбази асосӣ, ду гумбази миёна ва 4 гумбази хурд иборат мебошад.
Дар ороиши бино, ки 5 толори намоишӣ дорад, санъати миллии меъмории тоҷик, ба монанди кандакорӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, коркарди бадеии чӯб, санг, гачкорӣ, кошинкорӣ, буриш ва ғайра ба таври васеъ истифода шудааст.
Дар толори “Ҳавзаи илмӣ — адабии Хуҷанд”, ки бо санъати миллии меъморӣ наққошӣ шудааст, вобаста ба ҳаёту фаъолияти олимони Хуҷандшаҳр, шоирони номвари тоҷик ва ҳунармандони машҳур маълумот гирдоварӣ шуда, дар васфи Хуҷанд ва қалъаи он гуфторҳои олимону зиёиёни замони гузашта ва имрӯз, суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таърихи қалъа ва дигар маводи зарурӣ мавҷуд мебошанд. Дар ҳамин толор муҷассамаи 4 шахси номвари Хуҷанд — Зиёуддини Порсӣ, Шайдои Хуҷандӣ, Садруддини Хуҷандӣ ва Султон Умаров, инчунин нигораҳо вобаста ба илму адаб, аз қабили дастхатҳо, қаламдон, лавҳ, даводдон, кӯзачаву обдастаҳои навиштаҷотдор ба намоиш гузошта шудаанд.
Толори “Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои амалӣ” харитаи маҳаллаҳои ҳунармандони шаҳри Хуҷанд ва акси ҳунармандони чирадасти вилоят ва қисме аз намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди ҳунари рассомӣ, кашидадӯзӣ, мисгарӣ, кундалсозӣ ва созҳои мусиқиро дар бар мегирад.
Толори “Истиқлоли Тоҷикистон” аз барелеф, ки аз тарафи ҳунармандон Даврон Раҳматзод ва Мунира Турсунова омода гардидааст, шуруъ мешавад. Ин барелеф аз эълон гардидани Эъломияи Истиқлолият оғоз гардида, дар он давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ, раванди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва ташабуссҳои ҷаҳонии Пешвои миллат инъикос ёфтаанд.
Дар қисмати таҳхона толори намоиши бозёфтҳои бостонии минтақаи миёнаоби Сирдарё, сиккаҳои гуногуни давраҳои таърихӣ ва дигар нигораҳо ҷойгир карда шуда, ҳамзамон ҷой барои баргузории конфронсу ҷаласаҳо, мулоқоту вохӯриҳо, ҳуҷраҳои хизматию техникӣ ва устохонаҳои рассомӣ мавҷуд мебошад.
Бо назардошти арзиши гарони таърихӣ доштани нигораҳои гирдоварда Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки ба хотири ошно намудани шаҳрвандони мамлакат, насли наврасу ҷавон ва сайёҳони дохиливу хориҷӣ бо таъриху тамаддуни бой фаъолияти маҷмааро бештар тарғиб намуда, мутахассисони беҳтаринро барои муаррифии гӯшаҳои он ҷалб намоянд.
Ибтикороти дигаре, ки дар қисми шимолу шарқии қалъа амалӣ карда шуд, бунёди маҳаллаи Хуҷанди қадима мебошад. Хонаву ҳавлиҳо асосан мансуби табақаи коргар, тоҷиру ҳунарманд ва дигар қишри ҷомеаи мадании шаҳр буда, эҳё ва бунёди он имкон фароҳам меорад, ки анъанаҳои қадимаи шаҳрнишинӣ дар Хуҷанд ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шаванд.
Бунёди намунаи хонаву ҳавлиҳои қадимии шаҳри Хуҷанд асосан бо маслиҳату тавсияи этнографҳо амалӣ карда шуд. Ин хонаҳо пурра бо маводи табиӣ, аз ҷумла лойу гил ва чӯб сохта шуда, дарвоза, сутун ва сақфи манзилҳои қадимӣ пурра кандакорӣ шудаанд ва амалҳои нақшу нигорро асосан рассомони соҳибтаҷриба иҷро намудаанд. Дар ин маҳаллаи қадимӣ истифодаи самараноку оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ низ намунаи ибрат ва қобили ситоиш аст.
Этнографҳо ба он назар ҳастанд, ки ин ҳавлию хонаҳо тарзи ҳаёт, рӯзгордорӣ ва фаротар аз он суннату анъанаҳои сукунати мардуми шаҳрро дар давраҳои таърихӣ инъикос менамоянд ва амалӣ намудани ин иқдом дар ташаккули санъати миллии меъмории халқи тоҷик, ки ҷаҳониён эътироф кардаанд, нақши бориз дорад. Аз ин пас дар ин 8 ҳавлии қадимӣ, ки масоҳати ҳар кадоми он 6 садяк заминро дар бар мегирад, ҳунармандон ба хаттотӣ, кундалнигорӣ, рассомӣ, наққошӣ, қолинбофӣ, адрасбофӣ, сӯзанидӯзӣ, дуредгарӣ, дӯзандагӣ, сангтарошӣ, оҳангарӣ ва кулолгарӣ машғул мешаванд.
Дар ин ҷо ҳамзамон ҳаммом, меҳмонхона ва чойхонаи миллӣ ҳамчун рукни маҳалладории таърихӣ сохта шудааст.
Дар чойхонаи миллӣ, ки дар ҳудуди«Қалъаи Хуҷанд» барои 60 нафар пешбинӣ гардидааст, иҷрои ҳунари волои кандакорӣ, гаҷкорӣ, кундалнигорӣ ва наққошии бемисл ба зебоии намои берун ва дохили бино шукуҳи бештар бахшида, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори ҳунармандон баҳои баланд доданд.
Дар шафати чойхонаи миллӣ ҳамзамон растаи омода кардани нону самбӯсаҳои гуногун ва номгӯи зиёди таомҳои миллӣ бо фарогирии чор оташдон ва танӯр сохта шудааст.
Майдони қалъа ва роҳравҳои дохили он бо истифода аз сангҳои Хорои Хуҷанд дар масоҳати 12 ҳазору 500 метри мураббаъ оро дода шуда, масоҳати сабзазоркунӣ 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар ҳудуди қалъа бунёди ду фаввораи калон ва чор суҳбаткадаи чӯбӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони чирадасти шаҳри Исфараи вилояти Суғд бо роҳнамоӣ ва маслиҳату машварати Усто Бурҳон ба таври барҷаста кандакорӣ карда шудааст, ба зебоии ин мавзеи таърихию фарҳангӣ шукуҳу шаҳомати бештар мебахшад.
Дар раванди эҳё ва барқарорсозии «Қалъаи Хуҷанд» зиёда аз 20 ширкати сохтмонӣ, шумораи зиёди ҳунармандони чирадасти тоҷик иштирок намуда, сифати корҳои марбут ба эҳё ва барқарорсозӣ дар ин иншооти таърихӣ зери назорати доимии фармоишгар — Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дошт.
Корҳои созандагиву ободкорӣ ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, ки бо иқдому ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом меёбанд, таваҷҷуҳи сайёҳону дӯстдорони таъриху фарҳанги бостонии тоҷиконро бештар кардаанд.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки аз таърихи «Қалъаи Хуҷанд» на танҳо мардуми мамлакат, балки ҷаҳониён воқиф мебошанд. Дар ҳудуди қалъа дар рафти корҳои ҳафриётӣ якчанд қабати мадании таърихӣ, аз ҷумла боқимондаҳои девори архаикии шаҳри Хуҷанд, боқимондаи ҳуҷраи нигоҳдории зироати ғалладонагӣ ва зарфҳои бузургҳаҷми гилӣ, ки муттааллиқ ба асрҳои ҳафт-чори пеш аз мелод мебошанд, пайдо гардиданд. Кашфи қабатҳои мадании таърихӣ дар қисмати поёнии кушки ҳокимнишин бозгӯи он аст, ки Қалъаи Хуҷанд таърихи 3- ҳазорсола дорад.
Ёдовар мешавем, ки Қалъаи таърихии Хуҷанд дар маркази шаҳр, дар соҳили рости дарёи Сир воқеъ мебошад.
Ҳамзамон бояд гуфт, ки «Қалъаи Хуҷанд» аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон дохил гардидааст.