Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд
4 июли соли 2024 дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
Роҳбарони давлатҳои аъзои Созмон оид ба вазифаҳои аввалиндараҷа вобаста ба такмили минбаъдаи фаъолияти СҲШ бо мақсади таҳким ва амиқсозии ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ дар шароити нав муфассал табодули назар карда, масъалаҳои рӯзмарраи байналмилаливу минтақавӣ ва вазъиятро дар минтақаи Созмон муҳокима намуданд.
Дар суханронии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро бо фарҷоми бомуваффақи раисӣ табрик гуфта, нақш ва аҳамияти СҲШ-ро ба ҳайси созмони байниминтақавии сернуфус, дорои иқтидори бузурги иқтисодӣ ва паҳнои калони ҷуғрофӣ зикр карданд. Таъкид карда шуд, ки Созмон бояд мақоми худро ҳамчун иштирокчии муносибатҳои байналмилалӣ тақвият диҳад ва ба ҷаҳони тағйирёбанда дар маҷрои тамоюлҳои кунунии рушди умумиҷаҳонӣ мутобиқ гардонад.
Сарвари давлат ёдовра шуданд, ки 23 сол муқаддам замони таъсиси СҲШ, сарони давлатҳо-асосгузорон диққати худро ба мушкилоти Осиёи Марказӣ нигаронда, минтақаи мазкурро ба ҳайси «меҳвари СҲШ» муқаррар намуданд. Вобаста ба ин зарурати ҳузури фаъоли бештари Созмон дар Осиёи Марказӣ, ки солҳои охир мавриди таваҷҷуҳи зиёди бозингарони хориҷӣ гардидааст, таъкид карда шуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлатҳои аъзо барои дастгирии ташаббуси кишвари мо оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе ба ҳайси ҷузъи таркибии Созмони такмилёфта, изҳори миннатдорӣ карда, таъкид намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон барои фаъолияти пурмаҳсули ин сохтор шароити заруриро муҳайё месозад.
Пешвои миллат бо қаноатмандӣ дар саммити СҲШ қабул гардидани Нақшаи мураттабсохтаи Тоҷикистон оид ба чорабиниҳои татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии СҲШ то соли 2030 ва пешниҳоди дар доираи Созмон таъсис ёфтани механизми нави ҳамкорӣ дар соҳаи идораи зиддимонополиро зикр намуданд.
Дар суханронии Сарвари давлат ба масъалаҳои амниятӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Пешвои миллат амниятро асоси татбиқи ҳамаи ташаббусҳои созанда номида, таваҷҷуҳро ба зарурати идома додани тадбирҳои муштараки давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноят ҷалб карданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҳар чи зудтар барқарор шудани сулҳ, субот ва амният дар Афғонистон ба манфиати умумии давлатҳои аъзои СҲШ мебошад. Пешвои миллат зарурати идома додани кӯшишҳоро оид ба расонидани кумак ба халқи бародари афғон таъкид намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи сарони давлатҳо 24 ҳуҷчат, аз ҷумла Эъломияи Остона, Ташаббуси СҲШ «Оид ба ҳамгироии ҷаҳонӣ барои сулҳи одилона, ризоият ва рушд», Пешниҳоди Шурои вазирони корҳои хориҷӣ оид ба такмили фаъолияти СҲШ, анҷоми маросими қабули Ҷумҳурии Беларус ба аъзогии СҲШ, Барномаи ҳамкории давлатҳои узви СҲШ дар муқовимат ба терроризм, сепаратизм ва экстремизм дар давраи солҳои 2025-2027, Стратегияи зиддимухаддиротии СҲШ дар давраи солҳои 2024-2029 ва Стратегияи рушди ҳамкории энергетикии давлатҳои аъзои СҲШ то соли 2030, қабул карда шуданд.