Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаевро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гусел намуданд
Рӯзҳои 19-20 май Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд.
Дар доираи сафар меҳмони олиқадр бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони воломақоми Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳои судманд анҷом доданд.
Аз руи натиҷаи сафари бобарор 7 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки омили муҳиму таконбахши таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ду кишвар гардид.
20 май сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ба анҷом расид.
Нимаи дуюми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми хос Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро самимона гусел карданд.
Президенти кишвари дӯст муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо изҳори сипос аз меҳмоннавозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таассуроти нек аз ин сафари бобарор аз шаҳри Душанбе ба ватан баргаштанд.
АМИТ «Ховар»