Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз, 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Дар ҳошияи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар назар буда, дар доираи он масъалаҳои васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал баргузор мегардад.