Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев имрӯз дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар пояи муҷассамаи асосгузори давлатии тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад. Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи баланд байни Тоҷикистон ва Узбекистон якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, нишасти матбуотии сарони ду давлат баргузор мегардад.

 

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон — «Дӯстии ҷовидон» иштирок менамоянд.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуда, дар ифтитоҳи расмии бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе иштирок менамояд ва бо намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО дар шаҳри Душанбе шинос мешавад.