Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мулоқот намуданд

16 январ Президенти Ҷумҳури Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мулоқот намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар оғози суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиёнро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари нахустини давлатии Президенти кишвари дӯсту бародари Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва раванди ҳамкории судманди ду кишвар такони тоза мебахшад.