РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон дар меҳвари ташаббусҳои бузурги байналмилалӣ дар соҳаи об
ТАНТАНАҲОИ БУЗУРГИ ОБ ДАР САТҲИ ҶАҲОНӢ
ДУШАНБЕ, 24.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 21-24 март дар партави ташаббусҳои бузурги байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба маркази тантанаҳои бузурги об дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” , ки ташаббуси чоруми ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об мебошад, дар давоми танаффуси қариб панҷоҳ сола аз конфронси қаблии СММ вобаста ба масъалаҳои об баргузор гардида, конфронси таърихӣ унвон шуд ва бори дигар таваҷҷуҳи ҷомеи ҷаҳониро ба муҳимияти масъалаҳои обу иқлим дар ҳаёти башарият ҷалб намуд. Суханрониҳои пур аз даъват ва иқдомоти башардӯстонадоштаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин конфронси сатҳи баланд ва дигар чорабиниҳои марбут ба он аз нав ҷомеаи ҷаҳониро ба пайомадҳои ногувори норасоии оби нушокӣ ва тағйирёбии иқлим дар солҳои минбаъдаи ҳаёти инсоният ҳушдор дода, тамоми давлатҳои сайёра, ташкилоту созмонҳо ва ниҳодҳои дахлдори минтақавию байналмилалиро барои тақвият ва густариши ҳамкорӣ дар ин самт даъват намуданд.
Дар ҳошияи ин конфронс, бо ташаббус ва иқдомҳои башардӯстонаи ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин намоишгоҳ таҳти унвони “Таърихи рушди Тоҷикистон”, чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, чорабинии канорӣ таҳти унвони “Табдили институтҳои иқтисодии глобалӣ ба манфиати умум: Даъват барои бедоршавӣ аз ҷониби Комиссияи глобалӣ оид ба иқтисодиёти об”, чорабинии канории корӣ таҳти унвони “Об моро муттаҳид месозад”, ҷаласаи коршиносони сатҳи баланд ва пешвоёни Панели оид ба об ва офатҳои таббиӣ баргузор гардида, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои сиёсии ҷаҳонӣ дар масъалаи обу иқлим дар студияи телевизионии “Ҳадафҳои рушди устувор” мусоҳиба анҷом доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари раёсат ва иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланди Конфронси таърихии СММ-ОБ 2023 ҳамчунин бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом медоданд то таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳали мушкилоти марбут ба обу иқлим бештар ҷалб созанд, тадбирҳо ва иқдомоти роҳбарони давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалиро саривақт ҳамоҳанг созанду онҳоро ба ҳамкории фарогиру бетаъхир дар ин самт моил созанд. Зеро мушкилоти обу иқлим ин танҳо мушкилоти Тоҷикистон набуда, балки барои кулли сайёра фоҷеабору фалокатовар мебошад. Ҳамин аст, намунаи олии ташаббускорӣ ва башардӯстии Сарвари давлате, ки дар сатҳи ҷаҳон пешоҳанг асту панҷ ташаббуси ҷаҳонӣ дар соҳаи обу иқлим дорад.
Имрӯз агар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкории густурда барои пешгирии хатарҳои фалокатбори коҳишёбии манбаҳои об ва тағйирёбии босуръати иқлим чорандешӣ накунанд фардою пасфардо дер хоҳад шуд.Ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар толору минбарҳои байналмилалӣ ҷаҳонитару тоҷикона ва фарогиртар муаррифӣ шуданд ва ҷомеаи ҷаҳониро аз хатарҳои муосири ҳазорсолаи нав ва пайомадҳои фоҷеабори он ҳушдор доданд.
Дар баробари иштироку суханрониҳо пурмуҳтаво дар чорабиниҳои сатҳи баланди СММ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Ню Йорк бо роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии як қатор давлатҳои аъзои СММ, роҳбарияти ин созмони муътабари ҷаҳонӣ ва сохтору ниҳодҳои бонуфузи он вохурию мулоқотҳо анҷом доданд.Дар ҳар як вохурию мулоқот низ Сарвари давлати Тоҷикистон ҳарфи ҳаёти бе мушкилоти инсоният ва таъмни рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти сайёраро гуфтанд ва даъватҳо ба амал оварданд, ки ҳамкорӣ ва муштаракоти давлатҳои ҷаҳон барои таъмини Ҳадафҳои рушди устувор бетаъхир ва ҳатмӣ тақвият бахшида шаванд.
Дар ҳама ин чорабиниҳо ҳарфу садо як буданд, пешгирӣ аз мушкилоти ҷаҳонии марбут ба обу иқлим дар сайёра ва муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳали минбаъдаи ин мушкилоти глобалӣ. Подшоҳи Нидерланд Виллем Александр, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш, Раиси Маҷмаи Умумии СММ Чаба Корошӣ, Раиси Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ Лучезара Стоева, Президенти Боливия Луис Аберто Арсе, Президенти Ироқ Абдул Латиф Рашид, Раиси Шӯрои Босния ва Герсоговина Зелика Свянович, Президенти Ботсвана Масиси Мокгвейтсӣ ва Президенти Словения Наташа Пирс-Мусар низ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим ҷонибдорӣ намуда, онҳоро барои рушди устувор ва таъмини ҳаёти шоиставу бе мушкилот дар сайёра муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Воқеан ҳам имрӯз ҳар ҷойе сухан аз обу иқлим равад, ҳар ҷойе сухан дар мавриди таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ дар сайёра тавассути ҳали мушкилоти марбут ба обу иқлим бошад номи Тоҷикистон ва Сарвари башардӯсту ташаббускори ба забон оварда мешавад ва мутантан садо медиҳад. Давоми се рӯз қароргоҳи СММ тантанаи об дошт ва дар ҳар толору маҷлисгоҳ ҳарфи Тоҷикистону Эмомалӣ Раҳмон танинандоз буд. Дар ин рӯзҳо Пачами Тоҷикистон дар назди қароргоҳи СММ дар байни парчамҳои дигар давлатҳои аъзои ин созмони муътабар ба назар бештар партавафшон буду ҷаҳонро аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва пайовардҳои манфиатбору самарабахши он мужда медод.Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмон пешоҳангони ташаббусҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи обу иқлим дар ин рӯзҳо тоҷиконро боз ҳам ифтихормандтару шуҳраташро боз ҳам афзунтар гардонданд. Хусусан дар маросими конфронси байналмилалии СММ-ОБ 2023 садо додани мусиқии фараҳафзои тоҷикӣ, раисии Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, суханрониҳои шевои тоҷиконаи Сарвари давлат ба нафъи башарият дар ин чорабиниҳо шуҳрати тоҷикону Тоҷикистонро ҷаҳонитару тоҷиконро ифтихорманду сарбаландтар гардонд.
Ниҳоят фараҳафзою масруркунанда буд маросими ифтитоҳи ин конфронси ҷаҳонӣ ва дар ҳар толор доим вирди забон номи Тоҷикистон ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Дар сатҳи баланд мизбонӣ ва раисӣ кардани ҷониби Тоҷикистон дар ин конфронси таърихӣ низ шоистаи таҳсин ва намунаи олию беҳтарин баҳо гирифт.
Чунки рафти ташкил ва гузаронидани Конференсияи СММ-ОБ 2023-ро шахсан Пешвои миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон роҳбарӣ ва назорат намуда, аз масъулин дар сатҳи баланди омодагӣ ва ташкилӣ гузаронидани онро талаб менамуданд. Намоишгоҳи “Таърихи рушди Тоҷикистон”, тақдими туҳфаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид, чорабинии “Об ва Наврӯз — ду сарчашмаи ҳаёти башар”, чорабинии канории корӣ зери унвони “Об моро муттаҳид месозад” ва чорабинии канории “Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷумлаи он чорабиниҳое мебошанд, ки ҷониби Тоҷикистон бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари раёсат ва мизбонии Конференсияи СММ-ОБ 2023 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню Йорк ташкил ва дар сатҳи баланд баргузор намуд ва аз ҷониби иштирокчиёну коршиносони сатҳи баланди ҷаҳонӣ баҳои сазовору арзанда гирифт.
Боиси ифтихору сарфарозии тамоми тоҷикону Тоҷикистониён аст, ки дар таърихи начандон тулонии давлатдории навини миллӣ, хусусан дар давоми зиёда аз ду даҳсолаи охир зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон пешоҳанги ҳали масоили глобалии марбут ба обу иқлим эътироф гардида, дар соҳаҳои обу иқлим ташаббускори панҷ иқдомоти бузурги байналмилалии аз ҷониби СММ ва давлатҳои аъзои он ҷонибдориёфтаву эътирофгардида мебошад.Маҳз бо ибтикори Тоҷикистон ва Сарвари башардӯсту ташаббускори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эъломияву қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи пешниҳод ва ибтикороти Тоҷикистон соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, соли 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2005-2015 -Даҳсолаи байналмилалии амал “Об — барои ҳаёт” солҳои 2018 – 2028 — “Даҳсолаи байналмилалии Об — барои рушди устувор”, Соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва дар доираи он санаи 21 мартро эълон намудани Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ба Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ шуҳрати ҷаҳонӣ оварда, милатту давлатро машҳуру маъмули оламиён гардондааст.
Зеро Тоҷикистон дар баробари кишвари дорои манбаҳои бузурги оби нушокӣ дар минтақа ва ҷаҳон будан, нисбати мушкилоти глобалии марбут ба обу иқлим бетараф нест ва пайваста барои саодати башарият ва таъмини зиндагии шоистаи инсоният дар сайёра тадбирандешию ташаббускориҳои бузурги ҷаҳонӣ анҷом медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардида, барои татбиқи ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва ба ин восита мусоидат ба таъмини зиндагии шоиставу арзандаи инсоният дар сайёра ин иқдому ташаббускориҳоро то ба ҳол на танҳо идома медиҳад, балки мукамамалу фарохтар мегардонад.
Чун ба таърихи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон назар афканем, онҳо фарогири чорабиниҳои зиёди сатҳи байналмилалӣ мебошанд, ки маҳз ба хотири мусоидати фаъоли давлати мо дар ҳали масъалаҳои глобалии марбут ба обу иқлим бо роҳи ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ баргузор гардидаанд.
Ибтидои моҳи октябри соли 1999 дар иҷлосияи 54-уми Созмони Милали Муттаҳид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба пешниҳод намуданд, ки соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Ин пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби 148 давлати ҷаҳон дастгирии пурра ёфта, дар асоси он Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қарори дахлдор қабул кард ва дар натиҷа проблемаи захираҳои об ба қатори се мавзӯе ворид гардид, ки ҳамчун масъалаҳои асосӣ барои баррасӣ дар бахши якуми корҳои Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор пазируфта шуданд.
Охири моҳи август ва ибтидои моҳи сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе нахустин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ доир ба масъалаҳои об — Форуми байналмилалии оби тоза баргузор шуда, пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба «пойтахти оби ҷаҳон» табдил дод ва бо чорабиниҳои марбут ба масъалаҳои об дар Йоҳаннесбурги Африқои Ҷанубӣ ва Киотои Япония дар як мақом қарор гирифт.
30 сентябри соли 2003 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо изҳори нигаронӣ аз мушклоти наву фоҷеабори асри 21 мушкилоти норасоии оби тоза, таъкид намуда буданд, ки нарасидани оби тоза яке аз проблемаҳои ҳазорсолаи нав гардида, дар сурати наандешидани чораҳои қатъӣ ва таъхирнопазир ҷаҳон ба мушкилотии ҷиддие, ба мисли тағйирёбии иқлим, норасоии озуқаворӣ, марги одамон ва таназули иқтисодӣ ру ба ру хоҳад шуд.
Бо дарки амиқи ин мушкилот ва дар асоси даъвати иштирокчиёни Форуми байналмилалӣ доир ба оби тоза дар Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Иҷлосияи 58-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод намуданд, ки аз соли 2005 то соли 2015 даҳсолаи байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Дар идомаи ин тадбири муҳими байналмилалӣ баъдан бо ташаббуси Тоҷикистон СММ соли 2013-ро соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор ва охирин соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кард. Аз соли 2000-ум инҷониб дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии оби тоза охири моҳи август ибтидои моҳи сентябри соли 2003, Конференсияи байналмилалӣ оид ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои сарҳадгузар моҳи майи соли 2005, Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба коҳиш додани хавфи офатҳои табиии марбут ба об моҳи июни соли 2008, конфренсияи байналмилалӣ бахшида ба татбиқи амалии 10-солаи «Амалиёти об барои ҳаёт» моҳи июни соли 2010, Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об моҳи августи соли 2013, Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” моҳи июни соли 2018 ва Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» моҳи июни соли 2022 баргузор гардида, ташаббускории воқеии ҷониби Тоҷикистонро дар масъалаҳои обу иқлим собит намудаанд.
Дар баробари ин Пешвои сиёсии ҷаҳонӣ дар масъалаҳои об, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 2003 ва моҳи декабри соли 2007 дар Форуми сеюми умумиҷаҳонии «Оби тоза” ва иҷлосияи якуми Форуми Оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар Япония, моҳи марти соли 2009 дар Форуми панҷуми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Туркия, моҳи сентябри соли 2009 дар Конференсияи сеюми умумиҷаҳонӣ бахшида ба проблемаи иқлим дар Швейтсария, Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи колабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим моҳи декабри соли 2009 дар Дания, Чорабинии махсуси СММ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об моҳи июни соли 2012 дар Бразилия, Форуми дуюми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи “Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об” моҳи майи соли 2013 дар Тайланд, Форуми ҳафтуми ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об моҳи апрели соли 2015 дар Корея ва Саммити оби Будапешт дар Венгрия моҳи ноябри соли 2016 иштирок ва суханронӣ карда, дар доираи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим ҷомеаи ҷаҳониро аз мушкилот ва хатару таҳдидҳои ҳазорсолаи нав дар мисоли коҳишёбии захираҳои оби нушокӣ ва норасоии он, инчунин тағйирёбии босуръати иқлим огоҳ намудаанд.
Ҳамин тариқ аз ибтидои соли нахустини соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар саргаҳи ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим ва дар меҳвари таваҷҷуҳи оламиён қарор дорад. Давлати ҷавону тозаистиқлол бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамон солҳо дар баробари ҳали мушкилоти дохилӣ барои ҳали мушкилоти ҷаҳонӣ ташаббускорию табирандешиҳои байналмилалиро пеш гирифт ва то имрӯз онро идома медиҳад.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мамлакати ташаббускори тадбирҳои сатҳи глобалӣ ва пешоҳанги ҷаҳонии масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ гардида, барои муттаҳидсозии иқдомҳо ва нақшаҳои минбаъдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пешвоёни сиёсии ҷаҳон дар масъалаи об ва иқлим пайваста шароит фароҳам меоварад ва тадбирҳои бетаъхир меандешад.
Субҳиддин ШАМСИДДИНЗОДА,
ш.Ню-Йорк, ИМА
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»