Равобити адабию фарҳангӣ — рукни муҳими таҳкими дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон

Дар шаҳри Душанбе Боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» бунёд ва дар ин боғ пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ гузошта мешавад. Дар ин бора имрӯз Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

«Тоҷикон ва ўзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирўзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дўстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд. Ҳамин муносибат ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи таърих дар қарни 15 бозҳам устувор шуд ва дар мисоли ҳамкориҳои адабию дўстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ сифатҳои навро соҳиб гардид. Дўстию рафоқат, эҳтирому муҳаббат миёни ин шахсиятҳои эҷодӣ ба дараҷае самимӣ будааст, ки муосиронашон аз ин ҳусни тафоҳум ва муоширати бузург борҳо ба некӣ ёдоварӣ кардаанд», — навиштааст Ёрдамчии ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА дар мақолаи наваш бо номи «Равобити адабию фарҳангӣ – рукни муҳими таҳкими дӯстии тоҷикон ва ӯзбекон».

 Дар зер матни пурраи ин мақола пешниҳоди хонандагон карда мешавад.

Тоҷикон бо таърих, фарҳанг ва адабиёти худ машҳур гардида, аз ҷумлаи халқҳои қадимтарин ба шумор мераванд. Онҳо бо осори шифоҳиву хаттӣ, ёдгориҳои бузурги таърихӣ ва катибаҳои нодири худ дар тамаддуни башарӣ саҳми бузург гузошта, бо ин роҳ шуҳрати бештар касб кардаанд. Решаҳои ин фарҳанги ғанӣ аз тамаддуни ориёӣ маншаъ гирифта, тайи ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта, як қисми таркибии он бо шаклу шеваи хос то замони мо расидааст. Бунёди ин мероси гаронбаҳоро дўстию рафоқат, хайрхоҳӣ, некию накукорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташкил медиҳанд.

Тоҷикон баробари рушди фарҳангу адабиёт аз давраҳои бостон бо мардумони гуногун робитаҳои зичи дўстона барқарор намуда, ҳамеша кўшиш ба харҷ медоданд, ки дар фазои сулҳу салоҳ ва якдиливу бародарӣ умр ба сар баранд. Ҳамин андешаи ҳамзистии дўстонаро аввалин маротиба Куруши Кабир дар Эъломияи худ ҷой дода, мардумро ба ҳамдилию бародарӣ даъват намуда буд. Ин пиндори башардўстонаро минбаъд гузаштагони мо идома дода, бо аксари қавму қабилаҳо, дину мазҳабҳо бо эҳтиром муносибат менамуданд ва рафоқатро ҳамчун намунаи неки ҳамбастагӣ азизу муқаддас медонистанд. Дар ҳамин асос тоҷикон бо ҳамсоягони наздики худ, бахусус бо халқи бародари ўзбек, дўстии мустаҳкам барпо намудаанд, ки он аз имтиҳони таърих сарбаландона гузаштааст.

Дар ҳақиқат, тоҷикон ва ўзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирўзиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дўстию бародариро пос дошта, якдигарро иззату эҳтиром ва қадрдонӣ менамуданд. Ҳамин муносибат ба шарофати шахсиятҳои барҷастаи таърих дар қарни ХУ боз ҳам устувор гардид ва дар мисоли ҳамкориҳои адабию дўстонаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоӣ сифатҳои навро соҳиб гардид. Дўстию рафоқат, эҳтирому муҳаббат миёни ин шахсиятҳои эҷодӣ ба дараҷае самимӣ будааст, ки муосиронашон аз ин ҳусни тафоҳум ва муоширати бузург борҳо ба некӣ ёдоварӣ кардаанд.

Махсусан, Мир Алишер Навоӣ дар бештари осораш, аз ҷумла дар асарҳои худ “Хамсат — ул — мутаҳаййирин”, “Маҷолис — ун — нафоис”, қасидаи “Туҳфат- ул — афкор” ва як қатор достонҳои “Хамса” бузургӣ ва фазилати устодаш Абдураҳмони Ҷомиро зикр намуда, ба ў ихлосмандии зиёд доштанашро бо исрор таъкид кардааст. Ҳамчунин, дар пайравии устодаш дар даҳ ғазал назираи ҷавобия навишта, аз тарафи Мавлоно Ҷомӣ баҳои баланд гирифтааст.

Мир Алишер Навоӣ то охири умр ҳамчун шогирди вафодор ба Мавлоно Ҷомӣ содиқ монда, ҳамеша дар осори хеш хислатҳои бузурги инсондўстонаи пирашро ба некӣ ёд оварда, бо як меҳру муҳаббат оид ба хоксорӣ, фурўтанӣ, ҳимматбаландӣ, саховатпешагӣ, хайрхоҳӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи ў ишора ва дар шеъру шоирӣ, фалсафаю ҳикмат, шариату тариқат забардаст будани устодашро зикр кардааст. Аз ҷумла,  ҳамин сифатҳои беназири устодашро Навоӣ дар қасидаи “Туҳфат- ул — афкор” возеҳ шаҳр дода, на танҳо дар пайравии ў дар як муддати кўтоҳ қасидаи ҷавобия таълиф кардааст, балки беҳтарин хислатҳои Мавлоноро дар баробари дигар масъалаҳои фалсафию ҳаётӣ таъкид намудааст. Чуночи:

                     Ҳомии дини набӣҶомӣ, ки ҷоми фақрро

                     Дошта дар каф лаболаб аз шароби Кавсар аст.

                     Равзаи ройи мунираш гулшане дон, к-аш зи лутф

                     Қатраи рухсораи ҳар барг меҳри анвар аст.

                     Оҷиз аз теъдоди авсофи камоли ўст ақл,

                    Анҷуми гардун шумурдан кай тариқи аъвар аст…

 

Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ нисбат ба шогирдаш – Мир Алишер Навоӣ назари некбинонаю садоқату самимият дошта, хислатҳои неку писандидаи ўро дар рисолаи “Нафаҳот — ул — унс”, якчанд достони “Ҳафт авранг” ва ашъори дилкаши худ таъкид карда, ба ҳунари эҷодӣ ва андешаҳои фалсафию ирфонии вай баҳои баланд додааст. Мавлоно, инчунин, дар мукотибаҳои худ доир ба шахсияти Мир Алишер Навоӣ сухан ронда, диди зебоипарастонаю назари некбинонаи шоирро махсус зикр мекунад. Қисме аз андешаҳои арзишманд ва ниҳоят халлоқонаи худро Ҷомӣ тавассути ашъори орифона ва ҳикматдўстонаи пур аз лутфу иҳоми баланд, аз ҷумла рубоӣ ифода мекардааст.Дар ин рубоиҳо адиби нозукбину эҳсосманд садоқату дўстии хешро бо пероҳани назми саршор аз муҳаббат ифода намуда, дар рубоие, ки аз шаҳри Ҳалаб ба ҷавоби рубоии Мир Алишер Навоӣ фиристодааст, менависад:

 

                       Ин руқъа на руқъа, мояи ҳар тарабест,

                      Таҳсилу нишоту айшро хуш сабабест.

                      З- ин сон, ки бувад мухтасару пурмаънӣ,

                      Гўё зи “Ҷавоҳир – ул –калам”  мунтахабест.

 

Баъди шинос шудан ба мазмуни мактуб ва ин рубоӣ Мир Алишер Навоӣ ҷавобе омода карда, бо таъбиру ибораҳои саршор аз меҳру муҳаббат самимияти хешро нисбат ба устодаш чунин ифода менамояд:

 

                       Инсоф бидеҳ, эй фалаки минофом,

                       То з – ин ду кадом хубтар кард хиром:

                       Хуршеди ҷаҳонтоби ту аз ҷониби субҳ?

                       Ё моҳи ҷаҳонгарди ман аз ҷониби Шом?

 

Дар ин рубоии инсондўстона шоири некусияр устодаш Абдураҳмони Ҷомиро ба “хуршеди ҷаҳонтоб” монанд намуда, мақсади худро содаю возеҳ баён мекунад.

Мир Алишер Навоӣ, бешак, дар бештари асарҳояш бо чунин меҳру муҳаббат аз устодаш ёд оварда, ба андешаи орифонаю ҳикматписандонаи вай баҳои баланд додааст. Махсусан, дар асараш “Маҷолис — ун — нафоис” ба шахсияти Мавлоно Ҷомӣ дахл карда, аз ҷумла менависад: “Офтобе, ки бо раъйи оламорояш ба ин замона ифтихор ва ба аҳли замона шарафи беинтиҳо муяссар аст ва дарёе, ки ба табъи гуҳарзояш ҷайби ин даврон аз ҷавоҳир пур гардидааст, ҳазрати Мавлоно Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ мебошанд, ки то ҷаҳон ҳаст, натоиҷи хотири маъруфашон аз аҳли ҷаҳон ва то сипеҳри гардун аст, фавоиди дили кушодашон аз халоиқи даврон кам мабод. Назми латоифи он кас чунон зиёд аст, ки барои овардани яке ҳам ҳоҷат нест. Ҳатто агар номи китобҳояш дарҷ шаванд, ба ин авроқ намегунҷанд ва агар дуррҳои мусаннафоташ зикр гарданд, баҳри гардун ба туғён меояд…»

Чунин эҳтирому қадрдшиносӣ аз тарафи Мир Алишер Навоӣ ва ба “офтоб”  ва “дарё” ташбеҳ додани мартабаи устоди бузургвораш нишонаи дўстӣ ва бародарии фарзандони ду халқ – тоҷику ўзбек буда, аз камоли маърифати ин ду адиб дарак медиҳад. Маълум мешавад, ки Мир Алишер Навоӣ бо ҳама масруфияти давлатиаш ба осори Ҷомӣ мароқи хосса зоҳир карда, ба мазмуну муҳтавои гаронбаҳои устодаш аз наздик шинос буда, бо завқи том онҳоро мутолиа менамуда ва ба ҳар кадомаш баҳои сазовор медодааст.

Ба қавли устод Айнӣ, «Ҷомию Навоӣ дар атрофи масъалаҳои асосии замон баробар фикр карда, дар роҳи ҳалли ин масъалаҳо бо маслиҳату дастгирии якдигар баробар мубориза мебурданд». Ин андешаи устод Айниро пасон академик Муҳаммадҷони Шакурӣ идома дода, менависад: «Ба ин маънӣ дўстию ҳамкории Ҷомӣ ва Навоӣ аз бисёр ҷиҳатҳо муборизаи якҷояи халқҳои тоҷику ўзбекро дар роҳи адолати иҷтимоӣ, дар роҳи идеалҳои олии ҷамъиятию эстетикӣ ифода намудааст».

Навоӣ баъд аз вафоти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ низ лаҳзае эътиқодашро ба устодаш кам накарда, меҳру муҳаббати бепоёни хешро дар асараш «Хамсат-ул-мутаҳаййрин», ки ба мулоқоту суҳбатҳо, мукотибаю ҳамкории эҷодии ҳар дуяшон бахшида шудааст, беҳтарин сифатҳои Мавлоно Ҷомӣ ва дигар муосиронашро қайд намудааст.

Сардафтари адабиёти классикии ўзбек Мир Алишер Навоӣ, инчунин, бо таъсири осори устодаш Мавлоно Ҷомӣ бо садоқате, ки ба забони тоҷикӣ доштааст, бо тахаллуси Фонӣ ғазалҳои ноби тоҷикӣ эҷод карда, онҳоро дар шакли девони алоҳида мураттаб сохтааст. Аз эҷодиёти Навоӣ оғоз карда, минбаъд чи дар назми ўзбек ва чи дар назми тоҷик падидаи зуллисонайнӣ, яъне ба ду забон эҷод кардан, ба таври васеъ ривоҷ пайдо намуд. Пас аз он ин анъана дар эҷодиёти шоирони асрҳои ХVI- ХХ Махмур, Маъдан, Нодира, Анбар — Отун, Гулханӣ, Ҳозиқ, Аҷзӣ, Айнӣ ва дигарон мақоми хос пайдо кардаанд.

Ин ду шоиру мутафаккир — Мавлоно Ҷомӣ ва Навоӣ то охири умр дўстию рафоқатро пос дошта, аз комёбӣ ва дастовардҳои ҳамдигар шод гардида, ҳамеша мусаввадаҳои асарҳояшонро аз назари ҳамдигар гузаронда, баъд мавриди мутолиаи дигарон қарор медодаанд. Борҳо чунин шудааст, ки онҳо маслиҳати ҳамдигарро пазируфта, дар пайи иҷрои он талош кардаанд. Масалан, бо пешниҳоди ин шогирдаш Мавлоно Ҷомӣ се девони худро номгузорӣ карда, ба онҳо номҳои муносиб гузоштааст.

Доир ба дўстии адибони тоҷику ўзбек, бахусус Ҷомӣ ва Навоӣ ховаршиноси маъруфи ҷаҳонӣ Е. Э. Бертелс таҳқиқоти бунёдии худро бо номи “Навоӣ ва Ҷомӣ” ба забони русӣ таълиф карда, онро соли 1965 ба табъ расондааст. Дар ин асари калонҳаҷм муҳаққиқи барҷаста доир ба замони ин шоирон, мавқеи адабии ду донишманд ва робитаҳои адабии тоҷикону ўзбекон сухан ронда, аз ҷумла навиштааст: “Дўстии Навоӣ ва Ҷомӣ шояд аз охирҳои соли 1469, баъди ба Ҳирот омадани Навоӣ оғоз шуда, Навоӣ Ҷомиро ба сифати шайхи худ пазируфта, зери роҳбарии вай ба тариқати нақшбандия ворид мешавад ва то охири умр дар ақидаи худ содиқ мемонад. Аммо Ҷомӣ то ба охир на танҳо ба сифати пири тариқат ба Навоӣ вафодор мондааст, балки дар як муддати кўтоҳ бо вай дўсти самимӣ гашта, шогирди худро дўст доштааст ва ба ҳунари шеърдонию шеърфаҳмии вай баҳои баланд додааст.”

Дар ҳақиқат, ин ду адиб дар замони худ барои мардумонашон хидмати шоиста карда, ба хазинаи бекарони шеъру шоирӣ, ҳикмату фалсафа, шариату тариқат, одаму одамгарӣ осори гаронбаҳоро ба мерос мондаанд, ки аз онҳо аҳли башар истифода намуда, ба хираду дониш ва рафоқату дўстии онҳо таҳсин хондаанд. Ба қавли адабиётшинос А. Афсаҳзод “осори илмӣ ва адабии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ чун ситораҳои рахшони осмон фурўзон буд ва то ҳоло анвори он кам нашуда меояд”.

Ба ғайр аз ин, Мир Алишер Навоӣ ба шогирди устоди худ Камолиддин Абдулвосеъ дастур додааст, ки дар бораи шахсият ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ рисолае таҳия намояд. Ин пешниҳодро ў бо камоли меҳр писандида, рисолаи “Мақомоти ҳазрати Мавлоно Ҷомӣ”- ро таълиф намудааст, ки дар шинохти  шахсияти ирфонию адабии шоир ва муносибати дўстонаи ин ду нобиғаи Шарқ – Ҷомӣ ва Навоӣ нақши беназир дорад. Вай дар як муддати кўтоҳ бо камоли меҳр зиндагӣ ва рўзгори шоирро бо тафсил шарҳ дода, мақоми ўро дар адабиёту ирфон ва дигар илмҳои замонаш васеъ тавзеҳ кардааст.

Мавлоно Ҷомӣ ба ғайр аз Алишер Навоӣ ба шоирони дигари ўзбек – Лутфӣ ва Муҳаммад Солеҳ ҳаққи устодӣ доштааст. Ба Лутфӣ нозукиҳои таълифи ғазалро омўзонда, ба Муҳаммад Солеҳ илми фасоҳат ва балоғатро таълим додааст. Лутфӣ дар охири ҳаёташ ҳатто ба забони тоҷикӣ байте навишта будааст, ки бо ишораи Навоӣ онро Ҷомӣ ба анҷом расондааст.

Ҳамин хислатҳои неки дўстонаи адибони номбурдаро шоирони баъдӣ идома дода, ба он сифатҳои нав ҳамроҳ кардаанд. Махсусан, адибони ўзбек, аз қабили Турдӣ, Машраб, Махмур, Гулханӣ, Увайсӣ, Нодира, Муқимӣ, Фурқат, Убайдуллои Завқӣ дар пайравии адибони тоҷик Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Восифӣ, Бедил, Зебуннисо, Аҳмади Дониш, Шамсиддини Шоҳин ва дигарон ғазалу қасида, достону маснавӣ ва асарҳои насриро ба забонҳои тоҷикӣ ва ўзбекӣ таълиф кардаанд.

Дар садаи ХХ устод Садриддин Айнӣ идомадиҳандаи анъанаҳои неки чандасраи равобити дўстонаи тоҷикон ва ўзбекон буда, дар ин роҳ хидмати шоистаеро ба анҷом расондааст.

Устод Айнӣ бо адибони ўзбек — Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом ҳамкории наздики эҷодӣ барқарор карда, дар тарбияи онҳо нақши назаррас дорад. Вай аз аввали қарни ХХ бо ду забон — тоҷикӣ ва ўзбекӣ асар эҷод карда, ба тақдири халқи ўзбек ва сарнавишти фарзандони он баҳои воқеӣ додааст. Махсусан, дар тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик” дар қатори адибони барҷастаи тоҷик аз сухансароёни тоинқилобии ўзбек, ки дар қаламрави Мовароуннаҳр умр ба сар бурдаанд, ёд карда, нахустин шуда, доир ба шарҳи ҳол ва осори онҳо маълумот додааст. Вай дар ин тазкираи комили худ доир ба осори гаронбаҳои Мир Алишер Навоӣ ва эҷодиёти Лутфӣ, Муҳаммад Солеҳ, Акмал, Гулшанӣ, Нодира, Машраб ва дигарон баҳои баланд дода, намунаҳои ашъори тоҷикӣ ва ўзбекии онҳоро оварда, нақшашонро дар рушди адабиёти ҳар ду халқ таъкид намудааст. Масалан, вай дар бораи Машраб маълумот дода, аз ҷумла менависад: “Машраби Намангонӣ – исмаш Бобораҳим аст. Дар соли 1123 ҳиҷрӣ дар Қундуз ба фатвои уламо ва ҳукми Маҳмудбии Қатаған шаҳид карда шуд. Девони туркии Машраб мавҷуд аст. Уламо ва зуҳҳодро сахт танқид мекунад…”

Чунин таҳлил ва баррасии нақди ашъори адибони ўзбекро устод Айнӣ идома дода, доир ба аксари адибони ҳавзаи Мовароуннаҳр, ки бо забонҳои тоҷикӣ ва ўзбекӣ асар офаридаанд, ахбори воқеӣ пешниҳод кардааст.

Дар баробари ин, устод Айнӣ ду асари бунёдии дигар дар бораи ду адиби ўзбек — Муқимӣ ва Алишер Навоӣ таълиф карда, нақши онҳоро барои адабиёт ва фарҳанги тоҷику ўзбек рўшану барҷаста муайян кардааст. Вай соли 1943 рисолаи “Муқимӣ ва давраи ў” ва соли 1948 рисолаи “Мир Алишер Навоӣ” — ро ба забони ўзбекӣ ба табъ расондааст. Пасон вай асари дуюмашро ба забони тоҷикӣ низ аз нашр баровардааст.

Ҳамзамон, устод Айнӣ соли 1940 “Хамса” – и Навоиро ба забони ўзбекӣ чоп намуда, ба “Хамса” – и талхискардааш муқаддимаи муфассал навишта, нақши Мир Алишер Навоӣ ва Мавлоно Ҷомиро дар рушди адабиёт ва ирфон, инчунин, дўстии ин ду халқ возеҳ шарҳ медиҳад.

Гузашта аз ин, устод Айнӣ ба бисёр аз адибони ўзбек ҳаққи устодӣ дошта, аксари онҳо дар хотироташон аз муҳаббат ва меҳрубонии ў бо самимият изҳори назар кардаанд ва дар ин бора хотироти худашонро ба табъ расондаанд. Ҳамчунин, дар пайравии устод С. Айнӣ асар офарида, мактаби адабии ўро таҳким бахшидаанд. Махсусан, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом аз мактаби устод гузашта, соҳиби дастовардҳои зиёде гардидаанд. Доир ба ин масъала муҳаққиқи робитаҳои адабии тоҷику ўзбек М. Қўшҷонов қайд мекунад: «Устод Айнӣ ва Абдулло Қодирӣ дўстони хеле наздик буданд. Онҳо зуд-зуд бо ҳам мулоқоту суҳбат мекарданд. Айнӣ ба Тошканд сафар мекард ва Абдулло Қодирӣ ба Самарқанд меомад. Абдулло Қодирӣ дар асарҳояш борҳо аз Айнӣ ёд мекунад ва ҳамчунин, устод Айнӣ дар асарҳояш номи Абдулло Қодириро зуд-зуд зикр кардааст».

Устод Айнӣ, инчунин, донандаи хуби забони ўзбекӣ буда, анъанаи зуллисонайниро идома додааст. Дар солҳои бистуму сиюми асри ХХ бошад, мақолаҳои зиёди устод Айнӣ ба забони ўзбекӣ дар рўзномаву маҷаллаҳои Ўзбекистон чоп шуда, дар онҳо адиб халқи заҳматкаши ўзбекро барои ба даст овардани саводу дониш ва рушди мактабу маориф даъват кардааст.

Ҳамин анъанаи неку писандида ва дўстиву рафоқати ду халқи ҳамсояро баъдан ду шахсияти барҷастаи фарҳангу сиёсат — Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов идома дода, ба он мазмунҳои баланди инсондўстона ва башардўстона ҳамроҳ намудаанд.

Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов нахустин маротиба соли 1949 бо ҳам шинос шуда, ба сифати раисони Иттифоқи нависандагони ҷумҳуриҳои худ баҳри тарғиби ғояҳои ягонаи дўстию бародарӣ дар якҷоягӣ камари ҳиммат бастанд. Шароф Рашидов лаҳзаҳои аввалини шиносоии худро бо шоири номдори тоҷик чунин ба қалам додааст: «Мирзо Турсунзода аз худи ибтидо ба ман таассуроти хубу амиқ гузошт. Ў марди серғайрату фаъол буд, доираи фикраш хеле васеъ буд ва санъаткори ҳақиқӣ буданаш ҳис карда мешуд».

Пас аз ин шиносоии онҳо ба дўстиву бародарӣ табдил ёфтааст. Инчунин, дар мувофиқа бо якдигар робитаҳои адабиро густариш додаанд. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 1958 дар шаҳри Тошканд Конференсияи якуми нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африқоро доир менамоянд. Вобаста ба ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ Шароф Рашидов ба фаъолияти дўсташ, адиби тоҷик – Мирзо Турсунзода баҳои баланд дода, аз ҷумла навишта буд: «Равобити эҷодии Мирзо Турсунзода, алоқаи шахсиаш бо аҳли адабиёти тараққипарвари мамлакатҳои Африқою Осиё аз бисёр ҷиҳат корро сабук кард. Фаъолияти пурҷўшу хурўш ва обрўю эътибори калони ў барои муҳайё шудани муҳити якдигарфаҳмӣ ва дўстии иштирокчиёни он асос гардид».

Ҳамин боис шуд, ки ҳар ду адиб ба мавзўи байналмилалӣ рў оварда, нахустин шуда дар адабиёти сермиллати шўравӣ ин масъаларо тарғиб карданд ва шеъру достонҳои алоҳидаро ба ин мавзўи ҳассоси он замон бахшидаанд. Бо таъсири силсилаи шеърҳои ҳиндустонии устод Мирзо Турсунзода адибони ўзбек, аз ҷумла Шароф Рашидов ва Зулфия, ба мавзўи байналмилалӣ даст заданд ва мисли адиби тоҷик ба муваффақият ноил гардиданд. Дар пайравӣ ба дўсташ Шароф Рашидов солҳои 1955 — 1956 повести худро бо номи «Таронаи Кашмир» аз чоп баровард, ки дар заминаи афсонаи қадими мардуми Кашмир таълиф гардида буд. Рў овардани нависанда ба таронаи кашмириён садоқати адиби ўзбекро нисбат ба халқҳои Шарқ, бахусус мардумони сарзамини Ҳинд, ифода намуда, ба онҳо пайғоми сулҳу амонӣ, ваҳдату садоқат ва меҳру вафоро мерасонд. Дар «Таронаи Кашмир» ду неру:  хайру шар амал намуда, бо ҳам дар набарданд ва дар ин пайкор оқибат қувваи некӣ бар бадӣ ғолиб меояд. Бо ин тарзи тасвир адиб халқҳои Шарқи мазлумро ба озодӣ даъват карда, ақидаҳои истиқлолхоҳиро тараннум менамояд.

Повести «Таронаи Кашмир» миёни аҳли васеи хонандагони шўравӣ ва берун аз он маҳбубият пайдо намуда, ба забонҳои мухталиф, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ, тарҷума гардид.  Мирзо Турсунзода соли 1958 дар рўзҳои баргузории Конференсияи якуми нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африқо ин повестро ба тоҷикӣ тарҷума намуда, аз нашр баровард.

Устод Мирзо Турсунзода дар муқаддимаи тарҷумаи худ доир ба ҳунари нависандагӣ ва хидмати шоёни дўсташ чунин навишта буд: «Вақте ки ман «Таронаи Кашмир» — и Шароф Рашидовро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардам, худамро хушбахт медонистам. Вай маро бо меҳрангезӣ ва шеърияти худ тасхир кард. Покизагии қиссаро ман ба худи муаллиф нисбат медиҳам, ки ў тамоми ҳаёти худро ба хизмати содиқонаи халқ бахшидааст».

Дўстиву ҳамкории Шароф Рашидов ва Мирзо Турсунзода  намунаи барҷастаи дўстии ду халқ маҳсуб ёфта, солҳои 60-70-уми қарни ХХ ба рафоқату бародарӣ табдил меёбад. Вохўриву суҳбатҳои самимии онҳо дар атрофи илму адаб, шеъру шоирӣ, равобити адабиву фарҳангии ду халқи бародар, таъсирпазирии онон аз ҳамдигар ва дигар масъалаҳо на танҳо дар вазъи расмӣ, балки сари як пиёла чой дар хонаҳои якдигар низ дар Душанбеву Тошканд сурат мегирифтааст.

Онҳо дар ҳамкорӣ боз чаҳор Конференсияи нависандагони Осиёву Африқоро баргузор намуданд, ки охиринаш тирамоҳи соли 1976, яъне як сол қабл аз фавти Мирзо Турсунзода, дар шаҳри Тошканд баргузор гардид. Гузашта аз ин, ҳамкории сиёсиву иҷтимоии Мирзо Турсунзода ва Шароф Рашидов дар доираи Кумитаи шўравии якдилии мамлакатҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ низ ҷараён мегирифт. Нахустин конференсияи якдилии се қитъаи олам соли 1966 дар пойтахти Куба – шаҳри Гавана баргузор гардид, ки дар кори он аз 82 мамлакати дунё иштирокчиён омада буданд. Ҳам Мирзо Турсунзода ва ҳам Шароф Рашидов тўли солҳои зиёд яке аз фаъолтарин иштирокчиёни ин ва дигар конференсияҳои якдилии мардумони се қитъа ба ҳисоб мерафтанд.

Ҳамин дўстии самимӣ бо шоири бузурги тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва хидматҳои шоистаи ходими намоёни ҷамъиятиву давлатӣ, адиби тавонои ўзбек Шароф Рашидов ва асарҳои пурмазмуну баландғояи вай дар қалбу зеҳни халқи тоҷик ҷой гирифта, мардуми мо меҳнати шоистаи ин нависандаи маҳбубро қадр менамоянд ва ба шахсияташ эҳтироми хосса доранд.

Шароф Рашидов дар баробари ходими ҷамъиятию сиёсӣ будан, яке аз адибони номии халқи бародари ўзбек дар қарни ХХ ба ҳисоб меравад. Вай чун адиби мубориз ва собитқадам қалами худро дар ҳама навъҳои адабӣ санҷида, дар асарҳояш муҳимтарин масъалаҳои иҷтимоии замонро ба тасвир кашидааст. Маҳсули эҷодиёти фарохдомани ў аз се бахш: назм, наср ва осори публитсистӣ иборат мебошад.

Фаъолияти адабии худро Шароф Рашидов аз назм оғоз намуда, нахустин маҷмўаи ашъори худро соли 1945 бо номи «Хашми ман» аз чоп баровард. Дар ин маҷмўа дар баробари шеърҳои бахшида ба ҳаёти колхозӣ, шеърҳои дар солҳои ҷанг навишташуда, ба монанди «Ҷанговар», «Қасос», «Хотираи қаҳрамон», «Духтар аз Белград» ва ғайра ҷой дода шудаанд, ки рўҳи баланди ватандўстона доранд. Минбаъд вай дар баробари эҷоди шеър ба наср рў оварда, дар ин ҷода асарҳои калонҳаҷми бадеӣ таълиф намуд. Романҳои «Ғолибон» (1951), «Зўртар аз бўрон» (1958) ва «Балоғат» (1971) дар умум асари сегона (трилогия) буда, нависанда воқеаҳои солҳои ҷанг ва баъдиҷангиро дар пайвандии ҳам ба риштаи тасвир кашидааст. Дар ин романҳотақдири халқи ўзбек дар давраҳои муайяни таърихӣ тасвир шуда, хислатҳои неки заҳматписандӣ, бунёдкорӣ ва инсондўстияшон таҷассум ёфтаанд.

Романи «Ғолибон» ба корномаи меҳнатии деҳқонони ўзбек баҳри аз худ кардани заминҳои навкорам бахшида шудааст. Пешорўи хонанда дар симои Ойқиз, Олимҷон, котиби райком Ҷўрабоев, муҳандиси рус Смирнов образҳои зиндадил, фаъол ва рўҳафзое ҷилвагар мешаванд, ки баҳри пешрафту ободонии ватани худ фидокорона заҳмат кашида, ба иттифоқи якдигар тамоми монеаҳоро сарбаландона паси сар менамоянд.

Дар романи «Зўртар аз бўрон» низ ҳамин қаҳрамонон амал мекунанд, аммо муборизаи онҳо бо образҳои манфӣ, чун раиси колхоз Қодиров, Алиқули савдогар ва Ғафури азмаҳбасбаргашта, баҳри сохтани ҳаёти нав боз ҳам шадидтар мешавад. Нависанда печутоби роҳҳои зиндагӣ, бархўрди хислатҳо,  низои ғояву ҷаҳонбиниҳоро бо як маҳорату ҳунари томи бадеӣ ба риштаи тасвир кашидааст. Дар романи «Балоғат» таҳаввули қаҳрамонони асари сегона бо пирўзии пурраи ҳаёти нав ба анҷом мерасад.

Шароф Рашидов соли 1974 романи нави худро бо номи «Мавҷи муқтадир» ба табъ расондааст, ки ба мавзўи қаҳрамонии синфи коргари ақибгоҳ дар солҳои ҷанг бахшида шудааст. Қаҳрамони марказии роман Пўлод Содиқовро бо сабаби мувофиқ набудани вазъи саломатӣ ба фронт равон намекунанд ва ў барои фаъолияти меҳнатӣ ба сохтмони зарбдори  «Ғалаба — ГЭС» меравад. Дар ин сохтмони барои хоҷагии халқ, махсусан соҳаи пахтакорӣ, зарур вай дар қатори ҳамкорони худ, чун Анвар, Рустам, Никитин рўз аз рўз пухта мегардид ва камол меёфт.

Дар ин роман низ нависанда фаъолмандии иҷтимоии қаҳрамони асосиро дар ҷараёни бархўрду низои ғоявӣ бо образҳои манфӣ, аз ҷумла котиби сеюми райком Тўрахонов нишон додааст, ки ҷанбаи иҷтимоӣ ва гуманистии асарро боз ҳам амиқтар кардааст.

Повести «Амри дил» (1983), ки охирин асари адиб мебошад, дар бораи муборизаҳои қаҳрамононаи партизанҳо бо фашистон нақл мекунад. Ҳамаи ин повесту романҳо, ки дар онҳо маънии инсондўстонаву эҷодкоронаи замонҳои гуногун тасвиру инъикос ёфтаанд, дар адабиёти сермиллати шўравӣ рўйдоди муҳими адабиву фарҳангӣ ба шумор мераванд.

Ба қалами Шароф Рашидов киносенарияи «Китоби ду дилдода» (бо ҳаммуаллифии В. Виткович) низ таълиф гардидааст. Киносенарияи мазкур дар асоси достони машҳури адиби тоҷик Мирзо Абдулқодири Бедил «Комде ва Мадан» навишта шудааст. Ҳамзамон, дар пешгуфтори он муаллифон қайд кардаанд, ки «… ғайр аз достони Бедил мо ривоятҳо, сурудҳо ва миниатюраҳои осиёимиёнагиро истифода намудем. Мо дар назди худ мақсад гузоштем, ки дар қаринаи сужет, мусиқӣ ва нигораҳои филм оид ба робитаҳои таърихии санъати Осиёи Миёна ва Ҳиндустон ҳикоят намоем».

Киносенарияи мазкур ифодагари он аст, ки дар ҳақиқат, Шароф Рашидов на танҳо аз мазмуну мундариҷаи ин достон ба хубӣ огоҳ аст, балки сарчашмаҳои таърихию ривоятии адабиёти тоҷикро ҷиддӣ омўхта, бо образҳои ҷовидонаи осори шифоҳӣ ва хаттии тоҷикӣ шинос мебошад ва бо муҳаббату самимияти хосса дунёи рангини ошиқони дилфигорро тасвир месозад.

Шароф Рашидов ба сифати публитсист низ маъруф буда, муҳимтарин масъалаҳои сиёсӣ, байналмилалӣ ва проблемаҳои муҳташами кишварашро дар ин жанр ифода менамояд. Дар мақолаҳои сершумори худ, аз ҷумла «Оид ба публитсистикаи бадеӣ», «Ҳамеша дар ёди мо», «Устоди хирадманд», «Кори бузурги адабиёт», «Салом, Москва», «Мулоқоти бародаронаи фарҳангҳои бародар», «Комёбиҳои мо, вазифаҳои мо», «Ибтидои роҳ» ва ғайра оид ба масъалаҳои мухталифи адабиёт, сиёсат ва иҷтимоиёт ибрози андеша кардааст. Мақолаҳои публитсистии вай дар маҷмўаҳои «Ҳукми таърих» (1950), «Парчами дўстӣ» (1967) гирд оварда шудаанд. Мазмуну муҳтавои публитсистикаи ў хеле фарох буда, онҳо ба масъалаҳои дўстии байни халқҳо, ҳамзистии миллатҳо ва масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвараш бахшида шудаанд.

Тоҷикон бо муҳимтарин асарҳои бадеии Шароф Рашидов натанҳо тавассути забони русӣ, балки ба забони модарии худ низ ошноӣ доранд. Аз солҳои 50-ум сар карда, қариб кулли осори ў дар тарҷумаи Мирзо Турсунзода («Таронаи Кашмир»), Фотеҳ Ниёзӣ, Раҳим Ҳошим, Анора Остонова («Ғолибон»), Фотеҳ Ниёзӣ («Зўртар аз бўрон»), Мутеулло Наҷмиддинов («Мавҷи муқтадир») ва дигарон дастраси хонандаи тоҷик гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки асарҳои Шароф Рашидов аз ҷиҳати мавзўъ, сужет, образҳо, тасвири маишат на танҳо ба зиндагии халқи ўзбек, балки ба тарзи зисти тоҷикон низ қаробат дорад, зеро мазмун ва рўҳи онҳо ба ҳаёти ҳар ду халқи дўсту ҳамсоя бисёр наздик мебошад.

Ҳамин мактаби дўстию рафоқат ва равобити адабию фарҳангиро адибони насли ҷавон идома дода, дар пайи чунин ҳамкориҳо дар рушди адабиёт ва санъат нақши арзанда гузоштанд. Махсусан, шоирон Ғаффор Мирзо, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Гулназар ва дигарон на танҳо дар мавзўи дўстии тоҷику ўзбек шеъру достонҳо таълиф кардаанд, балки дар тарҷумаи осори аксари шоирони ўзбек иштироки фаъол карда, дар муаррифии онҳо ҳиссаи сазовор гузоштаанд.

Нависандагони тоҷик Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил, Пўлод Толис, Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Саттор Турсун, Адаш Истад, Урун Кўҳзод, Абдулҳамид Самад ва дигар адибони тоҷик дар мавзўи дўстии халқҳои тоҷику ўзбек очерку ҳикоя, қиссаву роман навишта, бо аксари адибони шинохтаи ўзбек робитаи дўстона ва эҷодӣ доштанд. Махсусан, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Шавкат Ниёзӣ, Адаш Истад ба сафарҳои корӣ ба шаҳрҳои Тошкент, Бухоро, Самарқанд, Тирмиз, Фарғона рафта, бо хонандагону донишҷўён вохўриҳо доир мекарданд ва ба онҳо дар боби дўстию бародарӣ, ваҳдату осоиштагӣ сухан гуфта, оид ба асарҳои худ маълумот медоданд. Ҳамзамон, асарҳои адибони ўзбекро бо забони тоҷикӣ тарҷума карда, хонандагони тоҷикро бо сарнавишти халқи ўзбек, ҳаёту рўзгори онҳо ошно менамуданд.

Дар баробари ин, борҳо асарҳои сухансароёни тоҷик ба забони ўзбекӣ ва асарҳои шоирону нависандагони ўзбек ба забони тоҷикӣ тарҷума шуда, ба муносибати рўзҳои адабиёт ва санъати Ўзбекистони бародар солҳои 80- уми асри ХХ дар ду маҷмўа — “Чароғи фурўзон” ва “Чашмаи хурўшон” асарҳои адибони ўзбек ба забони тоҷикӣ тарҷума ва чоп гардидааст.

Дар ҳақиқат, баргузор шудани даҳаҳои адабиёт ва санъат миёни халқҳои тоҷику ўзбек аз солҳои панҷоҳуми қарни гузашта ба ҳукми анъана даромада, якчанд маротиба Рўзҳои адабиёт ва санъати Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон баргузор гардидаанд, ки онҳо дар таҳкими  робитаҳои дўстонаи халқҳои тоҷику ўзбек нақши назаррас бозидаанд. Ин рўзҳо ба тантанаи ҳақиқии дўстии халқҳо табдил ёфта, дар аксари марказҳои илмию адабӣ ва фарҳангии ҳар ду кишвар чорабиниҳо ва вохўриҳо доир шуда, мардум аз ҳунару истеъдоди адибону ҳунармандони тоҷику ўзбек завқ бурдаанд. Ба шарофати ҳусни тафоҳум ва назари некбинонаи ҳар ду ҷониб ин анъана аз нав эҳё шуда, соли гузашта Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ўзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ўзбекистон доир гардиданд, ки он аз ҷониби шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба хубӣ истиқбол гардиданд.

Бояд гуфт, ки нақши тоҷикон ва ўзбекон дар рушди санъати миллии ҳамдигар бағоят бузург мебошад. Ҳар ду халқ ба “Шашмақом” умри дубора бахшидаанд. Тавассути фарзандони фарҳангпарвари тоҷику ўзбек мусиқии “Шашмақом” рушд карда, дар ҳар ду кишвар мақом ва ҷойгоҳи хос пайдо намудааст. Дар санъати шашмақомхонӣ Ҳоҷӣ Абдулазизи Самарқандӣ, Бобоқул Файзуллоев, Фазлиддин Шаҳобов, ки донандагони хуби мактаби бузурги мақомхонӣ ба ҳисоб мерафтанд, дар тарбияи даҳҳо сурудхонони ўзбек нақш доранд ва мактаби мусиқӣ ва мақомхонии онҳо дар Тошкент, Бухоро, Самарқанд, Хева, Фарғона, Душанбе, Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент ва Исфара то ба ҳол побарҷо буда, аз равобити дўстӣ ва ҳамкориҳои аҳли ҳунари ин ду халқ дарак медиҳанд.

Лозим ба ёдоварист, ки нақши Консерваторияи давлатии Ўзбекистон дар тарбияи кадрҳои соҳаи санъати тоҷик назаррас буда, аз ҷумла Ҷўрахон Обидов, Аслиддин Низомӣ, Фароғат Азизӣ, Холаҳмади Маҷид, Абдувалӣ Абдурашидов, Қудратулло Ҳикматов ва чанде дигарон аз дастпарварони ин муассисаи таълимӣ мебошанд, ки дар соҳаи санъати касбии тоҷик ҷойгоҳи хосси худро доранд.

Дастаҳои ҳунарии ду ҷумҳурии ҳамсоя ва инчунин, аҳли санъати тоҷику ўзбек ҳамеша бо якдигар робитаҳои зичи ҳасана барпо намуда, аз мактабҳои ҳунарии ҳамдигар баҳраҳо гирифтаанд. Ҳамкориҳои ансамблҳои “Баҳор” (Ўзбекистон) ва “Лола” (Тоҷикистон), санъаткорони ўзбеку тоҷик аз қабили Ортиқ Отаҷонов, Муноҷот Юлчиева, Шералӣ Ҷўраев, Ботир Зокиров, Фаррух Зокиров,  Маъруфхўҷа Баҳодуров, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷўрабек Муродов, Ҷўрабек Набиев ва дигаронро ба ёд овардан кофист, ки аз робитаи фарҳангии ду халқ дарак медиҳанд.

Дар соҳаи синамогарӣ низ ҳамкориҳои тоҷикону ўзбекон намунаи барҷастаи робитаҳои амиқи эҷодии ду халқи ба ҳам дўсту бародар мебошад. Ин ҳамкориҳо аз охири солҳои 30- юми асри ХХ оғоз шуда, ба фаъолияти коргардонии Комил Ёрматов – фарзанди халлқи тоҷик алоқаманд аст. Нахустин филмҳои кўтоҳметражро дар бораи тоҷикон ва ўзбекон вай ба навор гирифта, дар ҳамон солҳои ниҳоят мураккаб пешкаши тамошобинон карда буд. Пасон, Комил Ёрматов бевосита ба рушди синамо дар Ҷумҳурии Ўзбекистон машғул шуда, ин соҳаро дар кишвари ҳамсоя то охири умраш равнақу ривоҷ дод ва шогирдони зиёдеро ба воя расонид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон синамогарони шинохтаи кишвар  Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров, Маргарита Қосимова, Бақо Содиқов, Валерий Аҳадов ва дигарон дар рушди синамои касбӣ саҳми беандоза дошта, дар бисёр филмҳои худ ҳунармандони тоҷику ўзбекро даъват карда, нақшҳои асосиро ба намояндагони ҳар ду ҷумҳурӣ тақсим мекарданд. Ҳунарпешагони шинохта, аз қабили Ато Муҳаммадҷонов, Сайрам Исоева, Ҳошим Гадоев, Ўлмас Алихоҷаев, Рустам Саъдуллоев, Шуҳрат Эргашев ва дигарон дар филмҳои ин коргардонҳо нақши асосиро бозида, шуҳрати синамои тоҷику ўзбекро баланд бардоштаанд. Баъзе аз ин филмҳо соҳиби ҷоизаҳои баланд ҳам шудаанд.  Дар ин самт низ дўстию рафоқати ду халқ   равшан ба чашм расида, нишонаи арҷ гузоштан ба санъат ва ҳунари ҳамдигар мебошад.

Боиси хушнудист, ки ба қарибӣ Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев кинорежиссёри шинохтаи тоҷик Бақо Содиқро, ки солҳои охир дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекард, соҳиби шаҳрвандии Ҷумҳурии Ўзбекистон гардонид. Мухлисони ин синамогари тоҷик аз ин кори хайр шод шуда, тавассути шабакаи иҷтимоӣ дар лайкҳои худ Бақо Содиқро табрик карда, ба ў саломатӣ ва барори кор хоста, ин амали хайрро нишонаи қадрдонӣ ва оғози ҳусни нияти дўстонаи ду роҳбари давлат ва ду халқи ба ҳам бародар маънидод намуданд. Умедворем, ки устод боз ба Душанбе омада, дар наворгирии филмҳо ба шогирдонашон раҳнамоӣ мекунанд.

Ин дўстию бародарӣ дар давраи ба истиқлолияту озодӣ расидани ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ўзбекистон сатҳи сифатан нав касб намуд. Дар фосилаи беш аз чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ, ду кишвари дўст робитаҳои ҳасанаи ҳамсоягиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшида, дар самтҳои мухталифи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд.

Махсусан, дар солҳои 90 — уми асри ХХ дар соҳаи илм, адабиёт ва фарҳанг анъанаҳои пешин идома ёфта, корҳои зиёди дастаҷамъӣ дар ду кишвар баргузор гардидаанд. Бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири баргузор намудани солномаи устод Айнӣ Кумитаи Айнӣ мавзўи “Садриддин Айнӣ ва Алишери Навоӣ” — ро ба нақша гирифт ва ин чорабинии илмӣ бо иштироки олимони ду кишвари ҳамсоя ва дўст баргузор гардид. Ҳамчунин, дар маросими пардабардорӣ аз рўи лавҳаи хотиравӣ доир ба ёдбуди Фотеҳ Ниёзӣ дар шаҳри Самарқанд адибони тоҷик иштирок карда, аз маҳорат ва истеъдоди ин адиб, ки аввал ба забони ўзбекӣ шеъру мақолаҳо таълиф мекардааст, ёд намуда, нақши ўро дар рушди ду адабиёт ба некӣ ёдоварӣ намуданд.

Дар ҳамин давра баъзе ҳунармандони тоҷик дар саҳнаву театрҳои Ҷумҳурии Ўзбекистон консерти ҳунарӣ ва эҷодӣ баргузор карда, иддае аз овозхонони машҳури Ўзбекистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвари мо бо барномаҳои ҳунарӣ баромад карда, садои дўстӣ ва оҳангҳои дилкаши бародариро дар фазои мамлакатамон паҳн намуданд. Ҳамаи ин чорабиниҳои фарҳангӣ аз муҳаббат ва дўстии ин ду халқ дарак дода, риштаҳои бародариро устувортар мегардонанд.

Асоси ин ҳама муваффақиятҳо, бе шаку шубҳа, сулҳу ваҳдат ва дўстӣ буда, тоҷикон ва ўзбекҳо ин сифатҳои олиро ба дигарон тарғиб мекарданд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифзу ҳимоя менамуданд. Аз ин лиҳоз, мавзўи дўстиву рафоқат, якдиливу ҳамдигарфаҳмӣ яке аз мавзўъҳои умдаи адабиёту фарҳанги оламшумули тоҷикон ва ўзбекҳо ба шумор меравад.        Ҳамин нуктаро аллома Б. Ғафуров қайд карда, аз ҷумла навишта буд: «Дар тўли ин қарнҳо байни назму ҳамосаи ўзбекон ва ҳамосаю адабиёти мардуми тоҷик таъсири мутақобил мавҷуд буд. Дар ин давра синтези расму одатҳо, маросим ва фарҳанги халқҳои тоҷику ўзбек пурмаҳсул давом кардааст».

Дар воқеъ, дўстии ин ду халқ аз қадим на танҳо дар анъанаву суннатҳо ифода меёфт, балки дар робитаҳои фарҳангию адабияшон низ таҷассум гардида, шуҳрати беандоза касб мекард. Бовар дорем, ки ба шарофати ташрифи меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва сиёсати адабпарваронаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дўстӣ боз ҳам рушд карда, пару боли тоза мегирад ва пайғоми меҳру муҳаббат ва рафоқату бародарии ин халқҳоро чун кабўтарони сулҳ ба дуриҳои дур бурда, номи ҳар ду халқро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар машҳур мегардонанд.

                                                                

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,

узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон