Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад

 4-6 июли соли 2024 бо даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.

Дар доираи сафар мулоқоти дуҷониба дар шакли маҳдуд ва васеъ баргузор хоҳад шуд.

Ҳамчунин Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар дигар чорабиниҳои расмӣ иштирок хоҳад намуд.