Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко вохӯрӣ намуданд
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко барои иштирок дар ҷаласаи пленарии Форуми 8-уми байнипарламентии «Тоҷикистон ва Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ва Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои афзалиятнок ва мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардид.