Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон ифтитоҳ гардиданд
Шоми 11 октябри соли равон дар шаҳри Тошканд дар толори Театри давлатии академии калони ба номи Алишер Навоӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рўзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ўзбекистон баргузор гардид.
Дар барномаи консертӣ устодони варзида ва ҷавонони соҳибистеъдоди санъати тоҷик, ба мисли Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Фотима Машрабова, Шарофат Усмонова, Амирҷон Рўзиев, Хуршед Иброҳимов, Муҳаммадрафӣ Кароматулло, Дилноза Каримова ва Дамирбек Олимов ҳунарнамоӣ карда, тамошобинони ӯзбекро ба ваҷд оварданд.
Тибқи иттилои Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар барномаи консертӣ ҳамчунин ансамбли овозадори рақсии «Зебо» ҳамчун муаррифгари санъати рақсии тоҷик бо рақсҳои зебову мафтункунанда таваҷҷуҳи тамошобинонро ҷалб намуд.
Рўзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ўзбекистон то 14 октябр идома меёбанд.
АМИТ "Ховар"