Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон оғоз гардиданд

Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи  Садриддин  Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон оғоз гардиданд. Дар ҳамоиш бахшида ба ифтитоҳи рӯзҳои фарҳангӣ роҳбарияти вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Туркманистон, намоядагони вазорату идораҳои дахлдор, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дигарон иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки бо ташаббуси Сарони ду давлат Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор мегарданд. Ин рӯзҳо дар густариши муносибатҳои дӯстӣ  байни мардумони ду давлат ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи Тоҷикистон ва Туркманистон саҳми назаррас мегузоранд. Ҳамзамон ба ин восита  равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  густариш меёбад.

Дар ҷамъомад аз ҷониби ҳунармандони туркман барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида мешавад.

Бояд гуфт, ки  пояи муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамчун давлатҳои соҳибистиқлол ҳанӯз 27 январи соли 1993 тибқи санад «Доир ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» оғоз гардида буд.

Тибқи барнома, 4 апрел  ифтитоҳи намоиши мусаввара ва намунаи ҳунарҳои мардумии Туркманистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад.

Ҳамзамон дар ҷараёни баргузории рӯзҳо 4 апрел барномаи муштараки консертии устодони санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон – «Шоми дӯстӣ» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мегардад.

Иштирокчиёни рӯзҳои фарҳангӣ 5 апрел ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар намуда, барномаи фарҳангиашонро манзури тамошобинон мегардонанд.

Ёдовар мешавем, ки  Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон 5 апрели соли 2024 анҷом меёбанд.

 София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»