САДА-НИШОНЕ АЗ ТАМАДДУНИ БОСТОНИИ ТОҶИКОН. Андешаҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид

Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки миллати тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва муаррифии арзишҳои фарҳангӣ муваффақ гардад. Эҳё ва густариши доманаи ҷуғрофии онҳо дар таҳкими ҳофизаи таърихӣ, ифтихори ҳувияти миллӣ, муаррифии фарҳанги пурғановати миллат дар сатҳи байналмилалӣ, корбаст намудани идеяҳои инсонсозу бунёдгари арзишҳои давоми ҳазорсолаҳо ташаккулёфтаи ниёгон, истифодаи ҷавҳари маънавии онҳо дар шароити кунунӣ ва шинохти чеҳраи аслии миллати тоҷик ҳамчун миллати дорои тамаддуни оламгир дар миқёси сайёра заминаи устувор гузошт.

Имрӯз ҳар тоҷики асил аз ҷаҳонӣ шудани ҷашнҳои бостонии миллат, аз ҷумла Наврӯз ва Сада ифтихор менамояд.

Дар раванди ҳамгироии фарҳангҳо ва фарҳангсозии субъектҳои муайяни ҷомеаи башарӣ, ки ин равиш бархурди тамаддунҳоро ба вуҷуд меорад ва сабаби чолишёҳои сиёсӣ мегардад, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангии ниёгон ва ба таври шоиста муаррифӣ намудани онҳо аз ҷониби ҷомеаи мо аз ҳар вақти дигар дида, зарурати бештар касб менамояд. Ба таъбири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «фарҳанг ҳастии миллат аст».

Дар муборизаҳои шадиди идеологӣ дар ҷомеаи муосир, ки қудратҳои ҷаҳонӣ дар пасманзари муаррифии арзишҳои бебунёд ва ба ҷомеаҳои мавриди ҳадаф бегона ҳофизаи таърихии онҳоро тахриб ва ҳадафҳои созмондодашудаашонро амалӣ намудан мехоҳанд, ҳифзу густариши фарҳангу тамаддуни миллӣ яке аз омилҳои муносиб ва аз қавли ҷомеашиносон, дар таъмини бақои миллат ва пойдории давлат неруи нарм маҳсуб мешавад.

Ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба феҳристи мероси моддиву ғайримодии башарият ворид намудани номгӯи муайяни мероси ниёгон иқдоми саривақтӣ ва мӯшикофона арзёбӣ мегарданд.

Бешубҳа, Тоҷикистон ягона давлате аз миёни меросбарони фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ мебошад, ки бо сарварии роҳбари хирадсолораш Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи суннатҳои аҷдодӣ саъйи бештару беҳтаре анҷом медиҳад. Аз рӯзҳои аввали ба Истиқлолияти давлатӣ расидан дар ҳошияи сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ дар амал татбиқ шуданд, ки ин раванд то кунун бо суръати баланд идома дорад.

Маҳз шахсияти фарҳангии Пешвои миллат аз асоситарин унсурҳои бунёдӣ дар таҷдиди арзишҳои миллӣ ва фарҳангии мо — тоҷикон мебошад. Аз таҷрибаи халқҳои ҷаҳон бармеояд, ки ҳамон миллате имрӯз ва дар оянда некному поянда боқӣ мемонад, ки бо таърих ва суннатҳои неки ниёгонаш пайванди ногусастанӣ дошта бошад. Ин пайванд ва иртибот дар арҷгузории арзишҳои фарҳангӣ ва пайравӣ аз корномаи мондагори чеҳраҳои барҷаста вобаста мебошад. Дар ин самт чораҳои зарурӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал татбиқ мегарданд.

«2500-солагии Истаравшан», «Соли тамаддуни ориёӣ», «2700-солагии Кӯлоб», «800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ», «Соли бузургдошти Имоми Аъзам», «115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров», «110-солагии Сайдалӣ Вализода», «130-солагии Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ» ва ғайра таҷлил гардиданд. Ҳамчунин ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО ворид шудан ва ҷашн гирифтани Наврӯз, Сада, Меҳргон, «1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ», «100-солагии Мирзо Турсунзода», «100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ», «600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ», «3000-солагии Ҳисор», «700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ», «5500-солагии Саразм» ва ғайра дар доираи чорабиниҳои сатҳи баланд ҷиҳати муаррифии тоҷикон дар миқёси байналмилалӣ ва эҳёи таърихи ниёгон иқдоми бетаъхир ва муассир мебошанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” таъкид намуданд, ки «соли 2023  15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид  шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо намудани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид».

Имрӯз дар қатори дигар ҷашну суннатҳои неки ниёгон Сада бо шукуҳу шаҳомати хосса дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ин ҷашн ҳазорон сол хизмат дорад ва аз куҳантарин ҷашнҳои ориёӣ (ҳатто қадимитар аз Наврӯз) ба шумор меравад. Сада рамзе аз куҳан будани фарҳанги миллати тамаддунофари тоҷик аст, ки дар худ маърифат ва шинохти табиату ҷомеаро аз ҷониби ниёгони мо ҳанӯз дар аҳди бостон инъикос намудааст.

Сада далели бумӣ, кишоварзу шаҳрнишин ва тамаддунофар будани тоҷикон аст. Ин ҷашн гувоҳи он аст, ки гузаштагони мо кишоварзу муқимӣ буда, дар соҳили дарёҳо ва водиҳои хушманзар ба сар мебурданд. Кишоварзон дар ин айём тибқи анъана бояд ба кандани наҳрҳову заҳбурҳо, тоза намудани ҷӯйборҳо, мондани яхоб, пошидани пору ба замин, омода намудани тухмӣ, воситаҳои кишоварзии мавриди ниёз, нигоҳубини махсуси ҳайвоноти хонагӣ барои аз зимистон солим баровардани онҳо тадбирҳои зарурӣ меандешиданд.

Бояд гуфт, ки Сада ҳам монанди ҷашнҳои дигари суннатии сол аз дидгоҳи ниёгони мо ҷузве аз ҳодисаву дигаргуниҳои воқеии кайҳонӣ мебошад, ки акси садои таҳвилу таҳаввул ва таъсири бевоситаи ҳаракати ҷирмҳои мунири осмонӣ ба табиат нуфузи муассир гузошта метавонад.

Баъди зимистони ба вуҷуд омадани тағйирот дар олами хокӣ ва фаъолияти бевоситаи инсон ба замин оғози тайёрӣ ва омодагӣ ба фасли баҳор ва таҷлили иди Наврӯз аст. Ин ҷашн тибқи устураҳо дар замони шоҳони қадими пешдодӣ, ки таърихи тахминан 6-7 ҳазорсола доранд, баргузор мешудааст. Мисоли барҷастаи ин ҳамон устураи «Бунёд ниҳодани ҷашни Сада» аз ҷониби шоҳ Ҳушанг дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аст. Метавон ба таври мантиқӣ тахмин зад, ки ин устура аз замони Пешдодиён то рӯзгори Фирдавсӣ ҳамчун эътиқоди мардум ба Хуршед ва рамзи он ба оташ дар байни омма ифода шуда, баъдан Фирдавсӣ онро ба назм даровардааст.

Перомуни номгузорӣ ва айёми Сада андешаҳои гуногун иброз  шудаанд. Иддае аз донишмандон, аз ҷумла Абурайҳони Берунӣ ба ин боваранд, ки ҳаргоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона шуморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд, сабаби чунин ном гирифтани ин ҷашн ин аст, ки дар ин рӯз фарзандони Каюмарс сад тан шуданд.

Сада тамоми самтҳои ҳаётии ниёгонро фарогир буд. Самтҳои иҷтимоию фарҳангии пайдарҳамии ҷашнҳои солона низ мавҷуд мебошанд, ки онҳо бар асоси бахши кишоварзӣ падид омаданд, зеро ин ҷашнҳое, ки аз аввали пайдоишашон ғояву мароми сиёсиву идеологӣ надоштанд ва давраҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии ниёгонамон давоми солро ифода менамуданд, пайваста бо ҷашнҳои порсоию мардумӣ дар ҳаёти ҷомеа рукнҳои асосии камолоти ахлоқӣ  ба вуҷуд оварданд, ки зинаҳои худшиносии инсонро дар шакли хеле сода инъикос намуданд.

Аз омӯзиши натиҷаи пажуҳиши манбаъҳои таърихӣ аз ҷониби муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ бармеояд, ки Сада ба ҳеҷ дину мазҳабе пайвандӣ надошта, маҳсули тафаккур ва ҷаҳонбинии аҷдоди тоҷикон-ориёиҳо буд. Фалсафа ва ҳикмати бунёдии ин ҷашнро маҳз ҷанбаҳои иҷтимоии он, ки побанди ҳеҷ гуна ғояҳои мазҳабиву динӣ нест, ташкил медиҳад.

Дар шароити авҷгирӣ ва тундшавии риторикаи эътиқодиву мазҳабӣ Сада ҷашне аст, ки мардумонро сарфи назар аз мансубияти нажодӣ, миллӣ, динӣ, забонӣ ва мавқеи иҷтимоӣ ба ҳам меорад ва зиндагии мусолиҳаомези инсониро талқин менамояд. Аз ин зовия ҷавҳари маънавии ҷашни Садаро ҳамбастагӣ, шодиву сурур, иродаи шикастнопазири инсоният дар муқобили неруҳои аҳриманӣ, дар таъмини зиндагии шоиста заҳматкашиву тобоварӣ ва мушкилнописандӣ ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар хотираи фарҳангии халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дорад ва хеле хуб аст, ки чанд соли охир он дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ таҷлил мешавад. Имрӯзҳо дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, дар он шаҳрҳое, ки тоҷикон ва ориёитаборон — курдҳо, паштунҳо, балучҳо ва дигар мардумони ориёитабор кору зиндагӣ менамоянд, Сада бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар тарабхонаҳо ба ифтихори ҷашни Сада базми ҷамшедӣ баргузор менамоянд.

Аз баракати Истиқлолияти давлатӣ ҷашни Сада эҳё гардид. Акнун шукуҳи бостонии он ба таври рӯзафзун боло меравад.

Дар меҳвари фалсафаи ҷашни Сада оташ қарор дорад, ки он рамзи покӣ ва ғалабаи қувваи некӣ бар бадӣ аст. Дар гузашта ба ин муносибат гулханҳои калон афрӯхта мешуд. Дар гирди ин гулханҳо корвони шодмонии Сада барпо мегардид. Баъди кашфи оташ ва муқаддас гардидани он ниёгони мо барои худ ҷашни Садаро эҳё намуданд. Он инъикосгари рамзи ҷовидонагии Хуршед ва муқаддас донистани оташ буда, ба зиндагии инсон ва робитаи ӯ бо табиат вобастагии муҳим дорад. Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ заминае фароҳам овард, ки аҷдоди мо ба ин муқаддасот ҳатто эътиқод пайдо намуд. Дар ҳоле, ки Хуршед бо нуру гармии хеш ба зиндагии инсон гармӣ ворид намуд, пас, оташу рӯшноӣ барои мунаввар намудани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошт.

Аҷдоди мо ба сӯи оташ нигариста ё дар партави рӯшноии он дастони худро ба сӯи Хуршед, ки аз ҳама ситораи наздиктарин ба сайёраи замин аст ва ниёгони мо ҳастии заминро ба мавҷудияти неруи Хуршед вобаста медонистанд, яъне ба сӯйи осмон мебурданд ва барои рушди сатҳи зиндагии худ аз Яздони якто ёрӣ мехостанд.

Мақсади асосии ниёиш раҳоӣ аз сардиҳои шадиди зимистон, расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб ҷиҳати кишту кор буд.

Ҳамчунин  дар рӯзи таҷлили ҷашни Сада ҳунармандону ширинкорон, дорбозон, аспакбозҳо, паҳлавонон ва онҳое, ки аз ҳунаре бархурдор буданд, ҳунарнамоӣ менамуданд.

Ҳамчунин арӯсакҳое, чун рамзи Хуршеди тобон таҳия мегардад; рамзи Бобои Деҳқон, ки интизори баҳору Наврӯз аст, намоиш дода мешавад; ҳангоми ҷашни Сада ҳамчун рамзи зимистони сарду ҷодугар тимсоли пиразани аҷуза сохта, бо чеҳраи масхараомези хандадор барои тамошобинон пешкаш мегардад.

Сада ба сифати ҷашни миллию мардумӣ на танҳо барои дилхушиву зиёфат баргузор мешавад, балки он манбаи кумаки кишоварзон гардида, ҷиҳати инкишофи боғдориву токпарварӣ, гулкорию гулпарварӣ, чорводорию зироаткорӣ ва дар маҷмуъ ободкорӣ, мусоидат менамояд.

Бешубҳа, ҷашни Сада бо неруи бузургаш дар фарҳанги миллат ба тадриҷ шукуҳмандтар гардида, ҳамчун рамзи ифтихори миллӣ қавитар мешавад.

Гуфтан ба маврид аст, ки ҷашни Сада миёни халқияти аҳди бостон, мисли юнониёну румиён ва дигар қавму миллатҳо маъмул буд. Ин ҳам дар ҳоле аст, ки фарҳангу тамаддуни оламгири мо ба ҳар роҳу восита ба мардумони дорои фарҳангу маданияти дигар бетаъсир набуд. Муҳаққиқони барҷаста Нилсон ва Томас Ҳойд дар таҳқиқоти хеш маросиму одоби ҷашнҳои тоҷиконро барои шиносоии аврупоиҳо шарҳ додаанд. А. Кристенсен ҳам ҷиҳатҳои муштараки ҷашни Сада ва оташро бо ҷашнҳои роиҷ дар Аврупо нишон додааст.

Ҳамин тавр, ҷашни Сада аз зумраи унсурҳои фарҳанги ғании аҷдоди мо ба шумор меравад, ки хусусияти иҷтимоӣ — иқтисодӣ дошта, ҳамчунин инсонро ба ҳамгироӣ ва меҳнату талош даъват менамояд. Чи тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, «ойину таомулҳои Сада одамонро ба амалҳои хубу писандида, аз қабили ба ҳам сухани нек гуфтан, ҳамдигарро эҳтиром намудан, дар осоишу оромӣ умр ба сар бурдан, дар ҳама ҳолат шарики ҳамдигар будан, кори хайр намудан, заминро дӯст доштан, табиатро ҳифз кардан ва дигар кирдорҳои нек даъват менамоянд».

Нуктаи дигари хеле муҳимму арзишманд, ки бо ифтихор аз он метавон сухан гуфт, маҳз тафаккури эҳёгари миллати тоҷик бо сарварии Пешвои миллат мебошад. Баъд аз зуҳури арзишҳои бегонагон ва манъи ҷашнгирӣ аз ин суннатҳои миллӣ то ҷое онҳоро аз ёди халқ дур бурд. Пас аз соҳибистиқлол гардидан ҷашну анъанаҳои неки аҷдодӣ маҳз бо ҷаҳду талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё ва дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ гардиданд.

Умари Хайём дар «Наврӯзнома»  менависад: «Ҳар сол то ба имрӯз ҷашни Садаро подшоҳони некаҳд дар Эрон ва Тӯрон ба ҷой меоваранд, баъд аз он ба имрӯз, замони ин ҷашн ба дасти фаромӯшӣ супурда шуд ва фақат зартуштиён, ки нигаҳбони суннати бостонӣ буда ва ҳастанд, ин ҷашни бостониро барпо медоштанд».

Дар айни замон зарур аст, ки ғояҳои баланди ҷашни Сада, монанди инсондӯстӣ, арҷгузорӣ ба унсурҳои муқаддаси табиат, монанди замину об, ҳамчунин меҳнату талош баҳри зиндагии босуботу арзишманд байни ҷомеа тарғибу ташвиқ шаванд.

Дар раванди эъмори давлатдории миллӣ эҳёи чунин суннатҳои аҷдодӣ ба ташаккул ва рушди тафаккури миллӣ мусоидат менамояд. Махсусан, ташвиқи арзишҳои ҷашнҳои Садаву Наврӯз, ки пурра тарғибгари заҳмату талош баҳри рушди Ватани маҳбубамон мебошад, саривақтӣ ва зарур мебошад.

Маҳз ҳамин хусусияти ба ҷомеа созгори суннатҳои фарҳанги тоҷикон аст, ки новобаста аз равандҳои пуртазоди таърихӣ онҳо аксаран то имрӯз боқӣ мондаанд. Ҷиҳати поку беолоиш нигоҳ доштани чунин унсурҳои фарҳанги ғановатманди миллат моро зарур аст, ки ҳамеша онҳоро ҳифз намоем ва дар пайи боз ҳам устувор намудани мақоми иҷтимоии онҳо бошем.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
президенти Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон, профессор