Сайри осори Бедил

Дар толори калони Кумита бо иштироки чанде аз аъзои маҳфили «Хирадмандон» ва толибилмони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Мақоми Бедил дар адабиёти классикии форсии тоҷикӣ» машварати навбатӣ доир гардид. Ровӣ ихлосмандони осори яке аз намояндагони бузурги адабиёти форсии тоҷикӣ шоир, насрнавис ва нобиғаи барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ аллома Мирзо Абдулқодири Бедилро   хайрамақдам гуфта, сархати маҳфилро гўшзад намуд.

Маънии баланди ман фаҳми тунд мехоҳад,
Сайри фикрам осон нест, кўҳаму кўтал дорам.

Ба идомаи суханони боло зикр ёфт, ки мутафаккири форсизабони Ҳиндустон, ахтари тобноки шеъри оламгир Мирзо Абулқодири Бедил дар паҳнаи суханварӣ мақоми баландеро молик буда, аҳли илму адаб ўро бо унвони Абулмаонӣ ёд мекунанд.

Дар мавриди зиндагиномаи шоир метавон гуфт, ки авлодонаш дар Хуф ном мавзеи канори шаҳри Нишопури наздики Хуросон басар бурдаанд. Муаллифи тазкираи «Миръоти воридот»-Вориди Теҳронӣ силсилаи насаби Бедилро ба охирин подшоҳи сулолаи музаффариёни Форс-шоҳ Мансур ҳадс мезанад. Ба иддаои Айнии бузургвор ба таркиби номи шоир илова гардидани калимаи «Мирзо»-ро далели сардори бузург будани яке аз гузаштагонаш донистааст. Дар замони хунрезиҳои мазҳабии хонҳои ӯзбек ва Сафавиёни Эрон падар ва бобои Бедил, ки аз мардуми Самарқанд буданд, тарки ватан карда, рӯ ба Ҳинд овардаанд.   Падараш Мирзо Абдулхолиқ орифи вораста ва пайрави тариқаи қодирия буд. Худи Бедил ҳам сипоҳизода буд. Ҳамзамон ба пири ин тариқат Абдулқодири Гелонӣ, ки муҳаббати воло дошт, ба фарзандаш Абдулқодир ном гузошт. Бедил баъди маҳрумияти ятимӣ дар 4-солагӣ таҳти тарбияи   модараш монда, дертар ба мактаб рафт. Дар 7-солагӣ   қории мураттаби Қуръон гардид. Истеъдоди шоирияшро амакаш Мирзо Қаландар пай бурда, ўро ба шеър гуфтан талқин намуд. Рубоии машҳури зер далели ин иддао шуда метавонад: 

Ёрам ҳар гоҳ бар сухан меояд,
Бӯи аҷабеш аз даҳан меояд.

Ин бӯи қаланфур аст ё накҳати гул,
Ё роиҳаи мушки Хутан меояд?

Баъди муқаддимаи ровӣ Фурўҳар Тоҳирӣ, муҳаррири шабакаи бурунмарзии «Овози тоҷик», дар зимни суханронияш изҳор дошт, ки аввалҳо Бедили ширинсухан бо тахаллуси «Рамзӣ» шеър мегуфт. Пас аз мутолиаи «Гулистон»-и Саъдӣ тахаллуси «Бедил»-ро гирифтааст. Ҳангоми сафарҳо бо шоирону орифон Шоҳмулук, Муллодарвеш Волаи Ҳиравӣ, Шоҳқосими Ҳуваллоҳӣ ва ҳокими вилояти Орисса Саййидмаҳмуд Хонидаврон Якка Озод шинос шуда, аз вай иншои шеъру зарофатгӯӣ омӯхт. Вай аз асрори илми соҳирӣ низ бохабар буд. Амалиёти соҳирии Шоҳкобулӣ ўро ба ҳайрат гузошта, тарзи ҳаёташро дигаргун сохт, ки ба  дарвешӣ рў овард.  Ҳамин боис шуда, ки Бедил аз унсурҳои илми сеҳр дар эҷоди бадеӣ ба таври лозим истифода кардааст. Ў 15 соли умрашро дар дарбори Аъзамшоҳ  гузаронида, сазовори рутбаи понсадӣ гардида бошад ҳам, муҳити дарборро намеписандид.

Эй басо маънии равшан, ки зи ҳирси шуаро,
Хоки ҷавлонгаҳи аспу хари аҳли ҷоҳ аст.

В-эй басо нусха, ки дар мактаби ташвиши тамаъ,
Рӯсиёҳии абад аз мадҳи амиру шоҳ аст...

Силамуштоқи гадотабъ зи мазмуни баланд,
Гар ҳама пой бар афлок ниҳад, дар чоҳ аст!

Мирзо Абдулқодири Бедил тӯли 77 соли умр замони 11 подшоҳро дида, дар васфи Аврангзеб, Баҳодуршоҳ, Фаррухсияр, Ҷаҳондоршоҳ ва дигар шоҳзодаҳою амирону вазирон чанд қасидаву ғазал ва қитъаи таърихӣ гуфтааст. Се бор ўро подшоҳи Ҳиндустон Аврангзеби Оламгир ба дарбор даъват менамояд, аммо Бедил бо хоксорӣ рад намудааст. Баъди ноамн гаридани вазъи сиёсии пойтахт ва сар задани шӯришҳо шоир чанде дар Лоҳур (Панҷоб) бо орифи замон Мирзошариф машғули сайёҳат шуда, дар Кашмир, Мултон, Акбаробод суҳбатҳои илмию адабӣ барпой кард. Бори нахуст Бедил соли 1669 хонадор шуда буд. Бар давоми 4 бори издивоҷ кардан, тўли беш аз 50 соли хонадорӣ танҳо соли 1706 соҳиби як писар шудааст. Вале соли 1710 фарзанди ягонаи ӯ аз бемории обила аз дори дунё дармегузарад. Чанд байти марсияи навиштааш далолат ба ин вазъ аст:

Ҳайҳот, чу барқ парфишон рафт,
К-ошӯби қиёматам ба ҷон рафт.

Гар тобе буду гар тавон, рафт,
Тифлам з-ин куҳна хокдон рафт.

Баъди сайёҳатҳо шоир Деҳлиро иқоматгоҳи доимӣ қарор дода, ба   таълифи асарҳои нав шуғл меварзад. Кошонаи ў макони баргузории ҷамъомади шоирону орифон буд. Ў бо эҷодиёти суханварони мумтози давраш аз қабили Ҳилолӣ, Зулолӣ, Толиб, Сомӣ, Шайдо ошноии хубе доштааст. 

Вусъати шеърии Бедил баландошён аст ва бештари ғазалҳои ӯ 15-байтиро таркиб медиҳанд. Шеъри ў дар миёни муштариён ба гунае нуфуз дорад, ки аз ин ба баъд шуҳрат касб менамояд. Чунон ки шоир мегўяд:

Бедил, таҷаддудист либоси хаёли ман,
Гар сад ҳазор сол барояд, куҳан наям.

Ваҳдату ягонагӣ дар осори Бедил ҷойгоҳи хосса дошта, дар он олам ҷилваи Ҳақ ва инсон он оинаест, ки ба тамошои таҷаллии Ҳақ дар олами вуҷуд менигарад. Аз нигоҳи ӯ мавҷудоте, ки офарида шудааст, маҳкум ба фанову нестӣ хоҳанд буд. Кулли мавҷудот суратҳои вуҷудӣ ҳастанд,   чашми бедор онро дидан метавонад. 

Абулмаонӣ тамоми падидаҳои табиату таҳаввулоти ҷомеаро ба инсон пайванд медиҳад. Яъне қалби инсонро тасхиркунандаи олами кабир меҳисобад. Инсон бо ҳамин вазифаҳояш дар олам азамат дошта, на танҳо халифаи Худованд дар рӯйи замин аст, балки олами сағир ва беҳтарин мазҳари Худованд маҳсуб мешавад.  

Олам варақе зи дафтари инсон аст,
Гардун дуде зи маҷмари инсон аст.

Он дона, ки ҳаст шоху баргаш ба ҷаҳон,
Гулкарда зи ҷайбаш самари инсон аст.

Осори манзум ва мансури Бедил аз девони ашъор, девони рубоиёт, маснавиҳои «Муҳити аъзам», «Ирфон», "Тӯри маърифат", "Тилисми ҳайрат", асарҳои мансури «Нукот», «Чор унсур», "Ишорот ва ҳикоёт" ва «Руқаот» фароҳам омадааст. Девони ашъори шоир анвои гуногуни адабӣ-ғазал, қасида, достон мухаммас, таркиббанд, қитъа, тарҷеъбанд, мураббаву муаммо, луғзу чистон ва маснавиҳои «Танбеҳу-л-муҳаввисин» (210 байт), «Сифати асп» (391 байт), «Сифати фил» (100 байт), «Сифати шамшер» (45 байт) ва «Сифати забону гуфтори маъшуқ» (7 байт)-ро дар бар мегирад.

Ашъори Бедил ҳаҷман ба 100 ҳазор байт мерасад, ки то замони мо 70 ҳазори он расидааст. Ӯ дар пайравӣ ба ғазалҳои Ҳофиз ва Соиб   эҷодкорона муносибат менамояд. Девони шоир бо матлаи зерин оғоз меёбад:

Ба авҷи Кибриё, к-аз паҳлуи аҷз аст роҳ он ҷо,
Сари мӯе гар ин ҷо хам шавӣ, бишкан кулоҳ он ҷо.

«Рубоиёт»-и Бедил беш аз 4000 буда, дар онҳо мазмунҳои рӯзмарраи ҳаёт ва тасвири ашёи муҳит ифода гардидаанд. Дар ин қисмат ў аз мактаби рубоисароии Умари Хайём баҳравар аст. Ҳамчунин дар маснавиҳои «Тилисми ҳайрат», «Тури маърифат», «Муҳити аъзам» ва «Ирфон» афкори ирфонӣ ҷой дошта, дар маснавиҳои «Ишорот ва ҳикоёт», «Фараснома», «Никот», «Наргисистон» (ҷавоб ба «Гулистон»-и Саъдӣ) мавзуи тарбия ва ахлоқ ба мушоҳида мерасад.  

Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон осори Бедил бештар  дастраси хонандагон гардида истодааст. Дар шиносонидани хонандагони сершумор бо аҳвол, эҷодиёт ва рӯзгори Бедил хидмати устод Садриддин Айнӣ,  донишмандони Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон беҳамтост.

Сипас, атрофи маъруза Баҳриддин Ҳабибӣ, ҳавасманди фаъолтарини маҳфил, Заррина Раҳматова, корманди Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон», Аслонзода Мунаввара, толибилми Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон, омўзгор Бурҳониддин Боронӣ ба сухан баромада, оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти Абулмаонӣ Бедил андешаронӣ карданд. Махсусан, ироаи ҷозибаноку шевои ғазалҳо бар мабнои ашъори шоир аз ҷониби Б. Ҳабибӣ сомеонро тасхир намуд.

Маҳфил бо садои дилнишини омўзгор ва овозхони шинохта Бурҳониддин Боронӣ ҳусни анҷом пазируфт.