САРЗАМИНИ КӮҲҲОИ АЛМОСИН ВА ОБҲОИ НУҚРАГИН. Тоҷикистон бо кӯҳҳои ҳайратангези худ сайёҳони хориҷиро бештар ҷалб менамояд. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии кӯҳнавардон

8-уми  августРӯзи байналмилалии кӯҳнавардон. Тибқи арзёбиҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 яке аз нуқтаҳои асосӣ- ин сайёҳии кӯҳнавардӣ ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки моҳи феврали соли 2023 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия соҳиби ҷоизаи «Мамлакати ҷолибтарин дар  Осиё барои саёҳати кӯҳнавардӣ» гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҷаҳон  на танҳо мамлакати  офтобӣ, инчунин сарзамини кӯҳҳои  баланд  ба шумор меравад, зеро 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳои осмонбӯс ташкил  медиҳанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки аз лиҳози имконияти сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии экологӣ, солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ, истироҳатӣ ва ғайра дар минтақа ва ҷаҳон ҷойгоҳи намоён касб намудааст. Дар Тоҷикистон солҳои охир сайёҳии кӯҳнавардӣ рушд намуда, соҳаи сердаромад маҳсуб мешавад.

Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Соҳаи сайёҳӣ ҳамчун василаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ, соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойҳои нави корӣ, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ нақши  арзанда мебозад. Ба ибораи дигар, дар шароити ҷаҳонишавӣ сайёҳӣ мавқеи устувор касб намуда, ба шуғли дӯстдошта ва доимии мардумони сайёра мубаддал гаштааст.
Бо назардошти ин омилҳо ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои мамлакат,  бо шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии иқтисодии сокинони мамлакат бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шуда буданд, ки далели  таваҷҷуҳи рӯзафзуни  Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи сайёҳӣ мебошад.

Баландтарин нуқтаҳои кӯҳҳои Тоҷикистон

Тавре маълум аст, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбафалаккашидаи худ дар ҷаҳон ҳамчун давлати дорои боду ҳавои тозаву озода, обҳои шифобахш, кӯлу дарёҳо, чашмаҳои мусаффо ва манзараҳои нотакрор, ки диққати сайёҳонро ҷалб менамоянд, машҳур гардидааст. Нисфи заминҳои Тоҷикистон аз 3000 метр баландтар буда, дар он гоҳ-гоҳ растаниву ҳайвонотро вохӯрдан мумкин аст. Баландтарин кӯҳи Тоҷикистонро қуллаи Исмоили Сомонӣ – 7495 метр (собиқ Коммунизм) ташкил медиҳад, ки дар давлатҳои Осиёи Миёна аз ҳама баландтарин мебошад. Дигар нӯги кӯҳи осмонхарош қуллаи Абуалӣ ибни Сино буда, баландиаш 7 134 метр мебошад. Инчунин қуллаҳои Корнижевский бо баландии 7105 метр ва дигарон маълум ҳастанд. Аз ҳама қуллаи баландтарини Осиёи Миёна – кӯҳҳои Помир мебошанд, ки дарозиашон 800 км ва баландиашон 5000-7000 метр аз сатҳи баҳрро ташкил медиҳад. Дар минтақаи Помир, ки онро инчунин «Боми Ҷаҳон» меноманд, асосан кӯҳҳои бе растанӣ ва сангҳою дарёҳои оҳиста ҷоришаванда мавҷуд мебошанд. Дар бисёр қуллаҳои ин кӯҳҳо пиряху барфҳои чандинсола ҷойгир буда, сарчашмаи дарёи Амуро ташкил медиҳанд.

Ногуфта намонад, ки соли 2014 маҷаллаи «Forbes» яке аз кӯҳҳои маъруф ва қуллаи баландтарин дар Осиёи Миёна- қуллаи Исмоили Сомониро ба рӯйхати 14 макони аз ҳама бештар ғайриодии собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, инчунин маҷаллаи Топ– 100 кӯҳҳои Помирро ба рӯйхати мавзеъҳои ҷолибтарини ҷаҳон дохил намуд.

Тавре гуфтем, баландии қуллаи Исмоили Сомонӣ 7495 метрро ташкил медиҳад, ки 1440 метр аз Эверест пасттар аст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз се кӯҳи баландиашон аз 7 ҳазор метр зиёдтар дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сетоаш дар қаламрави Тоҷикистон воқеъ мебошанд.

Тазаккур бояд дод, ки сайёҳии кӯҳнавардӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаи гардишгарӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ гардида, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби дӯстдорони ин навъи сайёҳӣ пайваста корҳои зарурӣ  амалӣ мегарданд.

Бозори хизматрасонии сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зимни ба Тоҷикистон омадан сайёҳони хориҷӣ бештар ба намудҳои сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор майлу рағбат доранд.

Ҳоло дар бозори хизматрасонии сайёҳӣ 246 ширкати сайёҳӣ, 191 меҳмонхона, 26 ҳостел (меҳмонхона) ва мотел (меҳмонхонаи канори роҳ барои ронандагон), 1 кемпинг (лагер) ва 5 пойгоҳи сайёҳӣ ва истироҳатӣ фаъолият намуда, ба дӯстдорони сайру саёҳати кӯҳнавардӣ хизмат расонида истодаанд.

Кумита ҳамасола бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат дар якчанд намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, аз ҷумла Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin-2023» дар шаҳри Берлини Олмон, Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT-2023» дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия, Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Arabian Travel Market — 2023» дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок намуда, имконияти сайёҳии кӯҳнавардиро таблиғу ташвиқ менамояд.

Ҳамзамон бо мақсади муаррифии имконоти сайёҳии мамлакат, аз ҷумла сайёҳии кӯҳнавардӣ сабти барномаи телевизионии «Магия вкуса» тариқи шабакаи «Моя планета» ва сабти видеороликҳои рекламавӣ бо хронометражи 15, 30 ва 120 сония тариқи шабакаи ҷаҳонии «BBC World News» таҳия шуда, дар онҳо иқтидори сайёҳии кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон инъикос ёфтааст.

Кумитаи рушди сайёҳӣ бо дастгириву роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат, бахусус сайёҳии кӯҳнавардӣ аз тамоми имконоти сайёҳӣ васеъ истифода менамояд.

София ШОИК,
АМИТ
«Ховар»

 АКС аз манбаъҳои боз