Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Давлати Қатар оғоз гардид
21 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар гардиданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Давҳа меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтирому самимияти хос Вазири давлатии Вазорати корҳои хориҷии Қатар доктор Муҳаммад ибн Солеҳ ал-Хулайфӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Ба муносибати сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони фурудгоҳ бо парчамҳои ҳар ду давлат идона оро ёфта, аксҳои сарони давлатҳо гузошта шуд.
Ба хотири пазироии сатҳи баланди меҳмони олимақом роҳрав бо қолини сурх густурда шуда, аз ду канори он қаровули фахрӣ саф кашид.