Соли 2024 дар Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид
Соли 2024 дар мамлакат бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Пешниҳоди дахлдор имрӯз зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардонида шуд.
Дастур дода шуд, ки тамоми сохтори мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ҳамаи захираю имкониятҳоро ҷиҳати таъмини тартибот ва волоияти қонун барои соли 2024, ки 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд.
«Зеро аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст, яке аз дастовардҳои муҳимтарини мо мебошад», — таъкид намуданд Сарвари давлат.
Иброз гардид, ки амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсяи имкон дод пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон ёбанд, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким бахшида шаванд, рушди устувори иқтисодӣ таъмин гардад, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона муҳайё сохта шавад.