Сомонаи телевизиони «Синамо» бо нишонии www.sinamo.tv фаъол гардид
Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барорбари Муассисаи давлатии Академияи васоити ахбори умум ва Муассисаи давлатии телевизиони Варзиш, ҳамчунин Муассисаи давлатии телевизиони Синаморо ифтитоҳ намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин муассисаҳоро ба ҳозирин табрик намуда, онро дар рӯзҳои аввали фасли зебои баҳорӣ ва дар арафаи истиқбол аз 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаи арзандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба сокинони мамлакат маънидод кард.
Инчунин, барои бозтоби бештари синамои тоҷик дар фазои иттилоотии байналмилалӣ Муассисаи давлатии телевизиони Синамо сомонаи худро дар нишонии www.sinamo.tv фаъол гардонид, ки минбаъд тамошобинон ва дӯстдорони синамои тоҷики дар баробари барномаҳои телевизионии Муассиса метавонанд тариқи сайти он аз дастовардҳо ва навгониҳои соҳа огаҳӣ пайдо кунанд.