Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Нахуст дӯсту бародари гиромии худ, Ҷаноби Олӣ Шаҳбоз Шариф Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ва ҳайати ҳамроҳашонро бори дигар хайрамақдам мегӯям.

Мо аз идомаи пайвастаи раванди тамосҳои сиёсии Тоҷикистон ва Покистон дар сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ менамоем.

Музокироти мо зимни сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби Олӣ Шаҳбоз Шариф чун анъана дар фазои ҳусни тафоҳуми комил, самимият ва эътимод ба ҳамдигар сурат гирифтанд.

Мо натиҷаҳои мулоқотҳои имрӯзаро омили муҳимми таҳкиму тавсеаи тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Покистон арзёбӣ менамоем.

Имрӯз ҷонибҳо бастаи нави санадҳои ҳамкориро ба имзо расониданд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатии ду кишвари ба ҳам дӯстро дучанд тақвият мебахшанд.

Бахусус, мехоҳам аҳаммияти таърихии Созишнома дар бораи шарикии стратегиро таъкид намоям.

Бовар дорам, ки сатҳи сифатан нави робитаҳои ду ҷониб омили рушди самарабахши онҳо дар ҳамаи самтҳои ҳамкорӣ хоҳад гардид.

Ҳар ду ҷониб бар он назаранд, ки ҳамкории фарогир ва созанда комилан ҷавобгӯи манфиатҳои дарозмуддати мардумони ду кишвар мебошад.

Ҳамзамон бо ин, таъкид гардид, ки пешбурди ин раванд ба густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақаи фарохи Осиёи Марказиву Ҷанубӣ мусоидати ҷиддӣ менамояд.

Мо сатҳи имрӯзаи ҳамдастиву эътимоди сиёсии миёни ду кишварро баланд арзёбӣ намуда, муколамаи мунтазам ва пурмазмуни сиёсиро омили такондиҳандаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду ҷониб медонем.

Дар айни замон мувофиқи мақсад мебуд, ки арсаи ҳамкориҳои иқтисодӣ тавассути идомаи самарабахши кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ тавсеа дода шавад.

Дар ҷараёни мулоқоти сатҳи олӣ мо ба таври муфассал маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додем.

Вобаста ба ин, имконоти фаровони густариши муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи ин самтҳо зикр карда шуд.

Ҳамчунин, аҳаммияти тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ махсус таъкид гардид.

Қобили тазаккур аст, ки соли равон дар асоси муқаррароти Созишномаи моҳи декабри соли 2022 баимзорасида «Дар бораи тиҷорати транзитӣ», бори аввал аз Покистон корвони мошинҳои боркаши Ширкати миллии логистикии Покистон ба Тоҷикистон ворид шуд.

Мо умед дорем, ки доираҳои сармоягузори кишвари дӯсти Покистон дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёнаи он иштироки фаъолу судманд хоҳанд дошт.

Ин, алалхусус, ба барномаҳои рушди саноат, энергетика, инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ, сайёҳӣ, маориф ва тандурустӣ тааллуқ дорад.

Яке аз лоиҳаҳои дорои аҳаммияти минтақавӣ ва барои кишварҳои Осиёи Марказиву Ҷанубӣ муҳим барномаи КАСА–1000 мебошад.

Ҷараёни татбиқи ин лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқ дар маркази диққати мо қарор дошт.

Тоҷикистон кишвари маҳсур бо хушкист.

Дар ин замина, мо бори дигар манфиатдории худро ба истифодабарии имконоти бандарҳои баҳрии Покистон ва шабакаҳои мавҷудаи транзитӣ барои тавсеаи тиҷорат дар сатҳи минтақа таъкид доштем.

Ҳар ду ҷониб нисбат ба мавзӯоти густариши ҳамкории фарҳангиву башарӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Дар робита ба ин, аз ҷониби мо ба аҳаммияти амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва тавсеаи робитаҳои илмиву техникӣ ишора карда шуд.

Мо доир ба номгӯйи фарохи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намудем.

Вобаста ба ин, нисбат ба мавзӯи рушду такомули густариши ҳамкориҳои бисёрҷониба, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, созмонҳои ҳамкории исломӣ ва ҳамкории иқтисодӣ, дигар сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Зимни муҳокимаи вазъияти имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон мавриди диққати ду ҷониб қарор дошт.

Ҷониби Тоҷикистон бар он аст, ки суботи комил ва барқарории иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон барои таъмини амният ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ аҳаммияти хосса дорад.

Ба ин манзур, Тоҷикистон ҳамеша манфиатдори он аст, ки дар ин кишвари ҳамҷавор сулҳу амонии пойдор ҳукмфармо бошад. Дар ин раванд таъсиси ҳукумати воқеан ҳамашумулро омили калидӣ мешуморем.

Масъалаҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷиноякории муташаккили фаромарзӣ, ки ба амнияти ҳар ду кишвар ва тамоми минтақа хатари ҷиддӣ эҷод месозанд, мавриди баррасии мо қарор доштанд.

Дар ин самт бештар ҳамоҳанг намудани фаъолияти хадамоти махсус ва дигар сохторҳои марбутаи ду давлат тақозои замон дониста шуд.

Мо аз сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷаноби Олӣ Шаҳбоз Шариф изҳори қаноатмандии комил менамоем.

Натиҷаҳои дар доираи ин сафар бадастомадаро боз як қадами муҳим дар самти густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди ду кишвар арзёбӣ мекунем.

Ҳоло риштаи суханро бо камоли майл ба Ҷаноби Олӣ медиҳам.

Марҳамат, бародари гиромӣ.

******

Ташаккур, Ҷаноби Олӣ.

Аз даъвати Шумо ҷиҳати анҷом додани боздид аз сарзамини Покистони дӯст сидқан миннатдорам.

Бо камоли сарфарозӣ аз ин даъвати дӯстонаи Шумо истифода хоҳам кард.

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум,

Нишасти матбуотии мо ба поён расид, барои иштирок дар он ба ҳамаи ҳозирин сипоси хешро изҳор менамоям.

Саломат бошед!