Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони олиқадри Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик»!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик садҳо чеҳраҳои мондагоре ҳастанд, ки нақши онҳо барои пойдории миллат, посдории илму фарҳанг, худшиносиву худогоҳии мардум ва ободии сарзамини аҷдодӣ басо арзишманд мебошад.

Яке аз чунин чеҳраҳои барҷастаи давраи навтарини таърихи миллати тоҷик аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад, ки дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ саҳми бисёр муассир гузоштааст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳар яки шумо – ҳозирини арҷмандро ба ифтихори 115-солагии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ходими номдори давлативу сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров самимона табрик мегӯям.

Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро дар ҷодаи таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст.

Барои фаъолияти барҷастаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба Бобоҷон Ғафуров бо Фармони Президенти мамлакат аз 8-уми сентябри соли 1997 унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бобоҷон Ғафуров дар муҳите тарбия ёфта буд, ки дар он муҳаббат ба илму дониш ва фарҳангу адаб арзиши баланд дошт.

Аз ҷумла, модари ӯ шоираи номдор Розияи Озод, ки бо асарҳои адибони классики тоҷик, хусусан, бо осори устод Рӯдакӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизу Бедил ва дигар шоирону донишмандон ошноии комил дошт, дар ташаккули шахсияти фарзанди худ нақши ҳалкунанда бозид.

Ҷавҳари ашъори ин модари огоҳу донишманд аз ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ иборат буд.

Самараи тарбия дар фазои мусоиди оилавӣ буд, ки Бобоҷон Ғафуров баъдтар ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, тарғибгари арзишҳои ҳаётбахши миллӣ ва таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар фазои пӯшидаву мураккаби даврони хеш ба камол расид.

Бобоҷон Ғафуров аз корманди одии созмони ҷавонон, рӯзноманигорӣ ва муҳаққиқи таърихи халқи тоҷик то роҳбари аввали ҷумҳурӣ ва директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои давлати абарқудрати Шӯравӣ расида, зиёда аз 21 сол ин маркази бузурги илмиро сарварӣ кардааст.

Фаъолияти илмии ӯ аз омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик оғоз ёфта, баъдан ҳаракатҳои милливу озодихоҳии мардуми Машриқзамин, масъалаҳои миллӣ дар давлати Шӯравӣ, таърихи афкори сиёсиву ҷамъиятӣ, зиндагиву осори мутафаккирони бузурги Шарқ ва масъалаҳои мубрами илми шарқшиносӣ мавриди таҳқиқи доманадори олим қарор гирифтаанд.

Аввалин мақолаҳои таҳлилию танқидии ӯ ҳанӯз дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» чоп шудаанд, ки мавзӯи асосии онҳоро масъалаҳои таърихӣ ва зиддияту муборизаи ҷомеаи нав ва куҳна ташкил медоданд.

Бобоҷон Ғафуров навиштани мақолаҳои таърихиву сиёсӣ, таҳлилӣ ва илмиву оммавиро ҳангоми иҷрои вазифаҳои масъулиятноки ҳизбиву давлатӣ низ пайваста идома додааст.

Ӯ дар мақолаҳои худ илова ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои баландихтисос, фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, такмили сатҳи дониши кормандони мақомоти давлативу ҳизбӣ ба таърихи бостонии халқи тоҷик, адабиёту фарҳанги пурғановати тоҷикон ва роҳҳои баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа эътибори ҷиддӣ медод.

Аз нимаи дуюми солҳои 30-юм фаъолияти сиёсии олим оғоз мегардад ва дар ин давра ӯ дар вазифаҳои гуногуни ҳизбиву давлатӣ кор карда, то мақоми роҳбари аввали ҷумҳурӣ, яъне котиби якуми Кумитаи марказии ҳизби ҳокими вақт интихоб мешавад.

Бояд гуфт, ки Бобоҷон Ғафуров нахустин тоҷике буд, ки пас аз ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба чунин мақоми баланди сиёсӣ интихоб ва таъин гардидааст.

Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод.

Соли 1942 мақолаи ниҳоят муҳимми Бобоҷон Ғафуров «Муборизаи халқи тоҷик бар зидди истилогарони аҷнабӣ» ва баъдан соли 1944 дар заминаи он китоби «Халқи тоҷик дар мубориза барои озодӣ ва истиқлолияти ватани худ» нашр мешаванд, ки дар роҳи баланд бардоштани ҳисси ватанпарастии мардум ва муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ нақши муассир мегузоранд.

Ӯ дар солҳои баъдиҷангӣ бо маҳорати баланди кордонӣ ва масъулиятшиносӣ дар танзиму такмили иқтисодиёти ҷумҳурӣ талош варзида, саъю кӯшиши худро ба он равона намуд, ки Тоҷикистон ба ҷумҳурии пешрафта табдил ёбад.

Соли 1947 Тоҷикистон аз рӯйи ҳосилнокии пахта дар миқёси Шӯравӣ ба ҷойи аввал ва аз рӯйи ҳаҷми истеҳсоли он ба ҷойи дуюм баромад.

Барои натиҷаҳои беҳтарини дар солҳои 1946 – 1947 бадастоварда 184 нафар пешқадамони истеҳсолоти ҷумҳурӣ, аз ҷумла 41 нафар занон ба гирифтани унвони Қаҳрамони меҳнат ва 4216 нафар бо ордену медалҳо сарфароз гардонида шуданд.

Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар бунёди даҳҳо корхонаи азими саноатӣ, рушди соҳаи аграрӣ, бахусус, дар самти муҳоҷирсозии мардуми кӯҳистон барои азхудкунии заминҳои бекорхобида ва пешрафти илму фарҳанги Тоҷикистон басо арзишманд мебошад.

Бунёди муассисаҳои нави илмиву таълимӣ, таъмин намудани онҳо бо мутахассисони таҷрибадор ва аз дигар ҷумҳуриҳо ба Тоҷикистон даъват кардани беҳтарин олимони соҳаҳои гуногуни илм аз ҷумлаи ташаббусҳои Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Зери роҳбарии бевоситаи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Душанбе соли 1948 Донишгоҳи давлатӣ, соли 1951 Академияи илмҳо ва соли 1955 Донишкадаи политехникӣ ба фаъолият оғоз намуданд.

Бобоҷон Ғафуров бо олимону адибон дар иртиботи доимӣ қарор дошт ва инкишофи илми Тоҷикистонро пайваста дастгирӣ, назорат ва роҳнамоӣ мекард.

Дар солҳои роҳбарии Бобоҷон Ғафуров силсилаи ҳафриёти бостоншиносӣ роҳандозӣ гардид, ки натиҷаи онҳо дар омӯзиши мукаммали таърихи гаронқадри миллати фарҳангии тоҷик аз аҳаммияти хос бархурдор аст.

Ҳанӯз соли 2016 дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» ман таъкид карда будам, ки дар давраи роҳбарии Бобоҷон Ғафуров (солҳои 1946 – 1956) ягон соҳаи муҳимми ҷумҳурӣ аз мадди назари ӯ дур намондааст.

Мехостам боз як самти сиёсати оқилонаи Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун роҳбари оқилу кордони ҷумҳурӣ дар самти амалӣ сохтани нақшаи муҳоҷиркунӣ таъкид намоям.

Бобоҷон Ғафуров зимни сиёсати муҳоҷиркунии дохилӣ, пеш аз ҳама, тараққиёти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии халқ ва иттиҳоду ягонагии мардуми тоҷикро дар меҳвари фаъолияти роҳбарии худ қарор дода буд.

Мехоҳам як нуктаи муҳимро хотирнишон намоям, ки илова ба иҷрои вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ маҳз Бобоҷон Ғафуров пас аз устод Садриддин Айнӣ ба таҳқиқи мукаммали таъриху тамаддуни тоҷикон иқдом намудааст.

Ӯ дар марҳалаи нави рушди илму фарҳанги тоҷик риштаи тоҷикшиносиро густариш бахшид, ки аввалин падидаи дурахшони он эҷоди асари бунёдии «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» мебошад.

Ин асар бори аввал соли 1947 дар шаҳри Душанбе ба забони тоҷикӣ нашр гардид.

Арзиши баланди илмии китоби мазкур ҳамчун дастоварди илми таърихшиносии тоҷик дар он ифода меёбад, ки се маротиба – солҳои 1949, 1952 ва 1955 ба забони русӣ дар Москва ба нашр расидааст.

Ҳадафи Бобоҷон Ғафуров аз нашри ин китоб ва асарҳои минбаъда ба ҷаҳониён собит намудани ин ҳақиқати илмӣ буд, ки тоҷикон яке аз қадимтарин миллатҳои дунё буда, дар раванди рушди тамаддуни башарӣ нақши басо арзишманди таърихӣ бозидаанд.

Воқеан, ин асар шӯълае буд, ки ба саҳифаҳои торику фаромӯшгардидаи таърихи миллати тоҷик равшанӣ андохта, ба худшиносии миллӣ, ифтихори ватандории мардуми тоҷик ва фарзандони бедордилу фидоии миллат рӯҳи тоза бахшид.

Устод Садриддин Айнӣ чопи китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик»-ро бо хушнудӣ истиқбол карда, онро такони ҷиддӣ дар дарки илмии гузаштаи ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Осиёи Миёна, қабл аз ҳама, тоҷикон ҳисобидааст.

Қобили зикр аст, ки маҳз баъди нашри ин китоб Бобоҷон Ғафуров аз тарафи мутахассисони соҳа ҳамчун асосгузори илми таърихи тоҷикон эътироф гардид.

Баъди чопи асари зикршуда Бобоҷон Ғафуров таҳқиқоти бунёдиро доир ба таърихи миллати тоҷик идома дода, соли 1972 дар Москва асари безаволи худ «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна»-ро, ки воқеан шиносномаи миллати тоҷик мебошад, ба чоп расонид.

Ин шоҳасари безавол, ки самараи заҳмати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқи тоҷик ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

«Тоҷикон» асарест, ки таърихи миллати тоҷикро аз замонҳои қадимтарин то ибтидои асри XX-ум дар бар мегирад ва дар заминаи маводи зиёди бостоншиносӣ, осори фаровони хаттии таърихиву адабӣ ва таҳқиқоти олимони маъруфи Шарқу Ғарб ба таври хеле муфассал таълиф шудааст.

Дар ин асари безавол ҷараёни ташаккулёбии миллати тоҷик, рушди фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон бо ин, лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаёти мардуми мо ва қаҳрамониҳои таърихии фарзандони ҷоннисори он возеҳу равшан ва бо истифода аз сарчашмаҳои муътамади таърихӣ баён гардидаанд.

Аҳаммияти ин асар имрӯз, яъне дар шароити вусъати рӯзафзун пайдо кардани паҳлуҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ барои худшиносиву худогоҳии миллии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон ва тавсеаи тафаккури таърихии онҳо торафт меафзояд.

Бо дарназардошти ин, мо шоҳасари безаволи Бобоҷон Ғафуровро аз нав чоп карда, ба ҳар як оилаи сокини мамлакат ҳамчун туҳфаи Роҳбари давлат дастрас намудем.

То ин замон китоби «Тоҷикон» дар кишвари мо чанд маротиба чоп шуда буд, вале бо сабаби маҳдуд будани теъдоди нашр ба китоби хеле камёб табдил ёфта буд.

«Тоҷикон» ҳоло китоби рӯйимизии ҳар як фарди соҳибмаърифат ва бонангу номуси миллати тоҷик мебошад.

Илова бар ин, шарҳу тавзеҳи мухтасари илмиву оммавии ин шоҳасар ба хотири комилан дастрасу фаҳмо шудани мазмуну муҳтавои он ба ҳар як сокини кишвар аз тарафи олимони Академияи миллии илмҳо омода ва чоп гардид.

Ҳоло «Тоҷикон» ба забонҳои англисӣ, ҷопонӣ, полякӣ, чинӣ, арабӣ ва фаронсавӣ тарҷума, нашр ва тавассути расонаҳои интернетӣ ба ихтиёри хонандагон ва дӯстдорони таърихи бостонии халқи тоҷик гузошта шудааст.

Китоби «Тоҷикон» барои ҳавзаи фарҳангии забони тоҷикӣ – форсӣ, пеш аз ҳама, Афғонистон ва Эрон низ бо хати ниёгон ба табъ расид.

Олими дақиқкор бо ин асари худ таърихи миллатеро, ки дар илму фарҳанг ва таъриху тамаддуни башарӣ нақши барҷаста бозидааст, аз нав зинда гардонид.

Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ дар шоҳасари худ исбот намуд, ки миллати фарҳангиву тамаддунофари тоҷик бо доштани чунин таърихи пурифтихор, мероси ғании илмиву адабӣ ва анъанаву арзишҳои асилу пурбор ҳаргиз ба таърихсозӣ, яъне таҳрифи огоҳонаи таърих ва афзалиятхоҳиву бузургтарошии бебунёд эҳтиёҷ надорад.

Арзиши баланд ва таҳлилу таҳқиқи фарогири илмии ин асар аз ҷониби маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои Шарқ ба таври сазовор истиқбол ва эътироф гардид.

Хизмати дигари барҷастаи Бобоҷон Ғафуров дар он аст, ки бо заҳмату талошҳои ӯ солҳои 40-ум – 70-ум дар Тоҷикистон мутахассисони баландпояи илми таърихшиносӣ тарбия ёфтанд ва ба камол расиданд.

Бо ташаббуси академик Бобоҷон Ғафуров солҳои 1963 – 1965 бори аввал асари илмии «Таърихи халқи тоҷик» дар се ҷилду панҷ китоб омода ва нашр гардид, ки дар ҳаёти илмиву фарҳангии кишвари мо рӯйдоди бесобиқа буд.

Бобоҷон Ғафуров дар давраи роҳбарии худ тавонист як гурӯҳ олимону шарқшиносони барҷаста – А. Семёнов, М. Андреев, А. Якубовский, М. Дяконов, А. Беленитский, А. Окладников, А. Манделштам, Б. Литвинский, Е. Давидович ва дигаронро барои фаъолияти доимии корӣ ба Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон даъват намояд.

Минбаъд бо кумаку ташаббуси бевоситаи ӯ соли 1971 «Шоҳнома» дар 2 ҷилд ба забони русӣ ва 9 ҷилд ба хати ниёгон дар «Силсилаи мероси хаттии Шарқ» ба табъ расид.

Дар он солҳо таҳқиқоти бевоситаи Бобоҷон Ғафуров ё зери назари ӯ силсилаи асарҳои «Фирдавсӣ – шуҳрат ва ифтихори маданияти ҷаҳонӣ» (1972), «Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад ал — Берунӣ» (1974), «Амир Хусрави Деҳлавӣ ва достони ӯ «Ҳашт биҳишт»» (1971), «Мирзо Fолиб – шоири бузурги Шарқ» (1972) ва «Ал-Форобӣ дар таърихи маданият» интишор ёфтанд, ки аз ҷониби муҳаққиқони кишварҳои гуногун сазовори баҳои баланд гардиданд.

Дар хориҷи кишвар тарҷума ва нашр гардидани асарҳои арзишманди Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла «Тоҷикон», «Дар бораи робитаҳои Осиёи Миёна бо Эрон дар замони Ҳахоманишиҳо», «Искандари Мақдунӣ ва Шарқ» далели равшани эътирофу эътибори ҷаҳонии ӯ мебошад.

Бобоҷон Ғафуров ҳамчун муҳаққиқи барҷаста ва ташаббускори илм дар рушди ховаршиносӣ низ саҳми бузург гузошт.

Ӯ тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ илми шарқшиносии Шӯравиро ба сатҳи ҷаҳонӣ бардорад.

Пас аз сарвари Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Шӯравӣ таъин шудани ин донишманди бузург доираи омӯзиши таъриху фарҳанги мардумони Машриқзамин хеле васеъ гардид.

Дар он солҳо бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Бобоҷон Ғафуров перомуни масоили тамаддуни мардуми Шарқ бузургтарин конгрессу симпозиумҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд.

Яке аз чунин ҳамоишҳои донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ, ки ба масъалаи басо муҳим – омӯзиши таърих, бостоншиносӣ ва фарҳанги Осиёи Марказӣ дар аҳди Кушониён бахшида шуда буд, соли 1968 дар пойтахти Ватани мо – шаҳри Душанбе доир гардида, боз як саҳифаи торики таърихи гузаштаи халқи моро равшан сохт.

Институти шарқшиносӣ дар давраи роҳбарии фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар муддати хеле кӯтоҳ на танҳо дар собиқ Шӯравӣ, балки дар сатҳи байналмилалӣ ба яке аз марказҳои бузургтарини илмӣ дар самти омӯзиши кишварҳои Осиё ва Африқо табдил ёфт.

Ба шаҳодати шарқшинос – ҷопоншиноси маъруфи рус Владимир Алпатов он давра «марҳалаи беҳтарин дар ҳаёти институт буд».

Маҳз ба ҳамин хотир, олими тоҷик Бобоҷон Ғафуров яке аз поягузорони шарқшиносӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Россия шинохта шудааст.

Бобоҷон Ғафуров дар таърихи гузаштаи халқҳо, пеш аз ҳама, лаҳзаҳоеро меҷуст, ки роҳро ба созандагӣ, наздикӣ ва дӯстии онҳо ҳамвор созанд.

Имрӯз мо ифтихор дорем, ки маҳз фарзанди номдори миллати мо дар таҳқиқи тамаддуни мардуми Осиё ва Африқо пешоҳанг буд ва дар ин ҷода корҳое ба сомон расонид, ки солҳо аз ёди мардумони Машриқзамин нахоҳанд рафт.

Бобоҷон Fафуров ҳаёт ва фаъолияти гуногунҷанбаи худро на танҳо ба пешрафти иқтисодиёту маънавиёти Тоҷикистон бахшидааст, балки ҳамчун олим ва сиёсатмадори оқил сарфи озодиву истиқлол ва рушди илму тамаддуни бисёр кишварҳои Шарқ низ кардааст.

Хизматҳои ӯ дар роҳи ба ҳам наздик сохтани тамаддунҳо ва таҳкими сулҳ дар сайёра бо медали тиллоии Шӯрои умумиҷаҳонии сулҳ қадршиносӣ шудаанд.

Ӯ ҳамчунин яке аз аввалин шахсоне мебошад, ки бо ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру сарфароз гардидааст.

Бобоҷон Ғафуров барои фаъолияти гуногунҷанбаи худ, инчунин, бо даҳҳо мукофоти олии давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шудааст.

Ҳозирини гиромӣ!

Бояд таъкид кард, ки гиромидошти номи неки Бобоҷон Fафуров мактаби бузурги тарбияи худогоҳиву худшиносии таърихӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки хотираи ин фарзанди фарзонаи миллатро пос дорем, шоҳасари «Тоҷикон» ва дигар осори бегазанди ӯро пайваста омӯзем ва аз кору фаъолияти фидокоронааш сабақ гирем.

Ин амр, бахусус, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни 115-солагии аллома Бобоҷон Fафуров аҳаммияти бештар пайдо мекунад.

Ин ҷашнро дар фазои созандагиву бунёдкорӣ, дар рӯҳияи ваҳдату якдигарфаҳмӣ, ҳисси баланди миллӣ ва саъю талош ба хотири таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ истиқбол гирифтан қарзи ватандории ҳар як фарди огоҳу бедордили ҷомеа мебошад.

Ман дар мулоқоту суханрониҳои худ ҳанӯз аз оғози фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат борҳо иброз дошта будам, ки мо бояд кӣ будани аҷдодамон ва худамонро донем, яъне решаҳои худро шиносем, ба онҳо арҷ гузорем ва аз насли ориёӣ, яъне ориёитабор буданамон ифтихор намоем.

Яъне мо бояд донем ва ифтихор дошта бошем, ки яке аз қавмҳои асосии ориёӣ ҳастем.

Дар робита ба ин, дар Паёми худ 26-уми декабри соли 2019 ба Ҳукумати мамлакат супориш дода будам, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон»-ро аз ҳисоби Фонди захираи Президенти кишвар чоп карда, то ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оила дастрас намояд.

Дар идомаи ин иқдом ва ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо амри Президенти мамлакат аз моҳи июли соли 2022 озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» эълон гардид.

Ин озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори тоҷикон, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва шинохти нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ дар чор марҳала баргузор гардид.

Имрӯз дар ин толор ғолибони даври сеюму чоруми ин озмун ва гирандагони шоҳҷоиза ҳузур доранд.

Бо истифода аз фурсат, ғолибон, гирандагони ҷойҳои ифтихорӣ ва ҳамаи онҳоеро, ки дар ин озмун ширкат доштанд, самимона табрик мегӯям.

Бо қаноатмандӣ иброз медорам, ки иштироки ҳар як фард дар ин озмун нишонаи муҳаббату дилбастагӣ ба таърих, забон ва фарҳангу маънавиёти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад.

Ҳамзамон бо ин, ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки масъалаи таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои дастовардҳои назаррас дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалиро омӯхта, пешниҳод манзур намояд.

Мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки ҳаёту фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров ва асари безаволи ӯ «Тоҷикон», дар ҳақиқат, солҳои 70-уми асри гузашта ба болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо такони ҷиддӣ бахшид ва ин раванд дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири пояндагии миллат ва таҳкими иқтидори давлатдории навини тоҷикон ба маҷрои тоза ворид гардид.

Ҳадафи мо аз гиромидошт ва зинда нигоҳ доштани ному корномаи фарзандони бузурги миллати тоҷик ин аст, ки таърихи пурифтихор ва мероси пурбори илмӣ, адабӣ ва фарҳангиву тамаддунии худро соҳибӣ ва ҳимоя кунем, ин таърихи пурифтихор ва ин мероси гаронмояро ба хотири иттиҳоду сарҷамъӣ ва сарбаландиву сарфарозии мардумамон, ободии Ватани аҷдодиамон ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллиамон ҳарчи бештар ва оқилона истифода барем.

Бо таъкиди ин нуктаи муҳим бори дигар мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, ҳамаи шумо – меҳмонони арҷманд ва ҳозирини гиромиро ба ифтихори 115-умин солгарди зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров табрик гуфта, барои шумо сулҳу субот, саломативу хонаободӣ, пирӯзиву сарбаландӣ ва ба кулли сокинони мамлакат зиндагии босаодат орзу менамоям.

Ташаккур!