Суханронӣ ба ифтихори таҷлили 22- юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон

Муҳтарам генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳар сол рӯзи 23 - юми феврал санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун рӯзи ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан ва мардони далеру шуҷоъ бо самимият ва шукӯҳи хоса таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо дар ҷодаи ҳимояи амнияту оромии давлати соҳибистиқлоламон сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоям.
Имсол аз таъсисёбии Артиши миллии кишварамон бисту ду сол сипарӣ мешавад ва дар ин муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ҷузъу томҳои он ба нерӯи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат карда истодаанд.
Артиши ҷавони мо, хусусан, дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.
Дар раванди муҳорибаҳо ва амалиёти ҷангӣ садҳо нафар афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ҷасорату мардонагӣ нишон дода, ба хотири оромиву суботи Ватан ҷони худро қурбон карданд, ки мо садоқату корнамоӣ ва номи неки онҳоро ҳамеша ва хусусан, дар чунин рӯзҳои ҷашн гиромӣ медорем.
Чунонки хотирнишон кардам, ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастгирии пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар зарфи бисту ду сол ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфта, аз ҷумла ҳайати шахсии Артиши миллӣ имрӯз бо интизоми баланди ҳарбӣ, азму иродаи қавӣ, донишу малакаи муосир ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ хизмати модар – Ватанро адо карда истодааст.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар натиҷаи тадбирҳои амаликардаи Ҳукумати кишвар ҳоло соҳиби инфрасохтори замонавӣ ва техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ мебошанд.
Дар шароити таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрӯза дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми милливу давлатӣ вазифаҳои бисёр ҷиддие қарор доранд, ки ҳалли онҳо аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ иродаи матин, зиракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.
Бахусус, таҳаввулоту ҳодисоти вақтҳои охир дар минтақаҳои алоҳидаи ҷаҳон баамаломада моро ҳушдор медиҳанд, ки барои ба талаботи замонаи ҳассосу ноором мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат тадбирҳои ҷиддӣ андешем, таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси низомиро боз ҳам беҳтар ба роҳ монем, доир ба таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву технологияҳои замонавӣ ва лавозимоти муосири ҷангӣ чораҳои иловагӣ андешем ва иқтидори мудофиавии мамлакатро тақвият бахшем.
Зеро дар марҳалаи торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид барои торафт беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.
Тибқи таҳлилу пешгӯиҳои коршиносон раванду тамоюлҳои дар ҷаҳон идомадошта дарозмуддат буда, таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа ва ҷаҳон боқӣ мемонанд. Тавре ки ҳар яки шумо мушоҳида мекунед, имрӯз аз ҷониби нерӯҳои муайян дар минтақа ва ҷаҳон бо истифода аз роҳу воситаҳои харобиовар, аз ҷумла тавассути анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи трансмиллӣ, инчунин бо роҳи тавсеаи муборизаҳои иттилоотӣ кӯшиши дахолат намудан ба корҳои дохилии давлатҳои мустақил рӯз ба рӯз густариш ёфта истодааст.
Ҳамаи шумо раванди торафт вусъат гирифтани фаъолияти гурӯҳҳои террористиву ифротгаро дар бисёр кишварҳои ҷаҳон, содиршавии ҳодисаҳои даҳшатноку фоҷиабор аз ҷониби онҳо ва қувват гирифтани ҷалби ҷавонони ноогоҳро ба сафҳои чунин гурӯҳу созмонҳо мушоҳида мекунед.
Аз ҷумла дар ҳодисаҳои Сурия ва Ироқ шаҳрвандони беш аз 100 кишвари олам иштирок доранд. Аз ҷониби ин гурӯҳҳои террористӣ истифода гардидани усулҳои қатли ваҳшиёна, махсусан зинда оташ задану сар буридани одамон ва дигар кирдорҳои ғайриинсонӣ ҷаҳони мутамаддинро ба даҳшат овардааст.
Ман дар Паёми имсолаи худ ин раванди ниҳоят хатарнокро беҳуда вабои аср нагуфтам.
Дар чунин шароит масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ ва суботу оромии ҷомеа аҳаммияти аввалиндараҷа ва ҳаётӣ пайдо карда, ҳамаи кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар масъулиятшинос ва ҳушёру зирак бошанд.
Бо дарназардошти хатарҳои мавҷуда, алалхусус хориҷ гардидани нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз қаламрави Афғонистон роҳбарияти Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки дар самти таҳкими сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Дар ин раванд, мо бояд масъалаи ҷойгиршавӣ ё худ мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистонро, ки бо давлати Афғонистон сарҳади тӯлонӣ дорад, инчунин ҷараёни азнав тақсим кардани ҷаҳонро, ки беш аз ду даҳсола инҷониб идома ёфта истодааст, ҳамеша дар маркази диққат қарор диҳем.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишварро яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти худ дониста, дар баробари дигар тадбирҳои зарурӣ барои ташкил намудани ҷузъу томҳои низомӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат ва фароҳам овардани шароити муосири инфрасохторӣ барои ҳайати шахсии онҳо таваҷҷуҳи махсус медиҳад.
Дар натиҷа то имрӯз, дар қаламрави мамлакат даҳҳо қисми ҳарбии нав таъсис дода шуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити муътадили зиндагӣ ва пешбурди хизмат садҳо иншооти замонавии ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои ҳарбӣ бунёд гардида, ба истифода дода шудаанд.
Тавре ки ман борҳо иброз доштаам, мо Артиши миллии худро дар шароите таъсис додем, ки соддатарин воситаҳои ҷангӣ ва оддитарин шароити зиндагӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ вуҷуд надоштанд. Ба ибораи дигар, мо артишро дар ҷойи воқеан холӣ таъсис додем ва имрӯз, чунонки мебинед, таъминоти ҷузъу томҳо ва шароити зиндагиву хизмати низомиёнро тадриҷан ба талаботи замона мутобиқ гардонида истодаем.
Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат бо мақсади тақвияти ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва беҳтар гардонидани шароити истироҳату фароғати низомиён ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Аз солҳои аввали таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар доираи дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар ҳалли яке аз мушкилоти асосии хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо, яъне таъминот бо манзили истиқоматӣ мунтазам таҳти назорат қарор дода шуда, аз соли 1993 то ба ҳол танҳо барои кормандони Вазорати мудофиа ҳазорҳо қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои бунёди манзили зист ва садҳо манзили истиқоматӣ ҷудо гардидаанд.
Фақат моҳи ноябри соли гузашта, илова ба заминҳои дар ноҳияҳои гуногун ҷудошуда, бо қарори Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати сохтмони қариб 1200 манзили нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии вазорат замин ҷудо карда шуд. Мо ният дорем, ки баробари рушди иқтисоди миллиамон ин равандро дар оянда низ идома диҳем.
Дар баробари дастгириҳои моддии Ҳукумати кишвар, хизмати софдилона ва содиқонаи хизматчиёни ҳарбӣ пайваста бо мукофотҳои олии давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ қадршиносӣ карда мешавад.
Солҳои охир таъминоти хизматчиёни ҳарбӣ бо озуқаворӣ ва амволи шайъӣ низ беҳтар гардидааст. Бо ин мақсад Ҳукумати кишвар тирамоҳи соли 2014 ба низомномаҳои таъминоти хизматчиёни ҳарбӣ бо озуқаворӣ ва амволи шайъӣ тағйироту иловаҳо ворид карда, оид ба ин масъала қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Бояд гуфт, ки ҳоло корхонаҳои саноатии мамлакат имкон пайдо намудаанд, ки истеҳсоли сару либос, пойафзол ва дигар лавозимоти заруриро барои низомиён дар дохили кишвар васеъ ба роҳ монанд ва сифати маҳсулоти барои Қувваҳои Мусаллаҳ истеҳсолшавандаро хеле беҳтар созанд.
Тибқи барномаи азнавсозии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат таҷҳизонидани ҷузъу томҳои низомӣ бо техникаи зиреҳпӯш ва авиатсионии муосир, маҷмааҳои артиллерӣ ва зенитиву ракетӣ, нақлиёти махсус, дастгоҳу таҷҳизоти муҳандисиву алоқа ва яроқу аслиҳа марҳала ба марҳала амалӣ карда мешавад.
Ҳукумати мамлакат ба масъалаи омодасозии кадрҳои низомӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ва давра ба давра наздик шудан ба марҳалаи касбикунонии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад ва саъю талош дорад, ки қувваҳои низомии мамлакатро солҳои наздик ба як нерӯи тавоно ва мактаби воқеии тарбияи ватандӯстии ҷавонони бонангу номуси кишвар табдил диҳад.
Дар зарфи беш аз бист сол мо барои бо афсарони баландихтисос таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохили мамлакат зиёда аз 12 ҳазор нафар ва дар мактабҳои олии низомии кишварҳои хориҷӣ қариб 3 ҳазор нафар, яъне дар маҷмӯъ 15 ҳазор нафар мутахассисони ба талаботи меъёрҳои замона ҷавобгӯй тайёр кардем.
Ҳоло дар муассисаҳои олии ҳарбии хориҷӣ зиёда аз 700 нафар хизматчиёни ҳарбӣ таҳсил доранд. Инчунин, дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа 771 нафар ва дар литсейи ҳарбӣ 369 нафар курсантҳо таҳсил карда истодаанд.
Тибқи супориши Роҳбари давлат ҳоло 166 нафар ятимон дар Донишкадаи ҳарбӣ ва литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи кишвар таҳсил доранд. Дар доираи барномаи таъмин намудани қисмҳои ҳарбӣ бо прапоршикҳо аз 1 феврали соли 2014 мактаби омода кардани прапоршикҳо таъсис дода шудааст, ки соли гузашта онро 165 нафар хатм намуда, барои идома додани хизмат ба ҷузъу томҳо фиристода шуданд.
Ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам кардани иқтидори кадрии сохторҳои низомӣ бо супориши Президенти кишвар шумораи курсантҳо дар Донишкадаи низомии кишвар хеле зиёд карда шуд.
Ҳукумати кишвар бо мақсади мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагиву хизмат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ месозад.
Масалан, дар даҳ соли охир ҳиссаҷудокунӣ барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қариб 7 баробар ва андозаи музди меҳнати хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар беш аз 18 баробар афзоиш ёфтааст ва дар Паёми имсола ба Ҳукумати мамлакат супориш додам, ки аз 1-уми сентябри соли 2015 музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақа ва стипендия, аз ҷумла маоши хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шавад.
Ҳозирини арҷманд!
Яке аз шартҳои муҳимми баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳ мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва тарбияи сиёсиву маънавии ҳайати шахсӣ мебошад.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро зарур аст, дар баробари тарбияи кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ба масъалаи риояи беченучарои муқаррароти қонунгузорӣ, ойинномаҳои ҳарбӣ ва умуман интизоми қатъии ҳарбӣ, инчунин пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҳайати шахсӣ тамоми чораҳоро амалӣ гардонанд.
Ҳамчунин, роҳбарони Вазорати мудофиа, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки равандҳои тағйирёбии вазъияти ҳарбиву сиёсиро дар минтақа таҳти омӯзиш, таҳлил ва назорати доимӣ қарор дода, таҳдиду хатарҳои мавҷудаву эҳтимолиро ба амнияти мудофиавии кишвар ҳамаҷониба ва сари вақт арзёбӣ намоянд.
Дар ин самт бояд ҳамкориву ҳамоҳангӣ байни сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурзӯр гардонида, тамоми имкониятҳо барои ба даст овардани маълумоти дақиқ оид ба пайдоиши хатарҳои нав ва пешгӯии саривақтии тағйирёбии вазъият васеъ истифода бурда шаванд.
Ҳолати омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо, хусусан ҷузъу томҳои дар минтақаҳои ҳассос ҷойгиршуда таҳти назорати доимӣ қарор дода, баланд бардоштани сатҳи малакаву маҳорати ҷангӣ ва тайёрии касбии ҳайати шахсӣ, омодагии ҳамаҷонибаи техника ва муҳиммоти ҳарбӣ барои амалҳои гуногун дар ҳолати тағйирёбии вазъият ба ҷумлаи афзалиятҳои аввалиндараҷа дохил карда шаванд.
Илова бар ин, нақши Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун мақоми ҳамоҳангсоз ва идоракунии қӯшунҳо баланд бардошта, ҳамкории ҳамаҷониба бо ситодҳои дигар сохторҳои низомӣ дар самти омодабошии ҷангӣ ва сафарбарӣ, истифодаи қӯшунҳо ва идоракунии ҷангии ҷузъу томҳои сохторҳои гуногун дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ”, фармонҳои дахлдори Президент ва қарорҳои Ҳукумати мамлакат ба роҳ монда шавад.
Бори дигар таъкид менамоям, ки риояи бечунучарои интизоми ҳарбӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳамчун қисми муҳимми омодабошии ҷангӣ бояд дар маркази диққати роҳбарони ҳамаи сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор гирифта, тарбияи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан, садоқат ба савганди ҳарбӣ, донистан ва дарк кардани сиёсати давлатӣ, зиракии сиёсӣ, иҷрои ҳатмии талаботи Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ойинномаҳои умумиҳарбӣ дар байни афсарону сарбозон боз ҳам фаъол карда шавад.
Ҳамчунин, истифодаи самаранок ва сарфакоронаи захираҳои моддӣ ва маблағҳои буҷетӣ, баланд бардоштани сатҳи таъминоти ақибгоҳӣ ва дар навбати аввал, истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои хоҷагиҳои ёрирасон, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии ҳайати шахсӣ, фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ва хизматрасонии маишӣ вазифаи роҳбарону масъулони сохтору мақомоти зикршуда мебошад.
Мардуми Тоҷикистон масъулияти ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту осоиши кишвар ва ободиву пешрафти мамлакатро ба зиммаи шумо вогузор намудаанд. Халқ дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинад, ки ба савганди ҳарбӣ ва Ватани худ ҳамеша вафодор ҳастанд. Аз ин рӯ, бояд ҳар як низомӣ дар кору зиндагӣ шахси намуна ва дорои хислатҳои беҳтарини инсонӣ бошад.
Сатҳи баланди касбӣ ва омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Артиши миллӣ дар ҳар давру замон аз таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва интизоми қатъӣ, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ҳисси милливу ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии амиқ дорад. Зеро ин омилҳо асоси пойдории сохторҳои низомӣ буда, ҷузъи муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошанд.
Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан – модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад.
Бовар дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд.
Ҳомиёни шуҷои Ватан!
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни 22-юмин солгарди таъсисёбии Артиши миллии мамлакат табрик намуда, ба ҳар яки шумо тансиҳативу хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдодӣ барори кор орзумандам.
Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоли мо сулҳу амонӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона намоем, ки ин неъмати бебаҳо ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидонӣ боқӣ монад.
Ҷашни таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ муборак бошад, ҳамватанони азиз!