Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи ҳавзи шиноварӣ дар шаҳри Кӯлоб
Нашр шуд. Душ, 31/08/2015 - 10:06
Варзишгарон ва ҷавонони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Варзиш дар ҳама давру замон, бахусус дар шароити мураккабу пуртазоди ҷаҳони имрӯза ҳамчун қосиди сулҳ, омили муҳимми таҳкими дӯстии халқҳо ва муаррифии кишварҳо, инчунин воситаи беҳтарини саломатии инсонҳо ва густариши тарзи ҳаёти солим эътироф гардидааст.
Аз ин рӯ, мо дар сиёсати худ варзишро ҳамчун рукни муҳимми солимии ҷомеа қабул намуда, ҷалби оммаи васеъ, бахусус наврасону ҷавононро ба ин соҳаи пураҳаммият басо арзишманд мешуморем.
Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории соҳаи варзишро фароҳам овард, ки дар асоси онҳо дар ин давра дар тамоми қаламрави кишвар ҳазорҳо толору майдонҳои варзишӣ сохта, ба истифода супорида шуданд.
Ҳамин муносибати некбинона ба варзиш асос гардид, ки танҳо дар зарфи чанд соли охир дар мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб даҳҳо майдону марказҳои варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Масалан, дар зарфи се соли охир дар вилоят ва минтақаи Кӯлоб як варзишгоҳ, 176 майдончаи варзишӣ, 13 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ ва 3 маҷмааи варзишӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Рӯзҳои наздик дар шаҳри Кӯлоб як корти замонавии тенисбозӣ ба истифода супорида мешавад ва илова бар ин, имрӯз бунёди боз ду майдони варзишӣ барои бозии футболи хурд оғоз гардид.
Ва имрӯз дар доираи татбиқи сиёсати рушди варзиш дар шаҳри Кӯлоб боз як муассисаи варзишӣ - ҳавзи шиноварии замонавӣ, ки бо тарҳи зебо ва тибқи талаботи муосир сохта шудааст, ба истифода дода шуд.
Бовар дорам, ки ин ҳавзи шиноварӣ ҷиҳати ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва омода кардани варзишгарони дорои малакаи баланди касбӣ дар самти шиноварӣ мусоидат хоҳад кард.
Бо истифода аз фурсат, ба роҳбарияти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи коргарону сохтмончиён, ки дар бунёди ин бинои муосири варзишӣ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.
Ҳавзи шиноварӣ баъди бунёду ба истифода супоридани Маҷмааи варзишӣ иншооти дуюм аст, ки дар давоми ду соли охир дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон бо ин, ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ супориш медиҳам, ки якҷо бо роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо истифода аз имконияти ҳавзҳои шиноварии мамлакат ҳамасола мусобиқаҳои сатҳи кишварро баргузор карда, барои рушди ин навъи варзиш тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.
Шиноварӣ аз қадимулайём дар миёни халқи мо мавқеи хос дошта, гузаштагони мо омӯхтани ин навъи варзишро ба фарзандон таълим медоданд.
Шиноварӣ дар Аврупо аз асри XIX ба яке аз намудҳои варзиши олимпӣ табдил ёфта, аз соли 1896 дар қатори дигар намудҳои варзиш ба барномаи бозиҳои олимпӣ ворид гардид, ки ин иқдом минбаъд ба рушди шиноварӣ дар тамоми гӯшаву канори дунё мусоидат намудааст.
Дар кишвари мо бори аввал соли 1948 мусобиқаи варзишӣ оид ба намуди шиноварӣ дар доираи Спартакиадаи Осиёи Миёна ва Қазоқистон баргузор гардида, маросими ифтитоҳи он дар «Кӯли ҷавонон» ҷараён гирифтааст.
Инчунин дастаи мунтахаби кишвари мо дар Спартакиадаи 6-уми халқҳои собиқ Шӯравӣ бомуваффақият ширкат варзида, мақоми намоёнро ишғол намудааст.
Тавре ки гуфта шуд, баъди истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати кишвар ба рушди ин навъи варзиш диққати махсус медиҳад, ки дар ҳамин асос то имрӯз дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ва чандин шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳавзҳои шиноварӣ сохта, барои пешрафти ин навъи варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳоло дар пойтахти мамлакат сохтмони боз се ҳавзи шиноварии хурду бузург идома дорад ва бовар дорам, ки баъди ба истифода додани онҳо барои гузаронидани чорабиниҳо шароити беҳтар фароҳам омада, ин навъи варзиш боз ҳам бештар рушд хоҳад ёфт.
Варзишгарони гиромӣ!
Дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон варзишгарони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар як қатор мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои Осиёӣ, чемпионатҳои ҷаҳону Осиё иштирок намуда, шарафи варзиши мамлакатро баланд бардоштаанд.
Чанд рӯз пештар гурзпартои тоҷик Дилшод Назаров дар чемпионати ҷаҳон мақоми дуюмро ишғол карда, соҳиби медали нуқра гардид, ки ин албатта дастоварди намоёни варзиши Тоҷикистон мебошад.
Боиси қаноатмандист, ки вақтҳои охир дар шаҳри Кӯлоб шумораи дастаҳои мунтахаби варзишӣ торафт афзуда истодааст.
Барои мисол метавон аз дастаи мунтахаби футболи «Равшан-Кӯлоб», дастаи яккачини гӯштингирони шаҳр, боксчиёни наврас, дастаи волейболи шаҳр ва дигар дастаҳои варзишӣ ном гирифт, ки онҳо дар минтақа обрӯ ва мақоми варзиши тоҷикро баланд бардошта истодаанд.
Ифтитоҳи маҷмааи варзишии имрӯза, ки дорои тамоми шароити зарурии машқу тамрин мебошад, дар ҳаёти наврасону ҷавонони вилояти Хатлон ва минтақаи Кӯлоб рӯйдоди фараҳбахш ба ҳисоб рафта, дар остонаи таҷлили ҷашни истиқлолияти давлатӣ туҳфаи идона ба варзишгарону ҷавонони ватандӯсту худогоҳ мебошад.
Итминони комил дорам, ки мавриди истифода қарор гирифтани ин ҳавзи шиноварӣ ба ҷавонону варзишгарон имконият медиҳад, ки онҳо дар тамоми фасли сол ба мусобиқаҳои вилоятиву мамлакат ва байналмилалӣ омодагии хуб дида, барои боз ҳам рушд ёфтани варзиш ва баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми худро мегузоранд.
Бо мақсади дастгирии варзишгарон ва рушди тарзи ҳаёти солим Ҳукумат солҳои охир иқдомҳои навро ба роҳ монда, барои дастгирии варзишгарони мамлакат Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додаст.
Маблағи ҷоизаи мазкур, ки барои ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ таъсис ёфтааст, аз 15 ҳазор то 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бовар дорам, ки ҷавонони бонангу номус, қавииродаву паҳлавон ва ҷасуру далери тоҷик дар асоси ин ташаббуси Роҳбари давлат боз ҳам бештар ба машқу тамрин машғул шуда, соҳиби ҷоизаҳо мегарданд.
Умуман, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии ҷавонону варзишгарон тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, минбаъд низ барои ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба тарбияи ҷисмонӣ, инкишофи варзиш ва тарзи ҳаёти солим мусоидат хоҳад намуд.
Ҷавонони азиз!
Дар шароити муосир шахсони солиму тавонманд, ҷавонони бонангу номус ва ғаюру далер барои кишварамон ниҳоят зарур мебошанд.
Аз ин лиҳоз, тамоми қишрҳои ҷомеаи моро зарур аст, ки ба масъалаи тарбияи наврасону ҷавонон диққати ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, одобу ахлоқи ҳамида, машғул шудан ба варзиш ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ тарбия намоянд.
Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки дӯст доштани Ватан, саҳмгузорӣ кардан барои ободии он, гиромидошти муқаддасоти миллӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, риояи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва риояи тарзи ҳаёти солим қарзи муқаддаси ҳар яки онҳо маҳсуб меёбад.
Бори дигар таъкид менамоям, ки шумо бояд ин диёри зеборо аз самими қалб ва мисли ҷони худ дӯст доред ва барои ҳифзи он ҳамеша омода бошед.
Фаромӯш набояд кард, ки гузаштагони мо дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи халқамон ба Ватан содиқона хизмат намуда, бо саҳми худ дар пешрафти он ва некӯаҳволии мардум барои мо, бахусус барои ҷавонон намунаи ибрат гардидаанд.
Ҳоло даврае фаро расидааст, ки ҳар яки мо дар фазои сулҳу субот ва оромиву осоиши кишвари маҳбубамон ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ мунтазам ва ба таври ҷиддӣ кору фаъолият намоем.
Бахусус, ба камол расонидани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, эҳсоси гарми ватандориву ифтихори миллӣ, эҳтироми сарзамини аҷдодӣ, омӯзиши мероси ниёгон ва ба сӯи ояндаи нек раҳнамоӣ сохтани онҳо талаби замон мебошад.
Ҳамзамон бо ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки омили асосии таъмини рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аз иттиҳоду ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарифи Тоҷикистон вобастагии зиёд дорад.
Аз ин рӯ, ҳар кадоми мо бояд кӯшиш намоем, ки кору фаъолияти ҳаррӯзаи худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти Ватани муқаддасамон равона созем.
Дар фарҷом ба ҳамаи шумо – варзишгарон ва ҷавонони бонангу номус барои истиқболи самимӣ арзи сипос намуда, ба ҳар яки шумо саломатӣ, иқболи нек ва дастовардҳои рӯзафзун орзу менамоям.
Доимо сарфарозу сарбаланд бошед, ҷавонони азиз!