Суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Наврӯзи байналмилалӣ
Нашр шуд. Якш, 22/03/2015 - 18:49
Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!
Қабл аз ҳама, фарорасии Наврӯзи Аҷамро, ки ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз ва талошу ибтикори кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз панҷумин соли ҷаҳонишавии он дар саросари олам таҷлил мегардад, бори дигар ба кулли ҳамватанонамон, сокинони сарбаланду меҳмоннавози вилояти Суғд ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд ҳамчун меросбарони асили ин падидаи нодири фарҳанги ҷаҳонӣ самимона табрик мегӯям.
Орзуманди он ҳастам, ки ин баҳор ва ин ҷашни хуҷаста имсолу солиёни дигар ба сарзамини биҳиштосои мо нишоти ҳамешагӣ, ободкориҳои тоза, нусрату фаровонӣ ва хони пур аз нозу неъматро чун ҳадяи беҳтарини идона ато намояд.
Ҷаҳонишавии Наврӯз, мо, ворисони ин ҷашни зебову ҳумоюни аҷдодиро водор месозад, ки дар баробари ифтихор кардан инчунин барои минбаъд дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии он иқдомҳои бештар намоем ва ба аҳли олам ҷиҳати муаррифӣ намудани фазилатҳои волои инсондӯстонаи он пайваста азму талош кунем.
Дар яке аз шаҳрҳои қадимаи мамлакатамон - Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани чорабиниҳои Наврӯзи имсола беҳикмат нест, зеро дар асоси манбаъҳои таърихӣ ниёгони шарафманди мо Наврӯзро ҳанӯз дар давраҳои мавҷудияти давлатҳои нахустини худ дар гӯшаҳои гуногуни қаламрави хеш таҷлил мекардаанд ва ин айёмро барои ободии диёр истифода мебурдаанд.
Бо мақсади баҳрагирӣ аз ин таҷрибаи ниёгон мо низ тасмим гирифтем, ки Наврӯзро ҳамасола дар яке аз манотиқи Тоҷикистон ҳамчун рамзи ваҳдати ҷовидонаи миллӣ таҷлил намоем ва суннатҳои деринаи аҷдоди сарбаланди хешро барқарору устувор созем.
Дӯстони азиз!
Қобили зикр аст, ки тантанаҳои ҷашни Наврӯз маротибаи дуюм дар қаламрави вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанди бостонӣ доир мегарданд.
Ҳангоми таҷлили нахустини он мо шоҳиди ифтитоҳи аввалин Наврӯзгоҳ дар ин шаҳри қадима будем, ки баёнгари эҳёи боз як падидаи муҳим ва наҷиби фарҳанги Наврӯз маҳсуб мешавад.
Имрӯз ба шарофати таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ин шаҳри бостонӣ шоири маъруф ва номвари адабиёти тоҷику форс Камоли Хуҷандӣ дубора ба Ватани хеш баргашт ва мо дирӯз шоҳиди ифтитоҳи мақбараи рамзӣ, ҳавлии истиқоматии Шайх Камол ва Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» гардидем.
Яъне бо бунёд гардидани Маҷмааи ба номи Камоли Хуҷандӣ мақоми таърихии Хуҷанди бостонӣ аз нав эҳё карда шуд.
Ҳозирини арҷманд!
Наврӯзи ҷаҳонӣ, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони он нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангӣ ва унсури тамаддуни миллии дар айни замон ҷаҳонишудаи аҷдодиамон дар масири таърих тамоми инсониятро ба созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди тарҳи нави зиндагӣ ва ташаббусу иқдомҳои тоза ҳидоят намудааст.
Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат аз вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ, сабзонидану парвариши ниҳолҳо ва бунёди боғҳо иборат аст, ки дар тамоми марҳалаҳои ташаккули Наврӯзи Аҷам мукаммал гардида, на танҳо аҷдоди мо, балки мардумони мухталифро ба сӯи чунин амалҳои нек ҳидоят кардааст.
Мақоми ҷаҳониро соҳиб шудани Наврӯз ҳам имрӯз дар шароити ҷаҳонишавии проблемаҳои башарӣ тамоми мардуми сайёраро ба анҷоми амалҳои олии инсонӣ раҳнамун месозад.
Аз ҳамин ҷост, ки фалсафаи маънавии Наврӯз дар иҷрои се рукни муҳимтарини ахлоқӣ - пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек таҷассум ёфтааст.
Мо ифтихор мекунем, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамон ҷашни бузурги аҷдодиамон - Наврӯз умри дубора касб карда, имрӯз дар саросари мамлакат ва берун аз он бо шукӯҳу шаҳомати бесобиқа таҷлил мегардад.
Тӯли ин солҳо дар баробари эҳё намудани анъанаву суннатҳои наврӯзӣ мардуми заҳматпешаву созандаи мо тибқи анъанаи нек миллионҳо ниҳолу гул мешинонанд, боғу токзор бунёд мекунанд, бинову иншооти иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ сохта, ба истифода медиҳанд, ки ҳисоби онҳо то ба имрӯз ба ҳазорҳо мерасад.
Дар идомаи ин раванди нек мо рӯзи дуюм аст, ки ҳамроҳи намояндагони аҳли зиёи мамлакат дар вилояти Суғд қарор дорем ва ба муносибати фарорасии ин ҷашни муқаддаси бостонӣ шоҳиди ба истифода супоридани чандин иншооти таъиноти гуногун шудем.
Дирӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мо парда аз рӯи ҳайкали асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ бардоштем.
Шумо хуб медонед, ки Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳанӯз ҳазору сад сол муқаддам ба давлатдории мутамаркази тоҷикон асос гузошта, усули тоҷиконаи кишвардориро ҷорӣ намуд ва бо баҳрагирӣ аз суннатҳои давлати абарқудрати Сомониён халқи мо баъди бештар аз ҳазор сол соҳиби давлати миллӣ гардида, бори дигар собит намуд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад ливои давлатдории худро парафшон нигоҳ дорад.
Соли ҷорӣ дар Суғди бостонӣ соли гулҳо эълон шудааст ва тамоми сокинони вилоят барои сарсабзу гулзор намудани ин гӯшаи диёри ҳамешабаҳорамон ҷидду ҷаҳд доранд.
Имрӯз хиёбону кӯчаҳо ва майдонҳои шаҳри Хуҷанд ба гулзор табдил ёфтаанд. Воқеан, гулгардониву гулшинонӣ аз ҷумлаи муҳимтарин падидаҳои зебоипарастии фарҳанги Наврӯз аст, ки намунаи он дар қаламрави Суғди бостонӣ ҷилвагар мебошад.
Ҳамдиёрони азиз!
Яке аз суннатҳои инсондӯстонаи Наврӯз бахшиши гуноҳҳо, навозиши ятимону аёдати калонсолон ва хайру саховат ба дармондагону ниёзмандон мебошад.
Боиси қаноатмандист, ки ҷавонмардони саховатманд ин анъанаи неки ниёгонро идома бахшида, ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷон пайваста дасти мадад дароз мекунанд.
Имрӯзҳо бо ташаббуси шахсони ҳимматбаланд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла дар вилояти Суғд хатнасури ҳазорҳо нафар тифлон аз оилаҳои камбизоат ва тӯйҳои арӯсии дастаҷамъона баргузор мешаванд, ки ин иқдоми наҷиб, албатта, ҳам файзу баракати ҷомеа ва ҳам шукӯҳу ҷалоли Наврӯзро бештар мегардонад.
Дар ин раванд, ҳар яки мо ҳам бояд шукрона кунем, ки имрӯз бузургтарин ҷашни аҷдодиамон - Наврӯзро дар фазои озод, дар давлати соҳибихтиёру обод ва дар шароити сулҳу суботи комил таҷлил менамоем.
Ба хотири боз ҳам афзун намудан ва таҳким бахшидани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳар як фарди бонангу номуси кишвар тақозо мегардад, ки бунёдкориву созандагиро ба меъёри зиндагии ҳаррӯзаи худ табдил дода, минбаъд низ бо нерӯи дучанд барои ободонии Ватани азизамон саъю талош намояд.
Басо рамзист, ки дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи хуҷаста дар саросари кишварамон, аз ҷумла вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифта, тантанаҳои наврӯзиро шукӯҳу ҷалоли тоза мебахшанд.
Бедории табиат ва хусусан суннатҳои писандидаи ҷашни Наврӯз тақозо менамояд, ки дар баробари чорабиниҳои ҷашнӣ аз ҳар рӯзи мусоиди баҳорӣ оқилонаву самаранок истифода карда, барои киштукори баҳорӣ ва коштани донаи умед, ки файзу неъмати хони наврӯзии мо мебошад, камари ҳиммат бандем.
Рӯёнидани ҳосили фаровон, истифодаи оқилонаи обу замин, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ, инчунин тозаву озода гардонидани хонаву кошона ва хиёбону маҳалҳои зист аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки ҳар кадоми мо бояд онҳоро ба хотири боз ҳам ободу зебо ва пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон - Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр анҷом диҳем.
Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо дар диёри биҳиштосои мо таҷлил мегардад, васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва анъанаҳои миллиамон мебошад.
Бори дигар фарорасии ин ҷашни мубораку бузургро ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони шарафманди вилояти Суғд, кулли тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи халқу миллатҳои олам, ки ин ҷашни зеборо таҷлил мекунанд, самимона табрику таҳният гуфта, орзуманди онам, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадони тоҷик ва сулҳу суботу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷовидонӣ бошад.
Наврӯзатон фирӯз бод!
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!
Ҷашни Наврӯзи Аҷам муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!