Суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
Нашр шуд. Ҷум, 10/07/2015 - 14:58
Муҳтарам ҷаноби Раис,
Ҳамтоён, хонумҳо ва ҷанобони муҳтарам!
Пеш аз ҳама, иҷозат диҳед ба ҷониби Русия, Президенти Русия Владимир Владимирович Путин барои сатҳи баланди ташкили мулоқоти мо ва меҳмоннавозии анъанавӣ сидқан миннатдорӣ намоям.
Ҳамтоёни муҳтарам,
Ҳамоиши мо дар соли 70 – умин солгарди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон сурат мегирад.
Корнамоии онҳое, ки ҷони худро баҳри Ғалабаи Бузург нисор кардаанд, моро даъват менамояд, ки ҳушёр буда, ягонагиро ба манзури тақвияти кори сулҳ ва рушди устувор таҳким бахшем. Мо танҳо дар сурате метавонем ояндаи самарабахши худро бунёд намоем, ки агар гузаштаамонро фаромӯш накунем
Сулҳ бебаҳост. Вазифаи умумии мо иборат аз он аст, ки сулҳу суботи минтақаи масъулияти СҲШ – ро эҳтиёт кунем, нигоҳ дорем ва ҳифз намоем, саҳми худро дар таъмини сулҳи сайёра ба таври хастанопазир афзун гардонем.
Муҳим аст, ки саъю кӯшишҳои якҷояро дар муборизаи зидди «се адоват» афзун намуда, ба ситезаҳои мавҷуда зарбаи қатъӣ зада, ба бархурд бо хавфу хатарҳои нав омода бошем. Азбаски масъалаи таъмини амнияти кишварҳоямон чизи асосӣ мебошад, мо ба танзими кори муштаракамон ҷиҳати татбиқи Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бо терроризм ва ифрогароию ҷудоихоҳӣ аҳамияти бориз медиҳем.
Мо дар давраи пешорӯ бояд нисбат ба насли наврас ғамхории хосса зоҳир намоем. Ҷавонони имрӯза дар ҷаҳони гуногунии фарогир, технологияҳои нав ва пешрафти илмию техникӣ зиндагӣ доранд.
Ҳамзамон бояд эътироф намуд, ки бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ маҳз ба ҷавонон таъсири зараровар расонид. Насли ҷавони мо шоистаи бовар доштан ба фардо аст ва мо бояд барои ин бештар саъю кӯшиш намоем. Дар ин росто роҳ надодан ба ҷалби ҷавонон ба ҷунбишҳои мухталифи ифротӣ бояд мақсади асосии мо гардад.
Кор бо ҷавонон ва ба нафъи ҷавонон бояд яке аз авлавиятҳои муҳими СҲШ гардад. Бинобар ин пешниҳод мекунам, ки яке аз солҳои пешорӯ «Соли ҷавонон» эълон карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки механизмҳои наву бештар самарабахши ҷалби ҷавонон ба татбиқи нақшаҳои муштараки созандагӣ, пеш аз ҳама Стратегияи рушди СҲШ барои даҳсолаи оянда рӯи кор оварда шаванд.
Стратегияе, ки имрӯз қабул карда мешавад, ҳуҷҷати басо муҳим буда, аз лиҳози рӯҳияву ҳадафҳояш метавонад бо ғояҳои бунёдии дар Хартияи СҲШ ифодаёфта муқоиса карда шавад. Вай саъю кӯшиши умумиро барои дидани Созмони мо ба ҳайси созмони қавие инъикос менамояд, ки он чун яке аз иштирокдорони бонуфузи низоми муносибатҳои байналмилалӣ фаъолият намуда, баҳри таъмини сулҳу амният ва пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ дар минтақа хидмат мекунад.
Дар ҷаҳони аз ҳам вобастаи Созмони Ҳамкории Шанхай талаб карда мешавад, ки ба таври фаврӣ ва муносиб ба таҳдидҳо ва хатарҳое, ки аз ифротгароӣ, терроризм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ба вуҷуд меоянд, эътино карда шавад. Ягон давлат дар алоҳидагӣ наметавонад бо ин мушкилоти тезутунд, ки хусусияти ҷаҳонӣ дорад, мубориза барад. Иштирокдорони конфронси байналмилалӣ оид ба мушкилоти хатари маводи мухаддир, ки дар охири моҳи майи соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардид, бори дигар инро тасдиқ карданд. Мо чунин меҳисобем, ки натиҷаҳои конфронс метавонанд замина барои «Стратегияи ояндаи зиддимухаддиротии давлатҳои узви СҲШ барои солҳои 2017-2022» гарданд ва ба маълумоти иштирокдорони Ҷаласаи махсуси Ассамблеяи генералии СММ расонида шаванд.
Мо муътақидем, ки вазифаи ниҳоят муҳим дар чаҳорчӯби СҲШ бояд ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштарак дар самти зиддимухаддиротӣ ва дигар самтҳо бо Афғонистон гардад. Ҷумҳурии Исломии Афғонистони ба мо дӯст марҳилаи наву махсусан муҳими рушди хешро аз сар мегузаронад. Мо махсусан ба он ҳавасмандем, ки мардуми Афғонистон ба таври ниҳоӣ ба роҳи сулҳ, ризоияти миллӣ ва барқароршавӣ равона гарданд. Тоҷикистон минбаъд низ гузоштани ҳиссаи амалии хешро дар кори барқарорсозӣ ва рушди давлати ҳамсоя идома медиҳад.
Мо ҳамчунин умед ба он дорем, ки роҳҳои сиёсию дипломатии баромадан аз буҳронҳои шиддатноке, ки дар баъзе кишварҳои Шарқи наздик, Африқои Шимолӣ ва Украина ба вуқӯъ пайвастаанд, пайдо мешаванд.
СҲШ- созмонинодиру дилхоҳи замон аст, ки дар ҷаҳон нуфузи баланд дорад. Тоҷикистон қарор дар мавриди оғози маросими қабули Ҳиндустон ва Покистонро ба Созмони ҳамкории Шанхай дастгирӣ менамояд, ки ин принсипи ошкоро будани cозмони моро инъикос менамояд. Бовар дорем, ки дар ояндаи наздиктарин Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба қатори аъзои баробарҳуқуқи ташкилоти мо дохил мешавад.
Мо ҳамчунин ҷонибдори таҳкими институти нозиронем ва ба қатори онҳо дохил шудани Ҷумҳурии Беларусро қабул дорем.. Бо қаноатмандӣ тавсеаи гурӯҳи кишварҳои шарикро оид ба муколама ва дар қатори онҳо пайдо шудани Озарбойҷон, Арманистон, Непал ва Камбоҷаро зикр менамоем.
Пешниҳоди арзишманди Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Сзинпин дар мавриди давлатҳои муассиси созмонамон қобили омӯзиши амиқ аст.
Ҷараёнҳои мураккабе, ки имрӯз дар ҷаҳон ва минтақа ба вуқуъ меоянд, зарурати боисрори муттаҳид сохтани кӯшишҳоро бо мақсади пешрафти усулҳои дастаҷамъии ҳалли мушкилоти минтақавӣ, ки дар миёнашон мушкилоти иқтисодӣ ҷои махсусро ишғол мекунанд, тақозо мекунанд.
Тоҷикистон гомҳоеро, ки мақсад аз онҳо густариши тиҷорат ва афзун намудани сармояҳои мутақобила, таъсиси Бунёд ва Бонки рушди СҲШ, ривоҷи ҳамкорӣ дар кишоварзӣ, такмили низоми нақлиётӣ-логистикӣ аст, дастгирӣ менамояд. Таъкид месозам, ки Парлумони Тоҷикистон Созишномаро дар бораи ташкили шароити мусоид барои интиқоли борҳои байналмилалии автомобилӣ яке аз аввалинҳо шуда, ба тасвиб расонид.
Қарори омодагиамонро барои саҳмгузорӣ дар ташаккули «минтақаи иқтисодӣ»-и Роҳи абрешим муҳим арзёбӣ менамоям. Дар он иқтидори бузургеро барои тавсеаи ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ дар фазои СҲШ мебинем. Дар ин замина робитаҳои минтақавӣ, ҳамчунин тиҷорати хурду бузург метавонанд нақши қатораи рушди инноватсиониро иҷро намоянд. Ба пуррагӣ нишон додани неруи созандаи мардумонамон зарур аст. Шӯрои корӣ ва Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ қодиранд механизмҳои пурмаҳсули дастгирии ибтикори соҳибкории хусусиро коркард намуда, пешниҳодҳои худро барои баррасии Шӯрои сарони-ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ ворид созанд.
Ҳамкорони муҳтарам,
Ба назари мо раёсати Русия дар кори СҲШ на танҳо муттасилиро таъмин сохт, балки ба он набзи иловагиеро низ дода тавонист. Бо қабул кардани Стратегия, мо «харитаи роҳ»-и рушди СҲШ-ро барои тамоми даҳсола муайян сохтем. Дар соли 2016 мо дар шаҳри Тошканд ҷамъ мешавем. Ба як маъно, ин барои СҲШ ҷаласаи солгард низ маҳсуб мешавад - мо 15-солагии таъсиси ин Созмонро ҷашн хоҳем гирифт. Бешубҳа, раёсати Ӯзбекистон барои ғанӣ гардонидан ва комил сохтани фаъолияти он бо муҳтавои созандаву амалии хеш ин самтро идома медиҳад.
Дар охири баромади худ мехоҳам кори мураттабу сермаҳсули мақомоти иҷроияи СҲШ-ро бо сарварии Дабири кулл Дмитрий Мезентсев ва Раиси кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии минтақавӣ Чжан Синфэн қайд намоям. Дар робита бо гузаштани муҳлати ваколатҳои он 31 декабри соли 2015, иҷозат диҳед миннатдории худро баҳри саҳмгузорӣ дар таҳкими Созмонамон баён сохта, ба ӯ комёбиҳои беназир орзу намоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишварҳои аъзои СҲШ барои дастгирии номзади пешниҳоднамудаи мо Рашид Олимов ба вазифаи Дабири кулли СҲШ миннатдорӣ изҳор мекунад. Итминони комил дорем, ки кори фаъоли намояндаи Тоҷикистон ба пешравии фаъолияти Созмонамон мусоидат хоҳад кард.
Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо кишварҳои аъзои СҲШ ба манзури расидан ба ҳадафҳое, ки дар Стратегияи рушд муайян шудаанд, омода аст. Калиди муваффақиятҳои умумӣ дар «рӯҳияи шанхай» гузошта шудааст, ки асоси онро таҳкими муносибатҳои дӯстона, ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ барои некӯаҳволии ҳаёти мардумонамон ва ба таъмини кафолати бехатарӣ равонашуда, ташкил медиҳад. Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак дар ин ҷодаи наҷибу ҳаётан муҳим ба дастовардҳои зиёде ноил хоҳем гашт.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.