Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Президенти Ҷумҳурии Беларус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ таманниёти неки худро иброз дошт.
Дар рафти суҳбат Александр Лукашенко саҳми бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвар, таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими эътибори он дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард.
Сарони давлатҳо дар фазои дӯстона ва созанда, ки хоси муносибатҳои байни Тоҷикистону Беларус мебошанд, атрофи ҳолати кунуниву ояндаи тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар ва роҳҳои густариши минбаъдаи онҳо мубодилаи афкор анҷом доданд.
Президентҳои Тоҷикистон ва Беларус дар суҳбати телефонӣ ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.