Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко анҷом ёфт.
Раиси Палатаи болии парламенти Русия Пешвои миллатро бо изҳори таманниёти нек бо зодрӯзашон самимона табрик намуданд.
Пешвои миллат, аз ҷониби худ бо таманниёти сиҳатмандиву комёбӣ муҳтарам Валентина Матвиенкоро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мансаби Раиси Шӯрои Федератсияи Русия табрик гуфтанд.
Дар ҷараёни суҳбат оид ба ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия табодули афкор анҷом ёфт. Дар робита ба ин ба робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки усулҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ заминаи мустаҳками муносибатҳои Тоҷикистону Россияро ташкил медиҳанд ва рушди бомароми робитаҳои байнипарлумонӣ ба ҳайси қисми таркибии он идома дорад.
Ҳамчунин, оид ба тамосу чорабиниҳои дарпешистода, ки хусусияти байнипарлумонӣ доранд, табодули афкор сурат гирифт.