Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Федератсияи Россия

Имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Сарони ду давлат доираи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ ва дурнамои рушду тавсеаи онҳоро дар қолаби шарикии стратегӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкории минтақавӣ ва масъалаҳои мубрами  байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.

Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ таманниёти некашро иброз дошт.

Суҳбат дар фазои самимият, дӯстона ва ҳамдигарфаҳмии комил, ки хоси тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россия мебошад, сурат гирифт.

  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •  
  •