Тафсилот аз натиҷаи нишасти матбуотӣ дар Кумитаи телевизион ва радио
Субҳи имрӯз дар маҷлисгоҳи Радиои Тоҷикистон нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.
Дар оғоз раиси Кумита Маҳмадсаид Шоҳиён тамоми ҳозирон - бо шумули кормандони Кумита ва намояндагони ВАО – ро хайрамақдам гуфта, омодагии худро барои посух гуфтан ба саволҳои рӯзноманигорон изҳор намуд.
Раиси Кумита дар суханронии муқаддамотии худ гуфт: «Фаъолияти кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораву муассисаҳои зерсохтори он дар нимсолаи аввали соли 2016 дар асоси талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифта, баҳри амалӣ шудани барномаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар равона гардидаанд. Бахусус, шабакаҳои давлатии телевизион ва радио дар инъикоси рўйдодҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии мамлакат саҳм гузоштанд».
Қабл аз баргузории нишасти хабарӣ ҳисоботи раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён «Оид ба натиҷаҳои фаъолияти нимсолаи аввали соли 2016 ва вазифаҳо барои давраҳои минбаъда» тариқи сайти Кумита (www.ktr.tj дар таърихи 13.07.2016) ва дар нашрияи он «Ҷаҳони Паём» (14-уми июли соли 2016 №25-26(823)) нашр ва дастраси намояндагони васоити ахбори омма қарор дода шуда буд.
Ва аз ин сабаб нишаст бо пурсишу посухи рӯзноманигорон шурӯъ гардид.
Аз ҷониби роҳбарияти Кумита ба саволҳои рӯзноманигорон, ки аксаран дар бобати чигунагии сатҳи гузаронидани чорабиниҳои ба амсоли 25 солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин, озмун -фестивалҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, сатҳи барномарезӣ ва дарёфту интиқоли иттилоот, муҳтавою мазмуни барномаҳои телевизионӣ, таҳлил, баррасӣ ва кайфияти расонидани иттилоот ба бинанда, пешгирии ривоҷи терроризм ва ташвиқу иқдомҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба ин мавзӯъ аз тариқи телевизионҳои давлатӣ ва радиоӣ, кашф ва тарбияи истеъдодҳои журналистони ҷавон, рушди синамои тоҷик, ҷалби мутахассисони варзида ба телевизион ва радиои тоҷик, доираи фарогирии аҳолӣ бо мавҷҳои телевизионӣ ва дигар масоили марбут ба соҳаи Кумита буд, ҷавобҳои муфассал дода шуд.
Нишасти матбуотӣ беш аз як соат идома ёфта, бо изҳори ташаккури роҳбарияти Кумита аз ҳузури намояндагони ВАО ба анҷом расид.
Раиси Кумита Маҳмадсаид Шоҳиён таъкид намуд, ки фазои сулҳу субот, биниши неки аҳли ҷомеа ба ҳамдигар ва истиқрори ваҳдату ҳамдилии тоҷикону тоҷикистониён сабаб шуда, ки дар нишаст ҳамагон бо як самимият ва маҳбубияти хос байни ҳам табодули назар ва гуфтугӯ карданд.
Бо ҳамин, нишасти матбуотии Кумитаи телевизион ва радио ба анҷом расид.