Ташрифи Президенти Арманистон ба Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе шуд.
Дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Президенти Арманистон Серж Саргсянро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки 15 сентябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СААД доир мегардад, ки дар он президентҳои Арманистон Серж Саргсян, Белорус Александр Лукашенко, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Алмазбек Атамбоев, Федератсияи Русия Владимир Путин ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳанд кард.