Тағйироти кадрӣ
Нашр шуд. Душ, 14/01/2019 - 20:52
Мутобиқи моддаи 20-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ аз вазифаи муовини Раиси вилояти Суғд озод шуда, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Тибқи ҳамин моддаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» барои аз вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон озод ва ба вазифаи муовини раиси вилояти Суғд таъин гардидани Зиёзода Сулаймон Ризоӣ розигӣ дода шуд.
АМИТ «Ховар»