Тақвияти муносибот миёни Тоҷикистону Қазоқистон

Имрӯз, 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев бо сафари расмӣ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
 Дар доираи ин сафар пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар пояи муҷассамаи   асосгузори нахустин давлати тоҷикон- Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад. 
Ҳамчунин, дар нимаи дуюми рӯз мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор  шудаанд. 
Аз замони барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон анъана шудааст, ки муносибатҳои дуҷониба дар фазои ҳамкории мутақобилан судманд ва мусоидати дутарафа ҷиҳати рушди бомуваффақияти ҳамкорӣ дар самти  сиёсӣ, иқтисодӣ -тиҷоратӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ роҳандозӣ  шаванд. Бо шарофати талошҳои пешвоёни ду давлат -Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон  Назарбоев равобити дуҷонибаи байни ду ҷумҳурӣ имрӯз мақоми дӯстии мустаҳкам ва дастгирии тарафайнро касб кардаанд. Вохӯриҳои мунтазами сарони давлатҳо, ҳайатҳои сатҳи баландпоя баҳри рушди муносибатҳо ва мустаҳкам намудани заминаи ҳуқуқии ҳамкорӣ мусоидат мекунанд. 
Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон зиёда аз 76 ҳуҷҷатро ташкил медиҳад. Ҳуҷҷатҳое, ки  аз тарафи роҳбарони ду давлат қабул шудаанд, ба соҳаҳои муҳимтарини муносибатҳои тарафайн мансуб буда, таъмин намудани заминаи боэътимоди шартномавӣ-ҳуқуқӣ барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, бонкӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ - техникӣ ва андозу  гумрук аз ҷумлаи онҳо мебошанд. 
Дар назар аст, ки имрӯз дар доираи сафари мазкур як силсила созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар соҳаҳои иқтисоду сиёсат ба имзо расанд, ки онҳо ба муносибатҳои дуҷонибаи давлатҳо  такони нав хоҳанд бахшид.

khovar.tj